Имрӯз, 17-уми июн Сафват Бурхонов, рӯзноманигори тоҷик бо пахши як изҳорот аз қатъи гуруснанишинии сиёсии худ хабар дода, тасмими ниҳоияшро чунин шарҳ додааст:
«Бо арзи салом ба дӯстон ва дарки воқеият мехоҳам аз хотимаи гуруснанишинии худ дарак диҳам. Аз имрӯз 17.06.2013 ин ҷониб ман Сафват Бурҳонов ба гуруснанишинӣ хотима бахшидам. Омилҳое ки сабаби қатъи гуруснанишинӣ буданд:
а) пофишории шадиди дӯстону пайвандон;
б) то ҷое расидан ба ҳадафҳои худ;
в) вокуниши мақомоти кишвар;
г) эҳтимолияти барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода шудани эътирози ман аз ҷониби доираҳои ҳадафманд.
а) Аз ҳамаи дӯстони дуру наздике, ки ин рӯзҳо холисона маро фаҳмиданд ва бо сухани нек бо ман сӯҳбат карданд, сипос арз мекунам ва медонам ки сипосгузории ман камтарин чиз аст барои ифодаи ин маънӣ. Воқеан эҳсос кардам, ки ҷомеаи мо суду зиён ва неку бадро хубу дақиқ ҷудо мекунад. Муносибати якхелаи доираҳои ҳукуматӣ ва мухолифони он ба ман, бори дигар бароям исбот кард, ки вазифаи худро дуруст иҷро мекунам. Яъне на ҷонибдори ҳукумат ҳастам ва на ҷонибдори мухолифони он, менависам он чиро, ки мебинам;
б) Барои худ исбот кардам, ки дар ҷомеаи мо имкони баёни фикр ва расонидани он ба мухотаб мавҷуд аст. Дарк кардам, ки агар шаҳрванд ҳадафҳои ғаразмандонаро пайгирӣ накарда, воқеан ақидаи худро баён кунад, гирифтори пайгирӣ намешавад.
Бори дигар исбот шуд, ки намояндагони кулли созмонҳои ба ном байнулмилали муқими Тоҷикистон ҳадафҳои ғаразмандона доранд ва хостгори ободии Ватани ман нестанд. Барои онҳо ҳадафи ягона ин сиёҳ кардану шантаж кардани Тоҷикистон ва ба мақсади худ истифода кардани ҷомеаи мо аст.
Бо вуҷуди он ки як гурӯҳи калони солими ҳамкасбонам аз соатҳои аввал дар паҳлӯям буданд ва китфи худро, дар доираи касбият, барои такя гузоштанд, исбот шуд, ки қисми зиёди «доираҳои журналистӣ» фурӯхташуда буда, аз беруни «доира» идора мешаванд.
в) аз ҷониби мақомоти кишвар шунида ва дуруст фаҳмида шудам;
г) баъзе гурӯҳҳои фасод ва сиёсӣ кӯшиши истифодаи эътирози маро барои пиёдашавии ҳадафҳои худ мехоҳанд «дастак» кунанд, ки ин куллан муқобили раъйи ман аст. Бовар дорам, ки барои «ҳимояи демократия ва озодии инсон дар Тоҷикистон» чандин лоиҳаҳои грантӣ пешниҳод шуданд. Бо сари баланд эълон мекунам, ки ҳич гоҳ дар ягон равия «член» набудам, нестам ва намешавам. Ҳар ҷое, ки аз номи ман истифода шавад, ҳақ дорам, ки эътирози худро баён кунам.
Аз имрӯз сар карда, ба давоми фаъолияти худ шурӯъ мекунам.
Аз кулли дӯстоне, ки сабаби мушаввашию маҳзунияшон гаштам, аз тоҳи дил узр мепурсам».
Ёдрас мешавем, Сафват Бурҳонов, 6-уми июн аз гуруснанишинии худ хабар дода, бо 10 пешниҳод ба Ҳукумат муроҷиат карда буд.
http://tojnews.tj/tloni-kat%27i-gurusnanishinii-siyosii-safvat-burhonov