Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба мушкилоти маҳалгароӣ дар чанде аз нашрияҳо таваҷчуҳ зоҳир шуд.
Журналист Шонаврӯз Афзалшоев дар ин робита бо таассуф изҳор намуд, ки дар баъзе нашрияҳо бо назардошти ҷойи таваллуд ба кор мегиранд.
Рӯзноманигори мустақил Раҷаби Мирзо гуфтаҳои ӯро дастгирӣ намуда, дар навбати худ қайд кард, ки ахиран баъзе нашрияҳои хусусӣ ҳарчи бештар аз касбият дур мешаванд ва дар сатҳи шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият доранд. «Онҳо барои аз даст надодани гурӯҳи муайяни аудиория ба ин амал даст мезананд. Барои онҳо баррасии мушкилоти маҳал бештар муҳимтар шудааст», — иброз дошт ӯ.
Бо розигӣ аз гуфтаҳои боло профессор Иброҳим Усмонов зикр кард, ки ин тамоили хеле баду ногувор аст. «Дар ҳама гуна ҳолат, ҳатто агар шаҳрванд кадом як меъёр ё қонунеро риоя накунад, ҷойи таваллуди ӯро хотиррасон мекунанд», — изҳор дошт ӯ.
Иброҳим Усмонов ҳамчунин гуфт, агар мо дар бораи ваҳдати миллат ҳарф мезанем, пас набояд ба маҳалгароӣ дар нашрияҳо роҳ диҳем.
http://news.tj/tj/news/sh-roi-vao-i-ikiston-ma-alchigiro-ma-kum-mekunad