Сардабирони рӯзномаҳои урупоӣ ба Комерун: Нигарони озодии баён дар Бритониё ҳастем

Сардабирони рӯзномаҳои Пулитикени Данморк (Дания), Догенс Нетари Суэд, Офтенпустени Нурвеж ва Ҳелсингин Саномати Финлонд дар номаи худ боздошти шарики зиндагии яке аз хабарнигорони Гордиянро намунае аз озор ва азияти рӯзноманигорон тавсиф кардаанд.

Сардабирони чаҳор рӯзномаи урупоӣ бо интишори номае саргушода‌ хитоб ба Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, дар ҳафтаномаи бритониёии Обзервер аз нақзи озодии баён дар Бритониё ибрози нигаронӣ кардаанд.

Онҳо гуфтаанд: «Иттифоқоте, ки зарфи чанд ҳафтаи ахир дар Бритониё афтода, нигарониҳои ҷиддӣ»-ро дар бораи озодии матбуъот пеш овардааст.

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои амниятии Бритониё Девид Мирондо, шарики зиндагии Глен Гринволдро дар фурудгоҳ Ҳитруви Ландан боздошти карданд. Оқои Гринволд барои аввалин бор иттилоъоти ироашуда аз ҷониби Эдворд Иснувден дар бораи ҷосусии ғайриқонунии Ожонси амнияти миллии Омрикоро дар Гордиян мунташир кард.

Ҳафтаи пеш ҳамчунини пас аз таҳдид ва фишори тӯлонӣ бар рӯзномаи Гордиян, маъмурони амниятӣ дар дафтари Гордиян ҳузур ёфтанд ва дар ҳузури онҳо компютерҳое, ки иттилоъоти Иснувден рӯйи онҳо буд, аз байн бурда шуданд.

Ба навиштаи Обзервер, чопи Бритониё, сардабирони чаҳор рӯзномаи урупоӣ дар номаи худ ба Девид Комерун овардаанд, ки албатта онҳо дарк мекунанд, ки ҳифзи амният ба андозаи озодии баён муҳим аст. Онҳо гуфтаанд: «Агарчи мумкин аст мо дар ин ки таъодули муносиб миёни ин ду мавзуъ чист, бо ҳам ихтилоф дошта бошем, аммо набояд дар азмамон барои ҳифозат аз баҳси озодона дар бораи масоили асосӣ ихтилофе дошта бошем.»

Беш аз ду моҳ пеш Эдворд Иснувден, корманди як ширкати хусусии тарафи қарордоди Ожонси амнияти миллии Омрико фош кард, ки ин созмон ба таври ғайриқонунӣ ба ҷосусӣ ва ҷамъоварии иттилоъоти густарда аз миёни телефунҳо, имейлҳо ва дигар иртибототи шаҳрвандони омрикоӣ даст мезанад.

Баъдан абъоди бештаре аз фаъъолиятҳои ин созмон фош шуд. Ба тозагӣ Индепендент ҳам фош карда, ки Бритониё ташкилоте бузург дар яке аз кишварҳои Ховари Миёна дорад, то ба таври густарда телефунҳо, имейлҳо ва дигар табодулоти иттилоъотӣ дар минтақаи Ховари Миёнаро шунуд кунад.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/08/130825_l16_l45_guardian_european_editors.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *