Сафир: Амрико фақат изҳорот пахш намекунад

Сюзан М. Эллиотт — сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон имрӯз, 16-уми апрели соли 2015 гуфт: «Ин, ки шаҳрвандони тоҷик изҳори нигаронӣ мекунад мо фақат изҳорот пахш мекунем, нодуруст аст».

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бо баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook ва Youtube, онҳо ҳукуматдорони тоҷикро ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи Сюзан, онҳо дар робита ба масъалаҳои озодии баён поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандонро мавзӯи сӯҳбатҳои аслии худ медонанд. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки «шабакаҳои иҷтимоӣ агар аз ҷониби ҳукуматдорон баста шаванд, мо огоҳӣ медиҳем ва ёдовар мешавем, ки бастани шабакаҳои иҷтимоӣ маънои муборизаро надорад ва шикояти сокинонро кам намекунад. Маҳз ба хотири аз байн нарафтани демократия мо грантҳои худро ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод мекунем».

Қобил ба ёдоварист, ки субҳи имрӯз сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар робита ба мавзӯҳои «Энтонӣ Блинкен дар бораи стратегияи ИМА дар Осиёи Марказӣ” ва «Кохи сафед дар бораи нақшаҳои барномаи ҳастаии Эрон” бо доираи маҳдуди хабарнигорони тоҷик мизи гард доир намуд.

Ҷамила Мирбозхонова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *