[b]Поягузори сомонаи моҷаробарангези WikiLeaks Ҷулиан Ассанж сазовори ҷоизаи сулҳи хазинаи Сидней шуд. Дар ин бора аз аввалинҳо шуда рӯзномаи «Sydney Morning Herald», чопи Австрия иттилоъ дод.[/b]
Бино ба навиштаи ин нашрия, мукофотро ба Ассанж дар шаҳри Лондон, ки дар айни замон рӯзу соати истирдоди худ ба Шветсияро интизорӣ мекашад, дар як вазъияти ботантана супурданд. Ҳамзамон бо мукофот ба ӯ медали тиллои «Мардонагии фавқулодда дар ҳифзи ҳуқуқи башар» низ тақдим гардид.
«Арзиши ин мукофот ва хазинаи сулҳи Сидней дар он аст, ки онҳо сулҳ ва адолатро ба ҳам меоранд. Дар назди он вазифаи мушкиле меистад, ки одамон ва созмонҳоеро ҷудо кунанд, ки мустақиман барои кадом коре мубориза мебаранд»,- гуфт дар суханронии худ Ҷулиан Ассанж.
Зарфи ин 14 соле, ки мукофоти мазкур арзи вуҷуд кардааст, танҳо чор маротиба афродро берун аз марзи Австралия сарфароз гардонидааст. Аз ҷумла Нелсон Мандело, Далай-лама ва пешвои будпарастони нави Японият Дайсаку Икэда дар солҳои гуногун сазовари ин ҷоиза гаштаанд.
Ҳамзамон бо ин Хазинаи сулҳи Сидней ҳукумати Автралияро ба ҳамкорӣ бо Кохи Сафед муттаҳам кардааст ва гуфтааст, ки вақт аст ин ҳукумат аз шаҳрванди худ, ки қонуншиканӣ накардааст, дифоъ намояд»,- гуфт директори ин хазина, профессор Стюарт Риз.
Ҳангоме мукофотро дарёфт мекард, Ассанж изҳор дошт, ки дахолати давлатҳо ба ВАО ва сомонаҳои интернетӣ раво нест. Вай ҳамчунин гуфт, ки Wikileaks аз ин ба баъд низ ба фошкориҳои худ идома медиҳад. Аммо қабл аз ҳар чизи дигар ин сомона ҳоло кӯшиш дорад аз нигоҳи техникӣ худро қавӣ созад, то ин ки бо ҳар гуна ҳамлаҳои кибернетикӣ муқовимат карда тавонад.
Маъруфияти WikiLeaks замоне афзоиш ёфт, ки маводҳои махфии амкриоиро чоп кард ва асрори зиёди низомӣ ва сирри дипломатии ин кишварро фош намуд. Ахиран овозаҳое ҳам барои пешниҳоди Ҷулиан Ассанж ба мукофоти Нобел шунида мешуд. Вақте узви парлумони Норвегия Снорре Вален номзадии WikiLeaksро ба ин ҷоиза пешниҳод менамуд, мегуфт, ки ин сомона дар мубориза ба хотири озодии баён ва дастрасии ахбор хизмати шоиста кардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки WikiLeaks дар ҳеҷ замоне мисли соли гузашта маъруфият пайдо накарда буд. Силсилаи розҳои дипломатҳои амрикоӣ, ки аз барқияҳои онҳо барчида шуда буд, асрори зиёди нуҳуфтаеро ошкор кард. Аз ҷумла ин сомона як силсила барқияҳоро дар мавриди Тоҷикистон низ чоп карда буд, ки вокунишҳоеро ҳам ба дунбол дошт. Муҳимтарини ин фошкориҳо дар мавриди Тоҷикистон қасди Ғаффор Мирзоев барои роҳандозии табаддулоти давлатӣ бо кӯмаки Русия мебошад, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо сафири вақти Амрико иброз дошта буд. Ва дигар мулоқотҳои маҳрамонаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мақомоти амрикоӣ ва майгусориҳову маст зери миз шуданҳои вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев низ аз ҷумлаи ҳамин фошкориҳо буданд.
Фирӯзи МУҲАММАД, TojNews
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14478&Itemid=30