МУАРРИФИВАРАҚА
Аҳдномаи Шӯрои ВАО ва «Омӯзгор»
Рӯзи 1 феврали соли 2013 «Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар самти худтанзимкунии ВАО» миёни Шӯрои ВАО-и ҶТ ва редаксияи ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар идораи нашрия ба имзо расид.
Ба санади мазкур раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Ноилшо Нуралиев имзо гузошта, қайд намуданд, ки Ёддошти ҳусни тафоҳум дар тӯли ду сол қувваи амал дошта, минбаъд бо хоҳишу ихтиёри тарафайн метавонад тамдид гардад.
Ёддошти ҳусни тафоҳум санадест, ки қувваи юридикӣ надорад ва ба дӯши ҷонибҳо масъулияти ҳуқуқӣ вонамегузорад. Он аҳдномаи ҳамкорӣ буда, миёни Шӯрои ВАО-и ҶТ ва ҷониби дигар, ки худтанзимкунии ВАО-ро ба ҳайси яке аз усулҳои бунёдии фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори омма ва рушди озодии баён дар ҷомеа эътироф намуда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро, ки ҷомеаи журналистӣ 30 сентябри соли 2009 қабул намудаанд, чун санади фарогирандаи меъёрҳои худтанзимкунии ВАО меписандад, ба имзо мерасад.
Ёддошти ҳусни тафоҳум дар 8 банд меъёр ва шартҳои ҳамкориро баҳри татбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунандаи ҶТ, санадҳои ҳуқуқии дохилиидоравӣ, бар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамёрӣ фаро гирифтааст.
Тибқи Ёддошти ҳусни тафоҳум ташвиқу тарғиби мунтазами «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» миёни кормандони ҷамоаи меҳнатӣ ва таъмини риояи бемайлони «Меъёрҳо…» аз ҷониби аҳли эҷоди муасссиса; инъикоси мавзӯву масъалаҳои вобаста ба усули худтанзимкунии ВАО ва тадбирҳои дар ин росто андешидаи Шӯрои ВАО-и ҶТ дар нашрия; табодули мунтазами иттилооти вобаста ба усули худтанзимкунии ВАО ва дигар иттилооти ба озодии баён дахлдор миёни ҳамдигар; дастгирӣ ва ҳамёрӣ дар татбиқи иқдомоти андешидашавандаи ҳамдигар дар бахшҳои гуногуни фаъолияти касбӣ ва мусоидат ба рушди соҳа; аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ҳисобида мешавад.
Шарифзода Қироншоҳ,
раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.