Семинар оид ба инъикоси масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар ВАО бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон

АМВАОМТ бо шарики худ — Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон баргузор намудани семинар дар мавзуи инъикоси масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар ВАО ба нақша гирифтааст. Семинар барои намояндагони ВАО пешбинӣ гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд бо ирсоли Дархост ҷиҳати иштирок дар кори семинар  худро номнавис кунанд.

Дархост барои иштирок дар семинар оида ба инъикоси масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар ВАО.

 

Дархост бояд дар шакли электронӣ пур карда шавад ва  то 8 ноябри соли 2017 соати 17.30 вақти Душанбе  ба почтаи электронии amvaomt@gmail.com   фиристода шавад.

Ном:  
Насаб:  
Соли таваллуд:  
Ҷинсият:  
Почтаи электронӣ:  
Телефон:  
Ҷойи кор:  
Вазифа:  

 

Шумо пештар дар кадом семинарҳо ширкат намуда будед?
  

Оё шумо таҷрибаи инъикоси масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар ВАО-ро доред? Агар ҳа, бо кадом ВАО  ҳамкорӣ кардед (Марҳамат ба маводи дар ин масъалаҳо навиштаатон истинод оред. Линки маводи нашркардаатонро ин ҷо ишора намоед, агар чунин мавод бошад) ва оё ҳангоми омода намудани маводи худ бо мушкилоти инъикоси ин масъалаҳо дучор омада будед ё не?   

 
Мактуби асоснок барои иштирок дар ин семинар (на беш аз 300 калима). (Барои чӣ ба мавзӯи мазкур мароқ доред? Оё ба назари шумо мавзӯи мазкур барои Тоҷикистон муҳим аст? Дар оянда чӣ гуна мехоҳед дониш ва таҷрибаи аз иштирок дар ин семинар андӯхтаатонро амалӣ намоед? Оё ният доред, ки оянда доир ба мавзӯъҳои мазкур мавод таҳия ва нашр намоед? Бо таҳия ва пахши маводи омодакардаи худ кадом натиҷаҳоро мунтазир ҳастед?) 
 

 

Дархост_pdf

Дархост_doc

АМВАОМТ

Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 137, ошёнаи 5

тел.: (37) 221-37-11 www.nansmit.tj, email: amvaomt@gmail.com

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *