Шӯрои ВАО аз «Ҷумҳурият» ва «ИмрӯзNews» узр пурсид

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз мониторинги ахир, ки нашрияҳоро барои риоя накардани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ раддабандӣ карда буд, аз ду нашрия узрхоҳӣ кард.Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО гуфт, дар ҷаласаи ахире, ки рӯзи 31-уми январ доир шуд, расман аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва «Ҷумҳурият» узрхоҳӣ кардаанд. Қироншоҳ Шарифзода гуфт, бо онки  раддабандии матбуотро зарӯр мешуморанд, аммо барои расидан ба иззати нафси ин ду рӯзнома дар тарзи ифода ва ҷобаҷокунии нашрияҳо аз онҳо узр пурсидаанд.

Шарифзода гуфт, ки азбаски ин раддабандӣ на мавъеқи расмии Шӯро, балки мулоҳизаи як гурӯҳи кормандони ин шӯро буд, дар ҷаласа ба қароре омаданд, ки мутасадӣ ё роҳбари ин мониторинг, ки ӯ ҳаст, шахсан узрхоҳӣ кунад: «Ва ман аз номи гурӯҳи корӣ узр пурсидам.»

Аммо сарфи назар аз узрхоҳии раиси Шӯрои ВАО, сардабири нашрияи ИмрӯзNews» Рустами Ҷонӣ гуфтааст, ки дар масъалаи боқӣ мондан ва ё хориҷ ҳамроҳ бо тими «Имрӯз News» тасмим хоҳанд гирифт.

Шӯрои ВАО аз моҳи июл то охири соли 2013 43 нашрияи чопӣ ва 10 сомонаи интернетии миллӣ ва байнулмилалиро, ки барои Тоҷикистон менависанд, мавриди пайгирӣ қарор дод. Дар хулосаи ин пайгирӣ, ки рӯзи ҷумъа, 24 январ, нашр шуд, расонаҳо аз рӯи иҷрои бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба се гурӯҳ — солим («Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ва ғ.),калаванда ( «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту») ва носолим («Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард») тақсим шуданд.

Ва ин гурӯҳбандӣ норизоиятии бархе расонаҳоро ба миён овард. Нашрияҳои «Имрӯз – нюс» ва «Миллат» аз як пайгирӣ ё мониторинги Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ эътироз карданд. Ахиран Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон натиҷаҳои ин мониторингро тафриқангезӣ дар ҷомиаи рӯзноманигорӣ унвон кард.

Акбари Саттор, директори ширкати «Чархи гардун», ки муассиси Шӯрои ВАО низ ҳаст, ба «Озодӣ» гуфта буд, алайҳи ин мониторинг эътироз мекунад, зеро Шӯрои ВАО ҳуқуқи баргузории мониторингро дорад, аммо ҳаққи тақсим кардани расонаҳои Тоҷикистонро надорад.

http://www.ozodi.org/content/media-council-apologized-for-created-rate-that-sparks-scandal/25248715.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *