Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ Абдуллоҳ ибни Фаҳд Ал-Ҳусайн мулоқот намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи иттилоот ва ахбори омма баррасӣ шуданд.