Сафорати ИМА бо нигаронӣ аз Ҳукумат даъват дорад, ки даст аз сайтбандиҳо боздорад

Сафорати ИМА дар Душанбе аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки масдудияти сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро бардорад.

4-уми июн Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сайтбандиҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ки“баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи радиои «Озодӣ”, “Азия Плюс” ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон боиси нигаронии Сафорати ИМА мебошад”.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки “ИМА бовар дорад, ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист”. Ҳамчунин гуфтаанд, онҳо “мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд”.

Аз ҳамкории сафорат барои мусоидат ба рушди расонаҳои озоду мустақил бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва кормандони расонаҳо ёд карда, аз Ҳукумат даъват кардааст, ки “маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи радиои «Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад”.

Шоми 28-уми май дар пайи паҳн шудани навори Гулмурод Ҳалимов, фардондеҳи пешини ОМОН-и ВКД дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон масдуд шуд. Аз ҷумла истифодабарандагони интернет ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва Вконтакте ворид шуда наметавонанд.

Радиои «Озодӣ» мансуб ба Конгресси ИМА буда, буҷаи бахши тоҷикии он солона беш аз 1,6 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад.

http://www.tojnews.org/tj/news/saforati-ima-bo-nigaroni-az-khukumat-davat-dorad-ki-dast-az-saytbandikho-bozdorad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *