[b]Як масъули «Шабакаи аввал»-и телевизиюни давлатии Тоҷикистон гуфт, ки аз тасмими шаҳрдории Душанбе барои ба додгоҳ кашидани ин шабака нигарон нест.[/b]
Ин масъули «Шабакаи аввал», ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, телевизиюн наворҳоеро дар ихтиёр дорад, ки дурустии гузориши интиқодӣ дар бораи сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави шаҳри Душанберо собит месозанд.
Вай афзуд: «Мо тоза аз ин тасмими шаҳрдорӣ огоҳ шудем. Наворҳое дорем, ки дурустии ҳарфҳои моро собит месозанд. Навори видиюӣ тахайюлӣ нест, ки онро додгоҳ тавонад рад созад.»
Шавкат Саидов, схунгӯйи шаҳрдории Душанбе, рӯзи чаҳоршанбеи 4 июл хабар дод, ки ахиран шаҳрдорӣ аз пахши як гузориши телевизиюнии «Шабакаи аввал» ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Дар ин матлаб хабарнигори «Шабакаи аввал» аз сохтмони ғайриқонунии маскан дар қитаъоти ноамн дар қаламрави шаҳри Душанбе гузориш карда ва аз шаҳрдорӣ барои адами ҷилавгирӣ аз чунин сохтмонҳо интиқод кардааст.
Оқои Саидов мегӯяд, ки хабарнигори «Шабакаи аввал» зимни таҳияи ин гузориш ба шаҳрдорӣ муроҷиъа накарда ва мавқеъи ин ниҳодро мунъакис накардааст, ки хилофи меъёрҳои хабарнигории муъосир дониста мешавад.
Ба эътиқоди масъулони шаҳрдории Душанбе, баррасии ин мавзӯъ «якҷониба ва ғайримунсифона» будааст. Гузашта аз ин, шаҳрдории Душанбе расман аз «Шабакаи аввал» хостааст, ки дар ин замина раддияе пахш кунад, вале то ҳол ин амр сурат нагирифтааст.
Як масъули «Шабакаи аввал» дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо наметавонанд чунин раддияро пахш кунанд. Зеро, наворҳое, ки дар даст доранд, вуҷуди мавориди сохтмони ғайриқонунии маскан дар Душанберо таъйид мекунанд.
Ин манбаъ афзуд: «Мо дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе ин гузоришро таҳия кардем. Барои сохтмони чунин як маскан ду-се сол зарурист. Магар масъулони шаҳрдорӣ тӯли ин муддат аз вуҷуди чунин сохтмон огоҳ нашуданд?»
Гузашта аз ин, ин масъули «Шабакаи аввал» изҳор дошт, ки маъмулан ба ниҳодҳои давлатӣ барои шарҳи мавзӯъе муроҷиъа мекунанд, вале мақомоти зирабт бо далоили мухталиф аз изҳори назар худдорӣ мекунанд.
Зимнан, душвории суҳбат бо мақомоти тоҷик барои хабарнигорон дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдае маҳсуб мешавад. Вале, ҳамвора ин тасаввур вуҷуд дошта, ки мақомот барои мусоҳиба бо «Шабакаи аввал», ҳамеша омодаанд.
«Шабакаи аввал», ки ба Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон вобаста аст, як расонаи давлатӣ буда ва ҳазинаи фаъъолияти он умдатан аз будҷеи давлат фароҳам мешавад.
Шикояти додгоҳии шаҳрдории Душанбе алайҳи ин шабакаи телевизиюнӣ бесобиқа аст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон аст, дар силсиламаротиби мақомҳои давлатӣ пас аз раиси ҷумҳур дувумин шахс маҳсуб мешавад.
Аз сӯйи дигар, дар гузашта мақомоти шаҳрдории Душанбе аз «бетавваҷуҳии шабакаҳои давлатии телевизиюнӣ ба масоили пойтахти Тоҷикистон» изҳори назар мекарданд.
Ҳарчанд оқои Убайдуллоев аз шахсиятҳои калидӣ дар ҳайъати давлатии Тоҷикистон аст, вале чеҳраи ӯ дар шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ гоҳ-гоҳ ва умдатан дар канори раиси ҷумҳур зоҳир мешавад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120704_if_conflict_tv1.shtml