Иштироки воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар маъракаҳои сиёсӣ, ба монанди раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба сатҳи амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии ҳар кас ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор пайваста мебошад. Кафолати ин ҳуқуқ аз моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлат, аз усули соҳибихтиёрии халқ бармеояд. Зеро ки ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ фақат дар муҳити демократӣ ва таъмини волоият ва риояи Конститутсия ва қонунҳо ҳарчи пурратар татбиқ шуда метавонанд. Берун аз муҳити демократӣ ва сарфи назар кардани қоидаҳои раванди демократӣ ҳеҷ як ҳуқуқу озодӣ мувофиқи таъиноти аслии худ амалӣ намегардад. Муҳити демократӣ бошад иборат аз маҷмўи қоидаҳое аст, ки барои ҳарчи бештар ҷалб кардани шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсии мамлакат, ба идоракунии корҳои ҷомеа ва давлат ва муайян кардани роҳҳалҳои устувори амалӣ намудани онҳо зарур мебошанд.
Ҳуқуқи фардии шаҳрванд ба истифодаи ВАО объекти танзими ҳуқуқӣ мебошад. Самтҳои асосии доштани ҳуқуқи мазкур ва воситаҳои амалӣ кардани он хислати фарогир дорад. Бинобар ин муносибатҳои дар ин самт ба вуҷудоянда аз тарафи чандин соҳаҳои ҳуқуқ, бештар ҳуқуқи давлатӣ (конститутсионӣ) ва ҳуқуқи мадани (гражданӣ) танзим мегарданд. Ҳуқуқи давлатӣ масъалаҳои эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ахбор, ташкил ва истифодаи захираҳои ахбори давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар доираи бехатарии ахборро танзим менамояд. Масъалаҳои ташкили ВАО, муайян кардани нархи хизматрасонии воситаҳои ахбор, ҷамъоварии маблағи роҳёбӣ ба воситаҳои ахбор ва ғайра объекти ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ мебошад. (Ниг. Ѓаюров Ш.К. Свобода информации и личное информационное право граждан: теория и практика. Монография. – М, 2009. – с.36-78.)
Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи сарчашмаҳои эътимоднок дар соли 2010 ҳамагӣ 26 канали телевизионӣ (9 канали давлатӣ ва 17 канали хусусӣ) фаъолият мекарданд. Танҳо 4-тои онҳо барномаҳояшонро дар сартосари мамлакат пахш мекарданд ва онҳо каналҳои давлатӣ буданд. Дар мамлакат 201 рўзнома ва 98 маҷалла интишор мешуданд. Ба истиснои ду рўзномаи давлатӣ «Ҷумҳурият» (рўзномаи ҳукумат) ва «Садои Мардум» (рўзномаи расмии парлумон), ки дар як ҳафта се маротиба интишор мешаванд, рўзномаи АЅІА РІУЅ дар як ҳафта ду бор ва ҳамаи дигар рўзномаҳо дар як хафта як маротиба аз чоп мебароянд. Ҳамчунин 16 истгоҳи радио амал мекарданд. Аммо фақат радиои давлатии «Тоҷикистон» ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ паҳн мегардид. (Љумхурии Тољикистон. Интихоботи парлумонї. 28 феврали с.2010. Миссияи нозирони интихобти САЊА/ДИДЊБ. Гузориши нињої. Варшава. 2010. – с.16-17.)
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1994 фақат ҳуқуқи истифодаи ВАО-ро муқаррар кардааст (мод. 30). Дар он ҳуқуқи ҳар кас ба ташкили ВАО пешбинӣ нашудааст. Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19 марти соли 2013 № 961 муайян кардааст, ки шаҳрвандони ҶТ ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ба таъсиси ВАО ҳуқуқ доранд (мод.7). Ҳуҷҷатҳои таъсиси ВАО, ки дар шакли ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, инчунин ВАО-и тиҷоратие, ки аз ҷониби як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, оиннома мебошад (мод.8), ки дар он вазъи ҳуқуқии онҳо боз ҳам муфассалтар танзим меёбанд. Ин меъёрҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки шаҳрвандон на фақат ба истифодаи воситаҳои ахбор, балки ба таъсиси ВАО низ ҳуқуқ доранд. Ба ғайр аз ин, ҳуқуқи шаҳрвандон ба ахбор ва истифодаи воситаҳои ахбор дар чандин қонунҳо ва кодексҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян ва танзим карда шудаанд.
Вобаста ба мавзўи мо, иштироки ВАО дар маъракаи интихоботӣ дар қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихобти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи гуногун пешбинӣ карда шудаанд. (ниг. Краткий юридический словарь для журналистов Таджикистана. Систематизированный сборник законодательных и нормативных актов, регулирующих деятельность журналистов. – М., 1999.).
Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ниг. Ќонуни конститутсионї «Дар бораи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон». Душанбе — 2006) дар қатори ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ (КМИР) муқаррар кардааст, ки «7) тартиби иштироки воситаҳои ахбори умумро дар маъракаи интихоботӣ ва истифодаи онҳоро мувофиқи ин қонуни конститутсионӣ муайян мекунад» (мод.12). Аммо таҳлили Конуни конститутсионии мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки иштироки ВАО дар маъракаи интихоботи Президенти ҶТ хеле сатҳӣ ва мухтасар муайян карда шуда, нақши воқеии ВАО-ро ҳамчун роҳҳалли асосии таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофияти тайёр ва гузаронидани интихобот асоснок танзим накардааст. Бо вуҷуди ин, дар моддаҳои алоҳидаи он меъёрҳои императивии субъектони ташкил ва гузаронидани интихоботро ўҳдадоркунанда ҷой доранд. Масалан, бо мақсади таъмини ошкорбаёнӣ дар раванди интихобот муқаррар карда шудааст, ки «ҳамаи Карорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президент дар давоми ҳафт рўз аз лаҳзаи қабул шуданашон наш рва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд» (сархати 4 мод.). КМИР ваколатдор карда шудааст, ки «комиссияҳои ҳавзавии интихоботро ташкил медиҳанд ва дар бораи маҳалли воқеъ гардидани онҳо маълумот нашр менамоянд» (банди 3 мод. 12), «номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад, натиҷаҳои интихоботро дар тамоми ҷумҳурӣ ҷамъбаст менамояд, маълумотро доир ба ҷамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад» (банди 11 мод.12). КМИР хабар дар бораи натиҷаи интихоботи Президенти ҶТ-ро дар муддати на дертар аз даҳ рўзи баъди интихобот дар матбуот чоп карда мешавад (сархати 6 мод.34).
Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, ки «шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти дуруғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти ҷумҳуриро паст мезанад, чоп кардаанд, ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Меъёрҳои номбурда маъмурони интихоботро дар шахси КМИР водор сохтааст, ки дар кадом ҳолатҳо ба матбуот оид ба нашри маводҳои муайян ё амали муайян муроҷиат намоянд. Вале муайян намудани роҳу воситаҳои иштироки намояндагони ВАО-ро дар интихобот сарфи назар карда шудааст. Оид ба ин масъала дар байни Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Президенти ҶТ ва қонунҳои ҷории муносибати ВАО-ро бо муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳо танзимкунанда номувофиқи ба назар мерасад. Масалан, боби 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», муносибатҳои ВАО бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ном дошта, дар он муқаррар карда шудааст, ки ВАО ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории ҶТ гирифтани ахбор доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба ВАО маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан ба ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд. Онҳо вазифадоранд, ки ба ВАО маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омўзиши иловагиро тараб намекунанд, дар мўҳлати то се рўзи кори баъди муроҷиат ё нашр ҷавоб диҳанд. Агар маводи мазкур омўзишро тақозо намояд, дар мўҳлати на бештар аз ду ҳафта ҷавоб диҳанд (мод.23).
Дар хусуси иштироки намояндагони ВАО дар маъракаи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ниг. Ќонуни конститутсиони «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумхурии Тољикистон». Душанбе — 2009.) равшантар гуфта шудааст. Мувофиқи сархати 3 мод.8 «Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссиҳои интихобот иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд». Қонуни мазкур КМИР-ро вазифадор кардааст, ки дар матбуоти расмии ҶТ дар бораи ҳайат, суроға ва рақами телефонҳои худ маълумот чоп намоянд (сархати 4 мод.11), тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд(сархати 11 мод.12). Дар қонун иштироки номзадҳои азқайдгузаштаро дар асоси баробар дар маъракаи интихобот, дар гузаронидани маҷлисҳои пеш аз интихобот, истифодаи имконияти ВАО, аз ҷумла радио ва талевизион кафолат додааст (сархати 6 мод.37). Хусусан, нақши ВАО дар гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ муфассал танзим ёфтааст. Аз ҷумла, ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқи озодона ташвиқот бурдан ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва ВАО дода шудааст. Ба номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ барои истифодаи ВАО шароити баробарро қонун кафолат додааст. Дар кадом шакл ташвиқотро ба роҳ мондани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи онҳо мустақилона муайян карда мешавад. Ташвиқот метавонад аз тариқи ВАО сурат гирад. Ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандатӣ барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 15 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёсӣ то 30 дақиқа вақти эфир ҳуқуқ дорад. ВАО, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ иштирок менамоянд, ҳақ надоранд ба нашри ахборе, ки шаъну шараф ва обруву эътибори кори номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд (мод.39). Дар сурати риоя нашудани ин қоида шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (мод. 58).
Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар кардааст, ки ВАО рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд (мод.6). Ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намудаанд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ бе мамоният дар маҷлисҳо, матбуот, радио ва телевизион ба тарафдорӣ ё зидди номзадҳо ташвиқот баранд (мод. 34). (ниг. Ќонуни конститутсионї «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ». Душанбе – 2009).
Конститутсияи ҶТ ҳуқуқи шаҳрвандро ба ҷустуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани онро низ пешбинӣ намекунад. Ҳоло ки ҳуқуқи шаҳрванд ба иттилоот яке аз шаклҳои иштироки бевоситаи он дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат мебошад. Аз ин рў он қисми таркибии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд, хусусан, озодии сухан ва нашр мебошад. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» аз 18 июни 2008 мақсади худро фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба ҷустуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мешуморад (мод. 1).
Дар қонуни мазкур усулхои асосии таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот ва инчунин тарзу усулҳои амалӣ кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот муқаррар карда шудаанд (мод. 6 ва 7). Ҳатмӣ будани расонидани иттилоот ба маълумоти умум, қонеъ гардонидани дархости шахсони ҷудогона ва дастҷамъона ба иттилоот роҳҳои таъмини ин ҳуқуқ мебошанд. Шахси манфиатдор метавонад иттилоотро аз рўи дархост бо тарзи шинос шудан ба ҳуҷҷатҳои расмие, ки дорои иттилооти дархостшудаанд, бо тарзи гирифтани ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он; гирифтани маълумотномае, ки дорои иттилооти матлуб аст; шифоҳӣ воқиф шудан аз мазмуни иттилооти дархостшаванда, дастрас намояд. Ва мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдор бояд дархоти иттилоотро қонеъ намоянд, ғайр аз он ҳолатҳое, ки дастраси умум кардани иттилооти мазкур хилофи амнияти ҷомеа, ҳаёт ва саломатии мардум, асосҳои конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрую эътибор ва беғаразии адолати судӣ,ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошад.
Таҳлили ҳолату меъёрҳои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи иштироки ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ нишон медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои қонунҳо дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва қонунҳои дигар чандон мувофиқат намекунанд. Масалан, Қонуни ҶТ дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО кафолати дастгирии давлатии ВАО-ро пешбинӣ кардааст. Мувофиқи он дар ҶТ давлат ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ВАО-ро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии ВАО ба таври маблағгузории мақсаднок, кўмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ мутобиқи қонунгузории ҶТ амалӣ карда мешавад (мод.5). Аммо дар маъракаҳои интихоботӣ маъмурони интихобот ин меъёрҳоро чандон ба инобат намегиранд.
Чи тавре, ки дар боло қайд карда шуд, дар ҳалли масъалаҳои ташкил ва гузаронидани интихобот ҳамчунин қарорҳои КМИР низ сарчашмаи муҳим мебошанд. Масалан, мувофиқи қарори КМИР аз 15 сентябри с.2006, № 51 «Қоидаҳои таълимии роҳбарона барои комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва комиссияҳои қитъавии интихобот» баъзе навигариҳо ба раванди интихобот дохил карда шуд. Аз ҷумла, барои иштироки нозирони байналмилалӣ дар интихобот мўҳлати аккредитат-сия чанде дароз карда шуд. (Љумњурии Тољикистон. Интихоботи президентї. 06 11 2006 сол. Њисоботи миссияи САЊА/ОБСЕ оид ба мушоњидаи интихобот. Варшава. 2007. – с.8.) Мувофиқи қарори КМИР аз 21 декабри с.2009, № 10 дар бораи муайян намудани андозаи плакатҳои иттилоотӣ дар формати андозаи А3 ва муҳтавои он, ки бояд шарҳи ҳол ва сурати номзад ва инчунин барномаи интихоботии ҳизб ё номзадро дарбар гирад. (Љумњурии Тољикистон. Интихоботи парлумонї. 28 феврали с. 2010. Миссияи нозирони интихоботи САЊА/ДИДЊБ. Гузориши нињої. Варшава. 2010. – с.15.) Плакатҳои таблиғотӣ мавриди чунин маҳдудият қарор надоштанд, аммо дар воқеъ аксарияти ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо плакатҳои иттиллоотиашонро барои таблиғоти барномаҳои худ истифода мекарданд, акнун ба ин масъала равшанӣ андохта шуд. Мувофиқи қарори КМИР аз 28 декабри с.2009, № 12 «Дар бораи истифодабарии ВАО дар вақти таблиғоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои бақайдгирифташуда ва намояндагони ваколатдорашон» (Љумхурии Тољикистон. Интихоботи парлумонї. 28 декабри с.2009. Миссияи нозирони интихоботи САЊА/ДИДЊБ. Гузориши нињої. Варшава. 2010. – с.18.), ҳар як ҳизб ва номзад ҳақ дорад вақти ройгонро дар ТВ «Тоҷикистон», Радиои «Тоҷикистон» ва шўъбаҳои маҳаллии он истифода барад. Илова ба ин, ба ҳар як ҳизб ва номзад ҳуқуқ дода шуд, ки дар давоми маъракаи интихоботӣ аз рўзномаҳои давлатӣ, чи дар сатҳи марказӣ ва чи сатҳи маҳаллӣ, истифода барад.
Барои мавзўи мо хусусан, қарори КМИР «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 майи с.2009, № 121 муҳим аст. Зеро ки дар ин Низомнома боби махсус ба ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои намояндагони ВАО (рўзноманигорон) бахшида шудааст. (Ниг. Низомнома оид ба тартиби иштироки нозирон дар интихобот. Душанбе. 2009. – с.11-12). Дар он муқаррар карда шудааст, ки мувофиқи қонунгузории ҶТ оид ба интихобот, ВАО ҷараёни омодагӣ, баргузорӣ ва қарорҳои комиссияҳои интихоботиро нашр ва паҳн мекунанд. Ба намояндагони матбуоти маҳаллӣ, телевизион, радио ва дигар намудҳои матбуот (рўзноманигорон) ҳуқуқ дода шудааст, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷати касбии худ бо қарорҳо ва протоколҳои комиссияҳои интихоботӣ дар бораи натиҷаҳои овоздиҳӣ ва интихобот шинос шаванд ва маълумоти мўътамадро дар бораи омодагӣ ва баргузории интихобот дар ҳар шакле, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, дарёфт намоянд. Дар рўзи интихобот ва дар ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ намояндагони ВАО (рўзноманигорон) аз ҳамон ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳое бархурдоранд, ки нозирони миллӣ мутобиқи қонунгузорӣ оид ба интихобот аз онҳо бархурдоранд.
Баъзе қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот низ дар ҳалли масъалаҳои ташкилии вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихобот аҳамияти муҳим доранд.
Иштироки ВАО дар маъракаҳои интихобот на фақат аз қонунгузории миллӣ бармеояд, балки онҳо дар санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ ва ўҳдадориҳои ҳукуматҳо дар назди созмонҳои байналмилалӣ низ пешбинӣ шудаанд. Масалан, ўҳдадории Тоҷикистон дар назди САҲА Ҳукуматро водор месозад, ки бемамониат, озодона ба ВАО имкон диҳад, ки раванди интихоботро инъикос намоянд. Интихобкунандагон аз рўи маводҳои ВАО тавонанд, ки аз раванди интихобот, ҳизбҳои сиёсии дар онҳо иштирокдошта ва шахсияти номзадҳо иттилооти мунсифона пайдо намоянд. Хусусан, воситаҳои ахбори аз тарафи давлат дастгиришаванда, барои бо мувозина тафсир кардани маъракаи интихобот масъулият доранд. Дар ин кор назорати ҳукумат аз болои ВАО омили муҳими бобарор гузаронидани маъракаи интихобот мебошад. Дар акси ҳол ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои бештар маблағгузоришаванда метавонанд барои худ вақти бештар ва ҷойро дар ВАО бихаранд. Бояд меъёри оқилонае барои ба ҳамаи номзадҳо дастрас гардонидани маводи чопӣ ва воситаҳои электронӣ таъмин карда шавад, Ин омил тақозо мекунад, ки бо ин мақсад ба онҳо бемузд дар ВАО давлатӣ ҷой ҷудо карда шавад ё барои ҷой ва вақти дар ВАО барои номзадҳо ҷудокардашуда, маблағгузорӣ карда шавад. (Ниг. Руководство БДИПЧ по наблюдению за выборами.Нашри чорум. Варшава. 1999. – с. 24-25).
Набояд фаромуш кард, ки маъракаҳои интихобот, гарчи дар қонунҳо танзим ёфта, раванди он ба татбиқи талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ робита доранд, аммо ин маърака самти хеле ҳасоси сиёсӣ низ дорад. Зеро ки ба ташкилу гузаронидан ва ҷамъбасти интихобот нерўҳои мухталифи ҷамъиятӣ-сиёсӣ мароқ зоҳир менамоянд. Ҳар як нерўи сиёсӣ бо он дилфиреб мегардад, ки ба курсии мансаби интихобӣ ва вакилӣ бештар он сазовор мебошад. Аз ин рў, баъзеи онҳо аз вайронкунии талаботи қонун ва қоидаҳои интихобот низ ҳазар намекунанд. Дар чунин муҳит иродаи сиёсии ҳокимияти давлатӣ барои озодона, мунсифона ва шафоф гузаронидани интихобот омили ба раванди созанда табдил ёфтани он ва тозагии мақомоти интихоботӣ ва умуман дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ мегардад. Ва дар кадом сатҳ баргузор гаштани интихобот, риоя шудани қоидаҳои демократӣ ба мавқеи холисонаи ҷиддии ВАО ва журналистон низ алоқаманд мебошад.
Бо мақсади мукаммал намудани масъалаҳои танзими ҳуқуқии иштироки ВАО дар маъракаҳои интихоботӣ таклифҳои зеринро пешниҳод менамоям:
— бо сабаби дар моддаи 30 Конститутсия ҷой надоштани ҳуқуқи ҳар кас ба ташкили ВАО, ба озодона ҷустуҷў, дастрас ва паҳн намудани ахбор дар ислоҳоти конститутсионии минбаъдаи фарогир меъёри ин модда бо тағйироту иловаҳо аз нав маъқул дониста шавад;
— бо сабаби номукаммалии меъёрҳои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихоботи Президент, Парлумон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оид ба иштироки ВАО дар маъракаи интихобот, онҳо дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд;
— бо сабаби тафриқаи меъёрҳои қонунҳои интихобот оид ба як қатор масъалаҳои раванди интихобот, аз ҷумла иштироки ВАО дар интихобот, онҳо мукаммал карда шуда, такмил дода шаванд;
— бо назардошти ҳолату меъёрҳои қонунҳои нав дар бораи иштироки ВАО дар интихобот, меъёру ҳолатҳои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот оид ба ин масъала мукаммал карда шаванд;
— барои ислоҳи такрорёбии меъёрҳои интихобот дар чандин қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммал кардани танзими ҳуқуқии муносибатҳои интихобот ва татбиқи пешниҳодҳои мазкур зарур дониста шавад, ки таҳия ва қабули Кодекси ягонаи интихобот дар ҶТ тезонида шавад.
А. Имомов,
Мудири шўъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, н.и.ҳ., дотсент.