саДО аз зинДон

Дар Душанбе, китоби журналистзани зиндонӣ Муаттара Ҷӯраева бо номи «Муҳаббати гумгашта» ба табъ расид, ки аз ишқи ду дилдода қисса карда, қисмате аз он дар зиндон навишта шудааст.

Асар навиштан дар зиндону асорат таърихи тӯлоние дорад. Мегӯянд, аксар шоирони классик беҳтарин навиштаҳояшонро дар маҳбас ё дар ҳолати асири маҷбурии дарбор будан, нигоштаанд. Барои мисол, Масъуди Саъди Салмон муддати бист сол умри хешро дар зиндон гузарониду Шамсиддини Шоҳин, ҳангоми асири маҷбурии дарбори Олимхон будан, даргузашт.

Дар даврони шӯравӣ ҳам анъанаи беҳтару бештар навиштан дар зиндон намурд, баръакс, торафт бештар шеъру хотираҳо оҳанги сиёсӣ гирифтанд. Дар ҳоле садои доду адолат аз панҷараҳои маҳбасхонаҳо ба берун метаровид, барои ҷомеаи коммунистии вақт чунин менамуд, ки дузду қотилу киссабурони касбии зиндонӣ, дар баровардани ҳукм аз баъзе судҳои замони шӯравӣ боадлтар ҳастанд.

Маҳз нақши инъикоси зиндагии пушти панҷараҳо аз ҷониби шоиру нависандаю олиму овозхонҳои касбию ғайрикасбии маҳбус буд, ки оҳиста – оҳиста вожаҳое чун «пахан зона», «вор в законе» пайдо гардида, инсонҳои лоиқшуда ба чунин «шараф» дастдарозтару сарватмандтар аз як чиновники давлатӣ шуданд.

Мавҷи бозсозӣ ба тарғиби бештари «зиндагии воқеӣ» дар зиндонҳо мусоидат намуд, зеро ба озодӣ баромадани дигарандешони сиёсӣ, ки дар охир сари Шӯравиро хӯрданд, ҷомеаро водор кард, то ин «афсонаи адолат» — ро пазирад. Табиист, дар ин моваро нақши ҳунармандон ҳам кам набуд ва то ба имрӯз яке аз гурӯҳҳои маъруфи ҳунарӣ дар Русия ба номи зиндони маъруфи Маскав, — «Бутирка» гузошта шудаву дар таронаҳои онҳо бештар нозиру милисаю прокурор чун образи манфӣ талаққӣ мегарданд.

Дар Тоҷикистон ҳам дар оғози бозсозӣ шоир Бозор Собир ва олиму рӯзноманигор Мирбобои Мирраҳим хотираҳое аз зиндон доранд. Аввалӣ дар чанд шеъраш ба ин нукта ишора карда, худро «ягона шоири зиндонӣ» меномаду дуввумӣ дар зиндон китобе навишта бо номи «Рӯзномаи рӯзноманигори зиндонӣ».

Ҷуз эшон чанд нафари дигаре, ки дар зиндон чизе навиштаанд, ҳама сароида ё навиштаашон саропо аз ҳасрату ғам иборат буда, бештар дар кунҷи маҳбас имдод аз худованд ҷустаанд ва оҳанги сурудаю навиштаашон сиёсӣ нест, ҳатто мавзӯи иҷтимоӣ дар эҷодашон камтар аст.

Дар муқоиса бо онҳо имрӯз дар фазои мусиқии Тоҷикистон репу репсароӣ ба як намуди эътирози иҷтимоӣ бадал мешавад. Ҳарчанд ин эътирозҳо аксар ҳолат хеле омиёна, авомона гуфта мешаванд ва табақаҳои ҳушманди ҷомеа онро як чизи бемаънӣ меҳисобанду аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.
Ва сахт хато мекунанд!

Аввалан, ин жанри маҳбуб барои ҷавонон аст ва ҳам сатҳи саводи аксари ҷавонон аз сатҳи репсароён поён асту боло нест. Наметавон ба зӯрӣ даҳони репсароёнро баст, чун ин амал ба маҳбубияти бештари онҳо мусоидат мекунад, балки фикр мекунам бояд кӯшиш кард, то ин «сурудаҳо» аз дашному ҳақорату бадгӯӣ тоза шавад.

Чунки агар имрӯз консерти Мастер Исмоилу Баха-84-ро дар варзишгоҳи марказӣ баргузор кунӣ ҳам, лабрези тамошобинони ҷавон мешавад, дар ҳоле даҳ ҳунарманди мардумиро ҷамъ кунӣ, як толори кохи Борбадро пур кардан маҳол аст.
Биёед ин ҳақиқати талхро қабул кунем!

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *