Чаро фишангҳои иқтисодии рушди матбуот шах шудаанд?
Тайи чанд соли охир матуботи даврӣ ба мушкилоти молии зинадор дучор гардидаст. Коршиносону иқтисоддонҳо дар паҳлуи омилҳои иқтисодӣ рақобати шадиди бо васоити ахбори электронӣ, рушди технологияи радио ва телевизион ба миён омадаро номбар мекунанд. Албатта, ин далелҳои раднашаванда мебошанд.
Ҳоло дар аксари кишварҳои дунё матбуоти катбӣ танҳо барои осорхонаҳо ва намоишгоҳҳо тайёр мешавад. Аммо суръати дастрасӣ ба интренет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат мекунад, ки ҳоло матбуоти даврии катбӣ ягона манбаи иттилоот барои омма боқӣ мемонад. Иқтибоси “Санъат қурбонӣ мехоҳад” ба матбуот низ дахл дорад. Мақоли ҳиндустонии “То тилло зарби путку сандон нахурад, зевар намешавад” ин андешаро тақвият мебахшад. Бозори иттилоот хеле шадид ва айни ҳол хеле серфоида мебошад. Барои забти ин бозор меҳнати тӯлонӣ, қурбониҳои зиёд ва шиканҷаи шадид лозим аст.
Дар мади аввал мо чанд омил — фишанги устувории молиявии матбуотро зикр мекунем. Зеро дар шароити авҷи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ бозори иттилоот зарари бештар мебинад. Ба хусус дар минтақаҳое, ки ашёи хоми индустрияи матбуот вуҷуд надорад. Мутаассифона, Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол 100 фоизи ашёи хоми хизматрасонӣ ва истеҳсолоти матбуотро аз хориҷи кишвар ворид мекунад.
Яке аз омилҳои муҳими устувории молиявии матбуот обуна мебошад. Аз давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар бозори иттилоот 67 фисадро матбуоти даврии бо усули обуна ташкил медод. Иқтисоди матбуот асосан бар пояи пешпардохти шарикӣ (Обуна) реклама, таблиғоти фармоишӣ, эълон, лоиҳаҳо ва амалиёти хайриявӣ устувор буд. Аз рӯи омор соли 1974 теъдоди 86 фоиз нашрияҳои Иттиҳоди Шӯравиро обуна ташкил медод. Дар марҳалаи инкишофи матубот дар солҳои ибтидои даҳаи аввали асри 20 обуна ба тадриҷ нахустин саҳмияҳои матбуотро ба вуҷуд овард. Масалан, дар Фаронса нархи обуна ба нашряи “Н”-ро 67 франк дар оғози сол ташкил медод. Моҳи июн баробари баланд шудани нархи нашрия обуначӣ обунаашро бо қимати гаронтар ба фурӯш мебаровард. Обунаи даврони Иттиҳоди Шӯравӣ иҷборӣ ва тавассути ниҳоди мутамарказ амалӣ мешуд. Аммо бо вуҷуди ин талабот ба нашрияҳои алоҳидаи он замон, аз ҷумла “Комсомолская Правда”, “Аргументи и факты”, “Огонёк”, “Вокруг света” “Нева”, “Москва”. “Литературная газета”, “Крокодил” зиёд буд.
Дар тавозуни молиявии нашрияи “Комсомолская Правда” то 12 миллион рубл мавҷуд буда, муомилоти пулии он моҳе то ба 2 миллион рубл мерасид. Аз ин 89 фоиз марбут ба обуна буд. Ин омил имрӯз низ дар Русия васеъ истифода бурда мешавад. Шаклҳои нави он аз тариқи технологияи интернетӣ такмил ёфтааст.
Маъраки обуна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба нашрияҳои расмӣ, соҳавӣ, ҳизбӣ ташкил мешавад. Тибқи омори “Почтаи Тоҷикистон” 56 фоизи интишороти даврӣ тавассути обуна паҳн мешавад. Дар баробари паҳнкунандаи асосӣ- “Почтаи Тоҷикистон” усули “Асахӣ” (Таҷриба аз рӯзномаи “Асахи”, Ҷопон) низ истифода мешавад. Яъне бидуни паҳнкунандаи расмӣ ба корхонаҳо, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳо тибқи шартнома нашрияҳоро бо пешпардохти маблағ дастрас мекунанд. Масалан дар корхонаи “Ёқут 200” барои 600 нафар 250 нусхаи рӯзномаи “Имрӯз нюс” ҳар рӯз тавассути коргари рӯзнома дастрас мешавад. Сарфи маблағ аз тариқи паҳнкунандаи расмӣ барои 1 нусха 23 дирам бошад, корманд онро дар 7 дирам иҷро мекунад.
Обунаи абонентӣ низ торафт инкишоф меёбад. Корхонаҳо, идораҳо бо абоненти солона теъдоди муайяне нашрия мехаранд.
Масалан корхонаи “Н” 3200 коргар дорад. Идора ба таври кредитӣ дар оғози сол барои 1200 нусха маблағи обунаро пардохт намуда, ҳар моҳ аз маоши коргарон 01 фоиз маблағро меситонад.
Мутаассифона, обуна ба матбуоти даврӣ сарфи назар аз шакли моликияташон пурсамар истифода бурда намешавад. Масалан, дар вилояти Хатлон 870 ҳазор обуначии имконотӣ мавҷуд аст. Яъне ин теъдоди хонанда аст. Аммо обуна ба нашрияи “Хатлон” (Нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон) танҳо 11 фоизро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Турсунзода теъдоди 1200 нусха рӯзномаи “Диёри Турсунзода” ба 22 ҳазор хонанда рост меояд.
Маъракаи обуна ба матбуоти даврии хусусӣ ва соҳавӣ низ вусъат меёбад. Ҳоло тибқи омори соли 2017- 89-91 фоизи теъдоди нашрияҳои даврии соҳавии “Омӯзгор”, “Қонун ва ҷомеа”,”Алюминийи Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, “Бинокор” аз тариқи обуна паҳн мегардад. Махсусан нашрияи “Омӯзгор” дар ин самт хеле муассир кор мебарад. Мутаассифона бо вуҷуди он ки ҳадафи мо баррасии паҳлӯҳои иқтисодии устувори матбуот аст, мо аз зуҳуроти манфии маъракаи обуна чашм пӯшонда наметавонем. Масалан, соли 2016 дар вилояти Суғд, ВМКБ, вилояти Хатлон ҳолатҳои дастрас нашудани нашрияҳо барои обуначиён мушоҳида шуд. Дар аксари минтақаҳо обуначиён сари вақт нашрияҳоро дастрас намекунад. Ин боиси коҳиши шумораи обуначиён дар давраи баъдӣ мегардад. Дар нашрияҳои хусусии фаъоли даврӣ (“Азия плюс”, ”Фараж”, “Самак”, “Чархи гардун”, “Дайджест пресс “, “Авитсенна”, “Имрӯз нюс”, “Тоҷикистон”, “Оила”, “СССР”, “Озодагон”, ”Дунё” обунаи маъмулӣ, абонентӣ ва инфиродӣ ташкил гардидааст. Алҳол танҳо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин самт пешсаф мебошад.” Қариб 87,5 фоиз теъдоди он аз тариқи обуна паҳн мешавад. Нашрияи “Чархи гардун” муаллифи “обунаи абонентӣ” дар соли 2008 низ ин омилро хуб истифода мебурд, холо ин усул самаранок нест. Дар маҷмуъ, истифода аз усули обуна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле суст мебошад.
Имрӯз барои 3 миллион хонандаи кишвар танҳо 230 ҳазор нусха матбуоти даврӣ чоп мешавад. Иллати ин ақибмонӣ дар монополияи ташкилотҳои паҳнкунанада мебошад. Алҳол маъракаи обунаро асосан 1 воҳид -“Почтаи Тоҷик “ташкил менамояд. Масалан, дар ҷумҳурии Белорус 12 ширкат, дар Русия 22 ширкат ба паҳнкунии матбуот машғуланд.
