Сардабирони рӯзномаҳо сӯйиқасд ба ҷони Сайфуллозодаро маҳкум мекунанд

[b]Таҳлилгари масоили сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, ки аз тарафи ашхоси ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта, дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби №2-и маркази миллии тиббии Қарияи Боло бистарист, ин амали бераҳмонаро сӯиқасд ба ҷонаш хонда, онро ба таҳлили амиқу ошкоргӯиҳояш дар масъалаҳои доғи ҷомеа вобаста медонад. Айни замон аз рӯйи ин қазия тафтишот ҷараён дорад ва мақомот далели аслии сар задани моҷаро ва гунаҳкоронро ҷӯёянд.[/b]

Ҳанӯзам ин савол нокушода аст, ки Ҳикматулло Сайфуллозода ба кӣ чӣ «бадӣ» кард, ки мавриди «ҳамла» қарор гирифт? Худи ӯ мегӯяд, ки бо касе ҳарфҳои пасту баланд назадааст ва оне, ки шахсе бо ӯ пешорӯ омада салом мегӯяду ду нафари дигар ногумон ӯро аз пушти сар зада беёд мекунанд, амали тарҳрезишуда аст.

Дар ин росто, сардабирони нашрияҳои кишвар ин амалро ба ҷуз сӯйиқасд чизе намедонанд ва чунин рухдодро дар ҷомеаи мутамаддин маҳкум мекунанд.

Ба андешаи Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун», сӯиқасд ва латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода сирф ба фаъолияти коршиносии ӯ марбут аст ва албатта он хоси ҷомеае нест, ки худро мутамаддин мешуморад. «Бешак ин амали матраҳшуда маҳз ба таҳлилҳои густурдааш нисбати рӯйдодҳои ахири ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон рабт доранд. Яъне метавон гуфт, ки «забони сурхаш ба сари сабзаш ҳамин балоро овард» ва Худо кунад, ки онро ба хайр гардонад. Агар чунин аст, пас шояд ба хотири эҳтиёт ва ҳифзи амнияти худу пайвандон журналистон ва коршиносони тоҷикро салоҳ набошад дар ҷомеае, ки чорчӯбаи қолабҳояш тавони бардошти фошгӯӣ ва ё воқеъбаёниро надорад, даҳон кушоянд. Чунки вақтҳои охир таҳдид ва ё ба истилоҳ, ниқорталабӣ дар муқобили журналистон афзоиш ёфта истодааст. Ва ин таҳдид чашми онҳоро тарсонидааст, ки ҳангоми вохӯрӣ аз ҳамдигар мепурсанд: «Оянда навбати кист?». Модоме чунин аст, пас, вақти он нарасидааст, ки ба таври қонунӣ ба журналистон яроқи муҳофизатӣ диҳанд?»,- иброз медорад ӯ.

Зафари Сӯфӣ — муассиси ҳафтаномаи «Озодагон» дар ин маврид мегӯяд: «Дар ҳар сурат бо таваҷҷӯҳ ба он вазъу воқеияте, ки ҳаст, яъне ҷаноби Сайфуллозода имрӯз дар бемористон дар як вазъи ноҷуре қарор доранд, табиист, ки касе ӯро латукӯб карда. Ин сӯиқасд буда ё набуда, бояд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон инро мушаххас кунанд ва онҳое, ки Сайфулозодаро задаанд, маълум шаванд. Он вақт метавон дар мавриди сӯйиқасд будан ё набуданаш возеҳтар сӯҳбат кард. Вале атрофиҳояшон ва манобеъе, ки маълумот додаанд, гуфтаанд, ки чанд рӯз аст дар атрофи устод Сайфуллозода баъзе нафарон рафтуомад доштанд ва эҳтимол дорад, ки ин латукӯб аз пеш барномарезӣ шуда бошад. Агар барномарезӣ шуда бошад, дар назар бигирем, воқеан ҳам сӯйиқасд аст. Агар сӯйиқасд мушаххас шавад, табиист, ки метавонад он ба фаъолияти ҳизбӣ ё сармуҳарририи Сайфуллозода, ки чун коршиноси масоили сиёсӣ дар хеле маврид боҷуръат сухан мегӯяд, рабт дошта бошад. Ҳама гуна фишор рӯи ҳама гуна озодии як инсон маҳкумшаванда аст. Аз ин назар, агар ин чиз сӯйиқасд ба фаъолияти устод Сайфуллозода ба унвони як рӯзноманигор не, ба унвони як соҳибандеша бошад, воқеан қобили маҳкумият аст ва бояд маҳкум шавад, на танҳо аз тарафи мани кӯчак, балки аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин. Чун дар ҷомеаи мутамаддин набояд инсонро чунин латукӯб кард. Агар чӣ Сайфуллозода, чӣ ҳар каси дигар дар андешааш хатое рух дода, бояд бо роҳи қонунӣ баррасӣ шавад».

Ба андешаи Хуршеди Атовулло — сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», аз ҳама фарзияҳо, фарзияи ба фаъолияти журналистии Сайфуллозода рабт доштани ин латукӯб бештар аст. « Ин амал шояд ба хотири тарс додани журналистон сурат гирифта бошад, аммо гумон дорам, мақомоти тафтишотӣ ба ин суол посух хоҳанд ёфт»,- гуфт ӯ.

Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки ҳамчун сардабир ва раиси ассотсиатсияи журналистии «Медиа-Алянс» бо дигар сардабирон ва раҳбарони созмонҳои журналистӣ назари худро нисбати ин қазия пахш хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Мушкинисо АСОЗОДА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11385&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *