Аксарият дар кишвар асосан ба тамошои шабакаҳои телевизионии русӣ майл доранд, то шабакаҳои миллӣ.
Аз ин хусус натиҷаи пурсиши ахири виртуалӣ дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews далолат мекунад, ки миёни истифодабарандагон ҳафтаи ахир баргузор шуд.
Тибқи ин назарсанҷӣ, тамошобинони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳудудан се маротиба камтар аз муштариёни шабакаҳои русӣ будааст.
Ҳамин тариқ ба саволи «Бештар кадоме аз ин шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунед?» ҳамагӣ 12 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки «Шабакаи якум»-ро мебинанд.
Ин дар ҳолест, ки 27 дарсади респондентон дар қатори посухҳо ба варианти «Шабакаҳои Русия» нохун задаанд.
Дар ин назарсанҷии ғайрирасмӣ, ки аз як воситаи электронӣ ҳамагӣ як маротиба овоз додан имкон дошт, қариб 700 нафар иштирок карда, муштариёни ТВ «Сафина» 10%, муштариёни «Ҷаҳоннамо» 5%, аз ТВ-и кўдакону наврасон — «Баҳористон» 4%-ро ташкил додаанд.
Миёни пурсидашудагон муштариёни шабакаҳои форсизабон 7%, шабакаҳои мазҳабӣ «Нур» ва «Висоли ҳақ» — 15%, шабакаҳои Афғонистон — 6% ва аз Шабакаҳои Ўзбакистон ҳудуди 5%-ро ташкил додаанд. 8 дарсад, ба ҳамин савол посух дода, гуфтаанд, «Вақти тамошои ТВ надорам».
Дар назарсанҷии навбатӣ ба суоли “Чӣ шуморо бештар ба ташвиш меорад?” аз ҳоло метавонед, ширкат кунед.
http://tojnews.tj/tj/news/sadoi-mardum-aksariyat-shabakakhoi-rusiro-tamosho-mekunand