Иштироки воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар маъракаҳои сиёсӣ, ба монанди раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба сатҳи амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии ҳар кас ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор пайваста мебошад. Кафолати ин ҳуқуқ аз моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлат, аз усули соҳибихтиёрии халқ бармеояд. Зеро ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ фақат дар муҳити демократӣ ва таъмини волоият ва риояи Конститутсия ва қонунҳо ҳарчи пурратар татбиқ шуда метавонанд.
Берун аз муҳити демократӣ ва сарфи назар кардани қоидаҳои раванди демократӣ ҳеҷ як ҳуқуқу озодӣ мувофиқи таъиноти аслии худ амалӣ намегардад. Муҳити демократӣ бошад иборат аз маҷмўи қоидаҳое аст, ки барои ҳарчи бештар ҷалб кардани шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсии мамлакат, ба идоракунии корҳои ҷомеа ва давлат ва муайян кардани роҳҳалҳои устувори амалӣ намудани онҳо зарур мебошанд.
Матни пурраи мақоларо дар сомонаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/samti-%D2%B3u%D2%9Bu%D2%9Bii-ishtiroki-vao-dar-maraka%D2%B3oi-intixobot%D3%A3/