Сабти доменҳо ба ихтиёри Хадамоти алоқа мегузарад?

Дар минтақаи интернети TJ тӯли беш аз 3 моҳ сабти номҳои доменӣ ғайриимкон аст.

Дар минтақаи интернети TJ тӯли беш аз 3 моҳ аст, ки сабти номҳои доменӣ ғайриимкон аст. Дар ҳамин ҳол, дар бораи сабабҳои боздошти сабти доменҳо ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои сабткунанда огаҳӣ надоранд. Чанде аз ширкатҳо бо дархости равшанӣ андохтан ба сабабҳои ҳолати мазкур ба «Азия-Плюс» муроҷиат карданд.

Мақомоти ҳамоҳангсоз оид ба сабт ва намояндагии доменҳои сатҳи дуюм дар минтақаи TJ маркази иттилоотӣ-техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мебошад, вале ҳамаи дархостҳо ҷиҳати сабти домен тариқи ширкатҳои сабткунанда қабул ва коркард мешаванд.

Сабти номҳои домендар минтақаи TJ аз 3 апрел мутаваққиф шудааст. Маҳз ҳамин рӯз дар Душанбе роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Сафизода Қадамҷон Исмати 34-сола боздошт шуд.

Домени охирин дар сегменти тоҷикии интернет 1 апрел ва 27 май танҳо номҳои домении сомонаҳо оид ба додани раводиҳои электронии Вазорати корҳои хориҷӣ сабт шудаанд.

Қобили зикр аст, ки нисбати Қадамҷон Сафизода, собиқ роҳбари маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ мутобиқи моддаи 259, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Соҳибкории ғайриқонунӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ӯ рӯзи 3 апрел назди бозори «Шоҳмансур» боздошт шуда, ҳамроҳаш ба гумони даст доштан ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ боз 5 нафари дигар низ боздошт шуданд. Айни замон парвандаи мазкур мавриди тафтиш қарор дошта, зиёни расида ба давлат муайян карда мешавад.

Бо амри президенти Тоҷикистон аз 4 апрел Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президент бидуни зикри сабаб озод карда шудааст.

Муовини роҳбари Маркази иттилоотӣ-техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Нодир Мирзоев бо баҳонаи вақт надоштан аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид.

Ба ширкатҳои сабткунанда маълум нест, ки бо кадом сабабҳо бақайдгирии номҳои доменӣ дар минтақаи TJ сурат намегирад.

Яке аз менеҷерҳои ширкати сабткунанда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муддати 3 моҳ онҳо барои дастрас кардани домен 50 дархост гирифтаанд. «Аммо дар дастгоҳи иҷроия ба мо гуфтанд, ки бинобар сабаби аз мансаб сабукдӯш шудани Қадамҷон Сафизода, сабти доменҳо ҳам боздошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба мо намегӯянд, ки сабти доменҳо кай барқарор мешавад», — иброз дошт намояндаи ширкат.

Давоми се соҳи соли 2016 дар минтақаи интернети TJ 276 домен сабт шуда, намояндаи яке аз ширкатҳои сабткунанда бидуни ифшои ному насаб иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти онҳо, бақайдгирии доменҳо дар робита ба ба бинои дигар кӯчонидани дастгоҳи иҷроияи президент боздошта шудааст.

Тибқи фарзияи боз яке аз ширкатҳо, ин ҳолат барои он ба вуҷуд омадааст, ки айни замон маъмурияти минтақаи интернети TJ иваз мешавад. «То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, сабти доменҳои TJ ба ихтиёри Хадамоти алоқа дода мешавад ва бинобар сабаби айни замон ҳаллу фасл шудани масъалаҳои ҳуҷчатгузорӣ, бақайдгирӣ мутаваққиф шудааст», — шарҳ медиҳанд чунин вазъро иштирокчиёни ин бозор.

Ёдрас мекунем, ки нахустин доменҳо дар минтақаи интернети TJ — babilon-m.tj, babilon-t.tj ва babilon.tj 29 январи соли 2004 ба қайд гирифта шуданд. Айни замон дар минтақаи интернети TJ ҳудуди 7,6 ҳазор номҳои доменӣ сабт шудааст.

https://news.tj/news/tajikistan/economic/20160707/sabti-domen-o-ba-ikhtieri-khadamoti-alo-meguzarad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *