53 дарсади пурсидашудагон зидди маблағгузории хориҷиҳо ба васолити ахбори омма райъ додаанд.
Натиҷаи як пурсиш, миёни истифодабарандагони сомонаи Ожонси ииттилотииTojNews маълум кард, ки беш аз 52 дарсад ҷонибдори маҳдуд кардани маблағгузории хориҷиён ба ВАО-и Тоҷикистон мебошанд.
32 дарсади респондентон дар посух ба саволи «Аз маҳдуд кардани саҳму маблағгузории хориҷиён дар ВАО — и Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунед?» гуфтаанд, «Бале! Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст».
21 дарсади дигари пурсидашудагон ҳам ба ин савол посух додаанд: «Ҳа, бояд расонаҳои миллиро тақвият диҳем».
Дар ҳоле, ки беш аз 52 дарсад ҷонибдорӣ тақвияти матбуот ва дигар ВАО-и миллии Тоҷикистонанд, дар ин назарсанҷӣ, 15%-и варианти «Қатъиян не! Иштироку пули хориҷиҳо дар ВАО ҳатмист»-ро нохун задаанд.
Ва теъдоди онҳое, ки ҳамчунин саҳм ва маблағгузории хориҷиро дар рушд ва рақобати солим зарур медонанд, 28 дарсадро дар бар гирифтааст. Ин теъдоди пурсидашудагон дар посух ба саволи сомона, гуфтаанд, «Не, аз рақобати бештар фазо солим мешавад».
Назарсанҷӣ маълум кардааст, ки 5 дарсад дар ин масъала комилан бетарафанд ва дар посух ба саволи боло гуфтаанд: «Барои ман фарқ надорад».
Назарпурсии ғайрирасмӣ, бо супориши ҳафтано-маи»Нигоҳ» аз17-ум то23 -юми сентябри соли2014 баргузор шуда, дар он 850 нафар иштирок кардаанд.
Барои ширкат дар назарсанҷии навбатии TojNews ба суоли «ДАР ТАСАВВУРИ ШУМО ДАРОМАДИ РАИСИ НОҳИЯ, Ё ШАҲРАТОН АСОСАН АЗ КАДОМ ҲИСОБ АСТ?» ширкат кунед.
http://www.tojnews.org/53%25%20ziddi-sarmoyaguzorii-khoriji-ba-vao-hastand