Шӯрои ВАО: Қарори суд асоси воқеӣ надорад

Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода, ки дар мурофиаҳои судӣ аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ҳузур дошт, чӣ тавр бо ин гуна далелҳои шубҳаовар содир шудани қарор ба нафъи даъвогаронро фаҳмида наметавонад.

«Ман намефаҳмам, ки чаро суд далелҳои сершумори намояндагони газетаро ба инобат нагирифта, чунин қарор содир кард, — гуфт Шарифзода. – Қарор асос воқеӣ надорад. Ҳанӯз аз оғози нашри матлаб мо изҳор дошта будем, ки ин «андешаи шахсӣ» аст. Дар мавод ному насаби мушаххаси афроде, ки ба суд бо даъвои паст задани шаъну эътиборашон муроҷиат кардаанд, зикр нашудааст. Он ҷо танҳо номи як нафар ишора шудааст ва агар эҳтимол мерафт, ки даъво аз номи ӯ пешниҳод шудааст, инро фаҳмидан мумкин буд».

Ғайр аз ин, Шарифзода бар ин назар аст, ки паст задани шаъну эътибор метавонад танҳо ба унвони як шахси хусусӣ равона гардад, вале на ба унвони шахси ҳуқуқӣ, кадом ташкилот ё гурӯҳе.

«Паҳлӯи забоншиносии масъала. Дар ибораи баҳсӣ нозукиҳои забон ва тобишҳои маънӣ ҷой доранд. Дар ҷумлаи баҳсӣ гуфта мешавад, ки «ман ҳам ҳаминро гуфтаниам», вале ӯ ин тавр нагуфтааст. Лаҳзаҳои забоншиносӣ бояд дар хулосаи ташхис зикр мешуданд, вале коршиносон бо шарҳу тавзеҳи умумӣ қаноат кардаанд, ки ин ҳам ба қарори суд бетаъсир намонд», — афзуд Шарифзода.

Қаблан адвокати газетаи «Азия-Плюс» Иноят Иноятов дар мавриди қарори суд нисбати газета ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳор намуд, ки ҷониби ҳимоя қарори судро ғайриқонуниву беасос шуморида, бар ин назар аст, ки он ба ҳолатҳои воқеъии қазия мувофиқ нест ва судя Ҷобирова парвандаро якҷонибаву рӯякӣ баррасӣ намуда, усули мурофиавии воқеъбинӣ ва беғаразиро риоя накардааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» қарор содир намуда, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

http://news.tj/tj/news/sh-roi-vao-arori-sud-asosi-vo-e-nadorad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *