Шӯрои ВАО «бадахлоқ»-ҳои матбуоти тоҷикро ном бурд

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар 43 нашрияи чопӣ ва 10 расонаи интернетии кишварро тайи соли 2013-ум мавриди омӯзиш қарор додааст. 

Тибқи мониторинги Шӯро, ки аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта гузаронида шудааст, расонаҳо дар Тоҷикистон бо се гуруҳ ҷудо шудаанд: “Гуруҳи аввал ВАО-и солим, ки бо назардошти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ амал мекунанд. Нашрияҳои «Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ба гуруҳи аввали расонаҳо дохил мешаванд.”

Гуруҳи дуюми ВАО-ро гузоришгарон «калаванда», унвон гузоштаанд: “Нашрияҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту» аз ҷумлаи гуруҳи дуюманд, ки ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд.”

Таҳиягарони гузориш таъкид мекунанд, ки гуруҳи сеюми расонаҳо-аз қабили «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо ғутавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд.

Шӯрои ВАО таъкид мекунад, ки шоҳиди бисёр ҳаводисе гардидаанд, ки бинобар риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ журналистон то зинаҳои судӣ даст ба гиребон гашта, ба нокомиҳо рӯбарӯ омадаанд: “Зеро ҷомеа ҳар рӯз беш аз пештара нозуку ҳушманд гардида, барои ҳимояи шаъну шараф ва ормонҳои милливу фарҳангияш дар талош мешавад”. 

Шӯрои ВАО аз нашри бетаҳриру тафтиши иттилоияҳои мақомоти қудратӣ, аз қабили милитсия, амният, суду прокуратура низ интиқод намуда, гуфтааст бо ин кор расонаҳо ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ роҳ медиҳанд: “Дуруст аст, ки сарчашмаи иттилоъ мақомоти қудратӣ ба шумор мераванд, вале дар паҳн намудану таблиғи ин гуна мавод ВАО саҳмгузор мебошад”.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар пайи мониторинги Шӯрои ВАО ва ироаи эродҳо нашрияҳои «Чархи гардун», «Тоҷикистон», «Имрӯз-News» ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ пардохтанд: “Аммо ҳафтаномаҳое чун «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард», барои ислоҳи хеш накӯшиданд. Балки онҳо аз шумора то шумораи навбатиашон чунон илҳом мегиранд, ки қиссаҳои бофтаву дурӯғинашон аз пештара бештар дар гирдоби фисқу фуҷур ғӯтаваранд.” 

Дар мавриди рӯзномаҳои ба истилоҳ «давлатӣ» гузоришгарон таъкид мекунанд, ки дар бисёри ҳолатҳо бо пиёда намудани бозиҳои сиёсӣ эҳтиром ба шахс, одоби касбӣ, шаъну шараф ва эътибори баъзе ашхо сарфи назар мешаванд: “Тавассути алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез, аксу тасвирҳои номуносиб, туҳмату паст мезананд. Баробари ин бо ситоишҳои беҷо ва ночаспон, эътимодро ба худ коста мегардонанд.”

Шӯрои ВАО дар пайи омӯзиши 5-моҳааш мегӯяд, расонаҳои чопии кишвар бештар бандҳои «Рисолати ВАО ва журналист», «Сареҳияти ахбор», «Ҳифзи манбаи ахбор», «Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр», «Эҳтироми ҳаёти шахсӣ», «Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс», «Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон», «Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама», «Асардуздӣ», «Ҳамраъйии касбӣ», «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя накардаанд.

http://www.ozodagon.com/14523-shroi-vao-badahlo-oi-matbuoti-toikro-nom-burd.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *