Шаҳло Акобирова, раиси тозаинтихоби Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, гуфт, ки тарафдори ҳарчи бештари озодии расонаҳо дар кишвар аст. Ӯ гуфт, “ин далел собит шудааст, ки як зина поин рафтани мизони озодии баён ба 5 дарсад боло рафтани фасод баробар аст”. Акобирова рӯзи 2-юми декабр раҳбари нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин мақом Хуршеди Атовуллоро иваз кард. Хуршеди Атовулло тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмонро бар дӯш дошт.Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад. Дар гузашта ба ин созмон Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода ва Нуриддин Қаршибоевниз раҳбарӣ кардаанд.
Шаҳло Акобирова дар суханронии баъди интихоб шуданаш дар шаҳри Душанбе гуфт, аз он нигарон аст, ки журналистикаи тоҷик аз чанд ҷиҳат аз равандҳо ё трендҳои кори хабарнигорӣ дар ҷаҳон канор мондааст. Ӯ гуфт, «ҳамин майдони хубе, ки журналистикаи тоҷик дорад, на барои касеро сиёҳу бадном кардан ва паст задани озодии баён истифода шавад. Бояд як майдони созанда бошад.»
Журналисти мустақил Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ҳарчанд Шӯрои ВАО дар ҳафт соли фаъолияти худ корҳои хубе анҷом дод, ҳанӯз аз ҷиҳати молӣ мушкил дорад ва дасташ барои корҳои зиёд кӯтаҳӣ мекунад. Ӯ гуфт, зӯри молии ин созмон барои назорати тақрибан 50 расонае, ки меъёрҳои ахлоқиро қабул кардаанд, намерасад.
Дар соли 2016 бо сабабҳои мухталиф чаҳор нашрия, аз ҷумла ду расонаи мустақил баста шуд ва бархе журналистон гуфтанд, дигар дар фазои маҳдудшавии озодиҳои сиёсиву касбӣ ва ҳам дахолати сохторҳои давлатӣ кори худро озодона пеш бурда наметавонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 312 матбаа, 376 рӯзнома, 319 маҷалла, тақрибан даҳ оҷонсии хабарӣ ва 71 нашриёт фаъолият мекунанд. Аксари нашрияҳо, матбаа ва расонаҳо ба гуфтаи мақомот хусусӣ ҳастанд. Аммо 10 телевизион, 110 нашрия, 7 радио ва як оҷонси хабарӣ (АМИТ Ховар) бо пули буҷет фаъолият мекунанд.