Шамъи маҷозӣ ва дуои Ҳумайро Бахтиёр ба муносибати Рӯзи матбуот

Имрӯз мо – рӯзноманигорон ид дорем! 

Саҳфаи Фейсбук пур аз табрикоту умедворӣ, сарозер аз он, кӣ мо — рӯзноманигорон охирин умеди ҷомеа гаштаем, ниҳоде, ки ҳозир аст ҳуқуқи мардуми бечораву ба дод омадаро, андаке ҳам бошад, ҳимоя мекунад. Кулли навиштаҷот аз хушӣ иборат аст, аз он, ки дар шароити сангину ногуфтанӣ фаъолият дорем.

Имрӯз онҳоеро табрик мегӯям, ки ба ҳамин фишор тоб оварда ҳамоно ҳарфи ҳақ мегӯянд!

Онхоеро шодбод мегӯям, ки дар ҳамин вазъи сангин фаъолият дошта, ба касби худ содиқанд!

Онхоеро, шодбош мегӯям, ки барои дигарон намуна ҳастанд!

Дар хар сурат, аз чи бошад, ки дар ин рӯзи касбӣ ҳеч руҳияи идона нест? Чаро, бахшидани 10 соли зиндагӣ ба ин касб сазовори хушӣ нест?

Талош мекунам то ҳамкасбони дигарро маҷозан табрик бигӯям ва шамъе барафрӯзам.

Ман шамъро барои онҳое меафрӯзам, ки қурбони ин шиорҳои бардурӯғи хабарнигори дар Тоҷикистон шуданд!

Барои он ҳамкасбон, ки имрӯзро кунҷи зиндон мегузаронанд!

Барои онҳое, ки маҷбур шуданд, то кишварро тарк кунанд!

Барои онҳое, ки бо сабабҳои барои ҳама маълум аз ҷойи корашон маҳрум шуданд!

Барои онҳое, ки дилашон барои фаъолият гум мезанад ва метапад!

Барои онҳое, ки ба ин наздикиҳо баъйид аст, бо ҷойи кор таъмин шаванд!

Барои онҳое, ки аз адолатхоҳӣ гуфтанд, аммо қурбони ҳамин беадолатӣ шуданд!

Барои онҳое, ки касбро муқаддас дониста, аз ҳуқуқи мардум садо баланд мекарданд, аммо имрӯз аз ҳаққу ҳуқуқи фардиву шаҳрвандиияшон маҳрум шуданд.

Барои онҳое, ки аз ноҳамвории сиёсат дар кишвар гуфтанд, худашон гирифтори сиёсати пурпечутоби редаксия гаштанд!

Ин шамъ барои онҳое ҳаст, ки хостаҳои касбии худро болотар аз пешниходҳои пуч ва духураи редаксия монданд!

Ин шамъ барои онҳое, ки талош доштанд фишор дар ҷомеа авҷ нагирад, аммо, худашон мавриди фишори дуҷониба қарор гирифтанд!

Шамъ барои онхое ҳаст, ки имрӯз майдони фаъолият барояшон танг шудааст!

Барои онҳое, ки ин 3-4 моҳи охир фаъолият мекунанд, аммо ҳаққи муздашон пардохт намешавад!

Ин шамъ барои онҳое, ки имрӯз фаромӯш шуданд…

Имрӯз, рӯзи иди касбӣ ва ҷумъаи муборак барои он дасти дуъо мебардорем, ки вазъи озодии баёни 4 соли қабл ва беҳтар аз онро баргардонем!

Дуъо мекунем, то ҳар як хабарнигор ба касби худ содиқ бимонад!

Дуъо мекунем, то дар касбамон манфиатҷӯиву манфиатхоҳӣ аз байн биравад!

Ҳумайрои БАХТИЁР, хабарнигори тоҷик

http://www.tojnews.tj/tj/news/shami-machozi-va-duoi-khumayro-bahtiyor-ba-munosibati-ruzi-matbuot

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *