Шаҳрдории Душанбе ба ТВТ: Ба пахши барномаҳои ғайримунсифонаву ғаразнок хотима диҳед!

Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо пахши як иттилоия ба таваҷҷӯҳи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, аз ин ниҳод хостаанд, ки аз пахши барномаҳои ғайримунсифона дар бораи ҳолати роҳҳои Душанбе даст кашад.

Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе дар шарҳи ин хабар навиштааст, ки Раёсати истифодабарии роҳҳои пойтахт гуфтааст, ситодҳои доимоамалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ аз боду ҳавои охир ва резиши барф қаблан огоҳӣ дошта, дар ҳолати омодабош буданд. Боридани барф соати 6:00-и субҳ оғоз гардида, дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар шуданд, ки то соати 12:00 аз ҷониби раёсат 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд.

Масъулини раёсати мазкур, гузоришгарони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистонро иҷрокунандаи ҳадафҳои нопок гуфта, таъкид доштааст, ки онҳо фаъолияти анҷомдодаашонро дар самти таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, нодида гирифта, барои таҳрифи воқеият мусоҳибаҳои пурғараз омода карданд, ки ин масъаларо ба имону виҷдони онҳо ва фаромоишгаронашон ҳавола месозем.

РИР дар хитоб ба гузоришгарони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон таъкид кардааст, онҳо дар ҳоле аз тоза нашудани барф дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт нигаронӣ кардаанд, ки тибқи меъёрҳои роҳсозӣ роҳҳо танҳо баъд аз 10 см шудани баландии барф тоза мешаванд: Новобаста аз ин ва таъкидҳои пурғараз маълуматон медорем, ки оид ба нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо барои бартарафсозии оқибати бориши барфи пуршиддат дар ноҳияҳои Сино 48 адад, Шоҳмансур 34 адад, Фирдавсӣ 30 адад ва И.Сомонӣ 24 адад техникаю механизмҳо ва 2447 кормандони РИР сафарбар гардида, тибқи меъёрҳо ҳолати зарурии роҳҳои зертавозунро таъмин намуданд.

Масъулони раёсат дар охир аз таҳиягарони ин гузоришҳо талаб кардаанд, ки «агар дар эҳтироми худ ва касбияти журналистӣ заррае қоил нестед, бо нодида гирифтани заҳмати сангини кормандони РИР шарафу эътибори онҳоро паст назанед».

http://faraj.tj/news/8262-sha1203rdorii-dushanbe-ba-tvt-ba-pahshi-barnoma1203oi-1171ayrimunsifonavu-1171araznok-hotima-di1203ed.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *