Ҳузури як рӯзноманигор дар маҳбаси Тоҷикистон обрӯ намеорад, агар онро накоҳад
Парвандаи рӯзноманигори Маҳмадюсуф Исмоилов намунаи барҷастаи «шоҳкориҳо» — и системаи судии Тоҷикистон аст. Мавсуф 29 октябри соли 2013 11 сол ҳукм гирифт. Қонуни авф низ ба ӯ татбиқ нашуд. Ҳоло инро зарур медонем, ки дар ин парванда таҷдиди назар сурат гирад, вагарна будани як рӯзноманигор дар зиндони Тоҷикистон, агар ба афроди алоҳида зарур набошад, бахусус ба ҳукумати Тоҷикистон дар ду ҷаҳон зарур нест.
“Лаҳзаҳо”
Муҳаммадюсуф Исмоилов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 250, қисми 2, банди»а» — тамаъҷӯӣ ва 247, қисми 2, бандҳои «в», «г» — қаллобӣ, ки барои аввалӣ 11 ва барои дуввумӣ 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, гунаҳкор эълон шуд. Суд бо назардошти соҳиби ду фарзанди ноболиғ буданаш ҳукми ӯро се сол кам кард. Дар асл тамоми иттиҳомот ва шоҳидон сохтаву бофта менамуданд.
Ин сохтакориҳо аз нигоҳи Садриддин Саидов, вакили дифоъи Исмоилов пӯшида намонданд. Ӯ дар анҷоми мурофиа батафсил чор лаҳзаеро, ки ба моддаи 250 , қисми 2, банди «а» — тамаъҷӯӣ рабт доранд ва Исмоилов бар асоси онҳо муттаҳам дониста шуд, ботил баровард:
АВВАЛ. Гуё Исмоилов шаҳрванд Шодибой Холматовро таҳдид намуда, талаб кардааст, ки ҳар моҳ барои дар ҳудуди ноҳияи Ашт фаъолият намуданаш 400 сомонӣ диҳад, вагарна дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии (таъбири тафтишот ва судя) — «Нигоҳ» ва «Имруз — нюс» камбудиҳояшро фош карда, тавассути прокуратура нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунад ва ӯро аз Ашт меронад.
Сохтакорӣ дар куҷост? Аввал, ягон далел нест, ба ҷуз нишондоди ҷабрдида ва шоҳидон, ки онҳо ҳам нишондоди ҷабрдидаро иқтибос мекунанд. Ҷабрдида намегӯяд, ки Исмоилов маҳз аз рӯи кадом ҷиноят ё амалаш дар нашрияҳо мақола навишта, ба прокуратура таслим мекард. Агар ҷабрдида воқеан ҷурме дорад, пас чаро тафтишот ва суд ӯро напурсиданд? Дуюм, ин «ҷиноят» соли 2012 рух додааст. Вақти зиёд гузашта, ягон далел надорад. Сеюм. Ин иттиҳом бо ширкати Ш. Холматов дар парвандаи қаблии Исмоилов вуҷуд дошт ва суд онро бо ин лаҳза сафед карда буд. Ба парвандаи нав аз дигар ҷалб кардани Ш. Холматов чӣ маъно дорад? Тафтишот дигар шоҳиде надошт, ки алайҳи Исмоилов истифода кунад? Ин магар тақаллубкорӣ нест?
ДУЮМ. Гӯё Исмоилов аз Ҷ. Икромов ва М. Равзаалиев 2000 сомонӣ тамаъ карда, таҳдид кардааст, ки агар надиҳад, алайҳашон дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Нигоҳ» ва «Имрӯз — нюс» мақолаҳои бадномкунанда ба нашр мерасонад ва тавассути прокуратура нисбаташон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, онҳоро ба маҳбас мекашад.
Далелҳои бепоягӣ: аввал, ҷабрдидагон на аз сӯи тафтишот ва ҳам на суд пурсида нашуданд, зеро дар Русия будубош доранд. Вақте ҷабрдида нест, аз номи ӯ чӣ тавр мешавад як нафарро муттаҳам кард? Дуюм. Ба ҷои онҳо падари Икромов шикоят бурдааст. Сеюм. Бино ба иттилои мо, Икромов ва Равзаалиев ба Русия фирор кардаанд, чун дар Ашт ба латукӯби омӯзгори худ муттаҳам мешуданд ва мавриди ҷустуҷӯи мақомот қарор доштанд!
СЕЮМ. Гуё Исмоилов аз соҳибкор А. Атобоев аз соли 2008 то соли 2013 таҳдид кардааст, ки ӯро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Нури зиндагӣ», «Нигоҳ» ва «Имрӯз — нюс» бадном мекунад ва сирри нонвойхонаи ӯро ба хадамоти назорати гигиенӣ — эпидемиологӣ ва зидди сӯхтор фош менамояд. Ва тайи ин солҳо дар тахминан 30 маврид аз 50 то 200 сомонӣ тамаъҷӯӣ карда, дар умум тахминан 5000 сомонӣ гирифтааст.
Далелҳои бепоягӣ: аввал, бар асоси тахмину гумонҳо айбдор кардани як нафар хилофи моддаи 339 — и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст. Дуюм. Вақте рақами “30” — ро ШКД ва прокуратура бо тахминҳо пешниҳод мекунанд, оё айб нест? 20 то 50 сомонӣ ва тайи 5 сол (!) ҷамъ шудани тахминан 5 ҳазор сомонӣ, ки ҳоло падари ду тифлро барои 11 сол пушти панҷара мекашад, қонун- ку он тараф истад, ба фармонҳои виҷдони тафтишоту суд мухолифат надорад? Сеюм, агар ҷиноят 30 маротиба рух додааст, дар куҷо ва чӣ тарз содир шудааст? Шоҳидон киҳоянд? Моддаи 85 — и Кодекси мурофиавӣ — ҷиноятии Тоҷикистон талаб мекунад, ки ин ҳама мавридҳо бояд пурра исбот шаванд.
ЧОРУМ. Гӯё Исмоилов аввалҳои моҳи июни соли 2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон бо Санавбар Аҳадова вохӯрда, аз ӯ бо таҳдиди он, ки нисбаташ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Нигоҳ» ва «Имруз — нюс» мақолаҳои бадномкунанда ба нашр мерасонад, аз ӯ 100 доллар тамаъ кардааст.
Ин ягона иттиҳоми тоза дар парвандаи Исмоилов аст ва далели тафтишот пеш аз ҳама сабти аудиоиест, ки таҳти рақамҳои 1, 2, 3 дар парванда «дӯхта» шудаанд.
Бояд зикр намоем: дарвоқеъ аз ин сабтҳо бармеояд, ки Исмоилов барои гирифтани ин маблағ ризоият додааст, яъне ин далел, ки ӯ маблағ гирифтанӣ аст, маълум мешавад. Аммо муҳтавои сабти видеоӣ нишон медиҳад, ки на нафари тамаъҷӯъ — Исмоилов ба гирифтани пул, балки нафари пулдиҳанда — зан манфиатдор аст. Зан мекӯшад, ки ҳарчи зудтар пулро диҳад. Ва дар ин сабт Исмоилов умуман дар бораи ҳаҷму барои чӣ гирифтани пул ҳарфе нагуфтааст!
Ин сабт бармало нишон медиҳад, ки Исмоилов агарчи пул гирифтанист, аммо на барои нашр накардани мақола. Шояд ӯ қарз мепурсид, ё кӯмакпулӣ? Ва ҳам шояд Аҳадова дидаву дониста Исмоиловро ба ҷиноят тела кард? Хулоса, сабти аудиоиро наметавон далели боризи ин донист, ки як нафарро барои 100 доллар 11 сол ҳукм кунанд. Касе собит карда наметавонад, ки ин суҳбатҳо ва сабтҳо ҳам супоришӣ набошанд ва тарҳрезӣ нашуда буданд.
Дигар маврид дар ин иттиҳом ин аст, ки Исмоилов аз Санавбар Аҳадова 100 сомонӣ гирифтаасту 400 сомонии дигарро вақте мегирад ва ба ҷайб мезанад, кормандони милиса ӯро дарҳол боздошт мекунанд. Тафтишот мегӯяд, ки Аҳадова аз таҳдиди Исмоилов ба мақомот шикоят кардааст. Аммо чаро ин савол бепосух аст, ки Аҳадова чӣ айб доштааст, то аз Исмоилов тарсад? Ин боз як далели он аст, ки ин ҷо ҳадаф рӯи об баровардани адолати судӣ нест, балки танҳо «шинондан» — и Исмоилов аст.
«Нигоҳ» ва «Имрӯз — нюс»
Вақте кас бо иттиҳомот алайҳи Маҳмадюсуф Исмоилов ошно мешавад, дар ҳар чор лаҳза бо ибораҳои «рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Нигоҳ» ва «Имруз — нюс» ва «мақолаҳои бадномкунанда» дучор меояд. Дар сабтҳои аудиоӣ, аз ҳама далели боризтарини парванда дар ин бора сухане нест! Ҳадафи тафтишот аз овардани номҳои ин рӯзномаҳо чӣ аст?
Аммо маводе, ки бо қалами Маҳмадюсуф Исмоилов дар ин нашрияҳо чоп шудаанд, аз дигар чӣ бозгӯӣ мекунанд. Масалан, як матлаби ӯ таҳти унвони «Памперс» барои роҳи Ашт — Хуҷанд» («Нигоҳ», №4 (280) 18-уми апрели соли 2012) — ро бигирем, ки масъалаи роҳи хароби байни Хуҷанду Аштро матраҳ кардааст. Пас аз ин матлаб дар ин роҳ корҳои таъмиркунӣ анҷом дода шуданд. Ё дар бораи ҳолати риққатбори беморхонаи Ашт матлаб нашр шуда буд, ки пас аз ин беморхона таҷдиду навсозӣ шуд ва ҳоло он гуна нест, ки Исмоилов тасвир мекард. Як бинои муосиру замонавист. Онро худи президенти Тоҷикистон боз кардааст ва инро тамоми Тоҷикистон тариқи телевизионҳои давлатӣ тамошо кард.
Як нигоҳи сатҳӣ ба мақолаҳои Маҳмадюсуф Исмоилов кофист, ки дарёбем: ӯ дарди мардум, мушкили ҷомиаро менавишт! Ва ин ба бархе масъулин хуш намеомад!
Исмоилов кист?
Мавсуф соли 2011 низ аз рӯи моддаҳои 135 — 136 (таҳқиру туҳмат, ки хушбахтона, ҳоло аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шудааст), моддаи 250 (тамаъҷӯӣ) ва 189 (маҳалчигӣ) муттаҳам шуда, суд ӯро ба 1500 маоши ҳадди ақал ва 3 соли маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигорӣ маҳкум карда буд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд бар асоси «Қонуни авф» 14 октябри соли 2011 ӯро аз ҷавобгарӣ озод кард.
Исмоилов аз моҳи декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 хабарнигори минтақавии «Нигоҳ» дар Ашт буд ва ҳамзамон бо «Нигоҳ» фурӯши «Имрӯз — нюс» — ро ҳам ба зимма дошт. Ӯ ба мардуми Ашт рӯзнома, яъне иттилоъ ва огоҳӣ аз вазъи имрӯзи кишварро ҳам меовард. Шояд ин ҳам барои мақомоти маҳаллӣ маъқул набуд?
Дар бораи шахсияти ӯ дар Ашт ва ҳам доираҳои рӯзноманигорӣ андешаҳои мухталиф вуҷуд доранд. Мардуми Ашт аксаран бар ин назаранд, ки ӯ як шахси якрӯй аст ва суханашро беибо мегӯяд. Ҳатто мегӯянд, ки ӯ боре сари чорроҳаи маркази Шайдон баромада, истеъфои сарвари шӯъбаи милиса ва раиси ноҳияро талаб кардааст. Ин ҷасоратро кам касе дар Тоҷикистон дорад, аммо дар олами мутамаддин ин таҷрибаи оддӣ аст ва ин ҳақро ба ҳар як нафар Сарқонуни як давлати демократӣ медиҳад.
Бар иловаи ин ҳама, Исмоиловро як нафари зудбовар ва соддафеъл ҳам меноманд. Ӯ ба ҳар касе, ки бо шикоят аз мақомот ба наздаш меомад, кӯмак мекард. Ва рӯзи мурофиа ҳатто ҳамсараш чанд маротиба ба ӯ ёдовар шуд, ки «ана, дидӣ, одамоне, ки ту бовар карда будӣ, ба сарат об рехтанд!» Вақте ҳукми ӯро хонданд, ба қавли мардум, ҳуш аз сари даъвогарони алайҳи ӯ ҳам парид. Онҳо интизор надоштанд, ки ӯ чунин ҳукм мегирад.
Иддае ҳам Исмоиловро як нафари «тез» меноманд ва мегӯянд, саломатиаш ҳам хуб нест, чун маъюби дараҷаи сеюм аст. Ҷомиаи рӯзноманигорӣ ӯро бегуноҳ намедонад, аммо ҳукми алайҳи ӯро ноодилона мехонад. Ҳар чӣ ҳаст, нест, Маҳмадюсуф Исмоилов ягона рӯзноманигори маҳбуси Тоҷикистон аст, ки бо айбҳои тахминӣ зиндонӣ шудааст.
Бархе ӯро «Садои Ашт» унвон карданд, чун ягона нафаре буд, ки ба мушкили мардум бетараф набуд. Аз матолиб ва фаъолияти ба як хулосаи амиқ равем, дармеёбем, ки ӯ дар ноҳияи Ашт барои нафароне мушкилофар буд. Навоҳие ҳастанд, ки раҳбаронаш солҳо ба ин сӯ сари коранд. Аммо дар Ашт тағйири роҳбарият тайи солҳои ахир ду маротиба сурат гирифтааст. Мешавад хулоса кард, ки дар ин тағйирот саҳми матолиби рӯзноманигор низ ҳастанд ва ниҳоят дар раддаҳои болоӣ ба хулосае омадаанд, ки аз ӯ «халос шаванд». Ва ба ҳамин минвол, «садои Ашт» — ро ҳам гӯё хомӯш карданд.
Дар арафаи 3 май — рӯзи Озодии баён хуб мешуд, ки “Садои Ашт” – ро аз гулӯи Озодии Баён раҳо кунанд. Рӯзноманигори зиндонӣ обрӯи Тоҷикистонро беш намекунад, аммо дақиқан хоҳад кост.