Саймуддин Дӯстов, муассиси ташкилоти ҷамъиятии «Индем» ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» 20-уми марти соли 2015 дар саҳифаи фейсбуки худ чунин навишт:
«Соли нав беҳтарин фурсат барои ташаббусҳои нав аст. (аломати табассум. Faraj.tj)
Пагоҳ аз саҳар аз мансаби сармуҳарририи ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва раисии ташкилоти ҷамъиятии «ИНДЕМ» истеъфо медиҳам ва зиндагии навро оғоз мекунам, зиндагие, ки дар он журналистика, нуқтаи назари коршиносӣ, умуман ҳар чӣ ки вобаста ба матбуот аст, дар он нест. Дигар он лоиҳаҳои ман дар соҳаи матбуот, ки ба онҳо муҳаббат дорам, аз аҳли ҷомеа хоҳанд шуд ва шумо хоҳед дид, ки чӣ тавр (аломати табассум. Faraj.tj).
Бовар кунед, чунин тасмимҳо ба осонӣ гирифта намешаванд, вале ман метавонам, ки чунин қарорҳоро қабул кунам, зеро мефаҳмам, ки оғоз кардани кору амали нав ва муваффақ шудан дар арсаи нав хеле гуворо мебошад. Ба фикрам, ин барои ман беҳтарин усули дар амал татбиқ кардани зӯру тавони хеш, расидан ба қаноатмандӣ ва оромии ботинӣ ва ё тавре ки мегӯянд, мутобиқатии тану рӯҳ мебошад. Чунин ҳолат бошад, барои ман хеле ҳам муҳим ва зарур аст.
Ба кору иқдоми наве машғул мешавам ва шумо нисбат ба ман фақат вожаи интернетии «музаффар»-ро хоҳед шунид.
Дӯстон, ягон шарҳу эзоҳи иловагӣ доданӣ нестам, ба саволҳо ҷавоб намедиҳам, аммо аз ҳар яки шумо хоҳиш дорам бароям дар соли нав фақат муваффаққият орзу кунед, он чиро, ки ман ҳам ба шумо таманно дорам.
Агар ки ягон нафарро дар соли кӯҳан ранҷонда бошам ва ё худо накарда, хафа карда бошам, хоҳиш мекунам, ҳиммат карда, маро бубахшад (аломати табассум. Faraj.tj).
Наврӯз муборак, азизони дуру наздик!».
Ин тасмими Саймуддин Дӯстов дар ҳоле аст, ки чанд сол муқаддам Зафар Абдуллоев, бунёдгузори чандин лоиҳаҳои муваффақ дар журналистикаи Тоҷикистон ҳам бо изҳороти шабеҳ ба ин, тарки соҳаи рӯзноманигорӣ карда буд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки сармуҳаррири нав ба эҳтимоли зиёд аз дохили худи командаи «Нигоҳ» ё сайти интернетии www. tojnews.org интихоб мегардад. Айни замон, чеҳраҳои шинохтае мисли Фахриддини Холбек, Бобоҷони Шафеъ, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Фаридуни Раҳнавард дар ин расонаҳо фаъолият доранд.
http://faraj.tj/news/8633-sardabiri-navi-nigo1203-k1251-ho1203ad-bud.html