Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурчон Зухуров бо намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Миклош Харасти ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ ба масоили марбут ба вазъ дар васоити ахбори умум ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои журанлистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
«Шукурчон Зухуров иброз намуд, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳо тадбирҳои муҳимро андешида ва дар ин росто санадҳои муҳимеро низ таҳия ва омода кардааст, ки барои фаъолияти ояндаи ВАО ва шаффофияти озодии баён дар кишвар мусоидат мекунад», — қайд кард Султонов.
Ба иттилои манбаъ, раиси палатаи поёнии парлумон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар самтҳои гуногун, аз ҷумла масоили ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои аққалиятҳои миллӣ, мубориза бо терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими марз бо Афғонистон ва ғайра қаноатмандӣ изҳор намуд.
http://news.tj/tj/news/shzu-urov-va-namoyandai-sa-masoili-ozodii-baen-dar-ikistonro-barras-kardand