Омили дуюм ва хеле муҳими рушди иқтисодии васоити ахбори умуми катбӣ- фурӯши яклухт ва инфиродӣ мебошад. Ба ин асосан нашрияҳои хусусӣ машғуланд. Тибқи омори соли 2017 ҳар ҳафта то 67 ҳазор нусха матбуоти даврӣ ба фурӯш бароварада мешуд. Фурӯш аз тариқи ташкилотҳои “Тоҷикматбуот”, КВД Муассисаи савдои китоби шаҳри Душанбе, КМ “Матбаа”, ТҶ “Анис”, дӯконҳои савдои хусусии шаҳрӣ, дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ, савдои инфиродӣ, тоқчаҳои витринаҳои “Супермакет”-ҳо ва марказҳои савдо, салонҳои нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси пажуҳиши ташкилоти “Свилизатсия” соли 2015 ба паҳнкуниӣ ва фуруши матбуоти хусуӣ 124 нафар шахсони инфиродӣ машғул буданд. Онҳо тақрибан ҳар ҳафта 78-79 фоиз нусхаро ба фурӯш мебароварданд. Вале соли 2017 шумораи фурӯшандаҳо ба 57 нафар кам шуд. (Дар ин ҷо бояд зикр намуд, ки шумораи муайяни ин фурӯшандаҳо бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ кор мекарданд)
Як фурӯшандаи рӯзномаву маҷаллаҳо нақл кард, ки соли 2015 ӯ ҳафтае то 600 нусха маҷаллаю рӯзнома мегирифт. Аз ин ҳафтае 500 — 530 нусхаро ба фурӯш мебаровард. Аз ҳар нусха 55 дирам фоида мегирифт. Дар маҷмуъ моҳе 1160 сомонӣ маблағ фоида мегирифт. Соли 2017 фоидаи ӯ ба 800 сомонӣ расид.
Ташкили фурӯш дар нашрияҳо, маҷаллаҳо баробар нест. Дар ин ҷо таърихи ташкили фурӯши матбуоти шахсиро бояд зикр кард. Соли 1994 собиқ директори генералии ҶДММ “Чархи гардун”- шодравон Акбаралӣ Сатторов аввалин нуқтаҳои фурӯши матбуотро ташкил кард. Соли 1999 шумораи нуқтаҳо ба 23 адад расид. Бо иқдоми Акбаралӣ Сатторов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2004-2009 дар вилоятҳо 23 нуқтаҳои фурӯши матбуот ташкил гардид. Соли 2013 тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 7 дӯкони ҳозиразамон дар роҳравҳои зеризаминии шаҳри Душанбе ба ихтиёри нашрияҳои хусусӣ ба иҷора дода шуд. Дар ин нуқтаҳо ҳоло ҳафтае то 6-7 ҳазор нусха рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Ин иқдом ҳамзамон савдои матбуоти давриро ба маҷрои расмӣ-қонунӣ ворид кард. Зеро дар ин нуқтаҳо тамоми молиёт — андоз, иҷора, патент сари вақт супурда ва прадохт мешавад. Муштариён ва меҳмонон аз нуқтаҳои фурӯши “Чархи гардун”, “Азия плюс” хеле розӣ мебошанд.
Имрӯз бошад, дар ин самт “ҶДММ “Оила”таҷрибаи ибратбахш касб кардааст. Нашрияҳои ин ширкат тавассути ташкилотчиёни паҳннамоӣ дар минтақаҳо (Суғд, Хатлон, Душанбе) ва ҳамзамон, 12 дӯкони хусусии ширкат 75 фоиз нусхаҳоро ба фуруш мебароранд. Муомилот ҳар ҳафта таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шудааст.
Рӯзномаи “Имрӯз -нюс” фурӯши терминалиро хуб ба роҳ мондааст. Боз он чиз ҷолиб аст, ки дар ин нуқтаҳо ҳамзамон қабули дархостҳо, реклама ба роҳ монда шудааст. Нусхаҳои он дар салони ҳавпаймоҳо, марказҳои савдо, ширкатҳои мобилӣ паҳн мешаванд.
Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фурӯши китоб ва матбуоти даврӣ тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд. Махсусан баъди мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО ба муносибати 100- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар соли 2012 вазъ аз ҳолати сукут такон хӯрд. Дар 5 соли охир дар шаҳри Душанбе 230 дӯкон, дар вилояти Суғд 18 дӯкон, вилояти Хатлон 12 ва дар ВМКБ 5 дӯкон ва нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ, нуқтаҳои фурӯши китоб ва маводҳои хатнависӣ ташкил шудаанд.
Чанде пеш бо иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар истгоҳҳо ва бозорҳо 18 нуқтаи фурӯши матбуоти даврӣ мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуданд.
Омили дигар-ин ҳисоббаробаркунӣ ё ивази мол мебошад, ки дар ин хусус дар оянда гузоришхоҳем дод.