Иттифоқҳои касабаи кормандони ВАО вилояти Хатлон таъсис дода шуд

16 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, Кумитаи иттифокхои касабаи кормандони ВАО ба хайати Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон  шомил гардид

Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо қарори худ кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони ВАО-и вилояти Хатлонро бо ҳамовозӣ ва пешниҳоду дастгирии сардорони кумитаҳои иттифоқҳои соҳавӣ пазируфт, ки аз ин баъд онҳо метавонад расман фаъолияти кумитаро дар пеш баранд.

Иброҳим Азизов,раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар дар шӯро кормандони Воситаҳои Ахбори Оммаи вилояти Хатлонро барои таъсиси кумита шодбош гуфт ва иброз дошт, ки Шуро барои тавсеаифвъолияти созмони нав мусоидат хохад кард.

Кумитаи иттифоқҳои касабаи ВАО дар вилояти Хатлон бо ибтикори  Анҷумани милии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки ҷаласаи аввалинашро дар ноҳияи Қубодиён баргузор карда буд. Пасон дигар кормандони сохаи ВАО ва ташкилотхои ибтидоии иттифоқи касабаи нашрияхо  дар асоси аризахои инфироди ба ҳайати онҳо пазируфта шудаанд.

Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони воситаҳои ахбори омма таъсис ёфт. Дар гузашта аксарияти хабарнигорон дар кумитахои  иттифоқи касабаи фарҳанг, маъориф ва корхонаҳои дигар шомил мешудаанд.

Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон бо кӯмаки молии АМВАОМТ дар чахорчубаи фаъолияти ин созмон таъсис дода шудааст. Кумитаи навтаъсис бахри созмон додани  ташкилотхои ибтидои ва  зиёд намудани аъзоёнаш дар шаҳру ноҳияҳо ва даъвати конфронси вилояти икдом мекунад.

Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *