Суҳроби Зиё, хабарнигори тоҷик, узви Комиссияи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо нишони эътироз аз ҳайати комиссияи мазкур хориҷ гардида, муайян намудани барандагони ҷоизаро «саҳнасозӣ» ном бурдааст.
Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки аз забони дигарҳо шунидааст, ки узви ин комиссия будааст.
Дар тасдиқи ин гуфтаҳо Суҳроби Зиё ба TojNews гуфт: «Як ҳафта пеш аз рӯзи матбуот ду-се нафар занг зада гуфтанд, ки шумо узви ин комиссия ҳастед. Гуфтам, ки аз ин хабар надорам. Дар аввал фикр кардам, ки шояд шӯхӣ мекунанд. Ин суолро ба такрор чанд нафар пурсид, як каме шакку шубҳа пайдо шуд. Аммо ман фикр кардам ки агар узви ин коммисия бошам ҳатман дар ҷаласаҳояшон даъват мекунанд, агар даъват карданд пас пайгирӣ мекунем, ки маро кай ва дар чи шароит ба узвияти ин комиссия ворид кардаанд. Вале ҳеҷ даъвате нашуд».
Дар идома ӯ зикр мекунад, ки 7-уми марти соли равон дар Иттифоқи нависандагон тасодуфан бо Умари Шерхон, Раиси комиссияи ҷоизаи Лоҳутӣ вохӯрдам. Умари Шерхон аз ӯ шумораи телефонашро мепурсад, аммо дар бораи узвияти Суҳроби Зиё сухан намекунад.
Суҳроби Зиё мегӯяд: «Вақте Умари Шерхон дар ин бора ҳеҷ чиз нагуфт, хулоса кардам, ки воқеан, ин хабар дурӯғ аст. Баъде, ки атрофи барандаҳои ҷоизаи Лоҳутӣ сарусадоҳо зиёд шуд, аз Умари Шерхон пурсидам, ки оё сарусадоҳо дар бораи он ки ман узви комиссияи ҷоизаи Лоҳутӣ ҳастам дуруст аст ё не? Суол кардам, ки кӣ маро ба он дохил кардааст. Ӯ гуфт ки намедонам.
Сипас ман пурсидам, ки агар ман узви ин комиссия будам пас барои чӣ маро ягон бор даъват накардед, ӯ гуфт, мо шуморо пайдо карда натавонистем. Маҷбур шудам, ки эълон кунам, ки ман дар ягон ҷаласаи ин комиссия иштирок накардам ва ин ҳамааш як саҳнасозӣ аст. Аз узвияти комиссияе ки ҳеҷ гоҳ дар кори он иштирок накардаам ва намедонам маро чи вақт ба он дохил кардаанд, даст мекашам».
Ин ҳарфҳоро Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ рад намекунад. Тавре ӯ мегӯяд: «он чизе ки Суҳроби Зиё мегӯянд дуруст аст. Мутаассифона дар вақти муайян кардани ҷоизаҳо мо он касро пайдо карда натавонистем».
Раиси ИЖТ аз ифшои ному насаби дигар аъзои комиссия худдорӣ кард. Таъкид дошт, ки ҳайати комиссияро бо далели фишор наовардан, ягон вақт эълон накардаем ва ифшо намекунем. ИЖТ дар назар дорад, ки ҳайати комиссияро пурра иваз намояд.
Дар атрофи он, ки соли равон барандагони ҷоизаи мазкур ҳамагӣ аз расонаҳои ҳукуматӣ мебошанд, Акбаралӣ Сатторов гуфт, ки ҳеч кас аз расонаҳои ғайриҳукуматӣ мавод пешниҳод накарда буд.
— Низомнома талаб мекунад, ки ба касе ҷоиза дода мешавад, ки ӯ муроҷиат карда бошад. Агар нашрияҳои мустақил ва намояндагони онҳо муроҷиат накарда бошанд, ин айби мо нест. Бубинед, солҳои ахир чанд нафар аз нашрияҳои мустақил ба монанади Абдуқаюми Қаюмзод, Зафари Суфӣ ба ҷоиза соҳиб шуда буданд. Имсол ягон намояндаи нашрияи мустақил ҳуҷҷатҳои худро ба озмун пешниҳод накард. Пеш аз онки даъво мекунанд ақалан пешниҳод кунанд. Баъд мо мебинем ки то кадом дараҷа арзанда аст, — таъкид мекунад ӯ.
Ҳуринисо Ализода, узви Раёсати ИЖТ низ аз натиҷаи имсолаи фаъолияти комиссия ризо нест. Ӯ ҳам мегӯяд, ки солҳои қабл ҷоизадорон бо Раёсати ИЖТ мувофиқа мегардид, аммо имсол аз он хабаре надоштам. Аз сӯҳбаташ бо Акбаралӣ Сатторов чунин нақл мекунад:
— Ман ба Акбаралӣ Сатторов гуфтам, ки барои интихоботи ин нафарон моро сарзаниш мекунанд, ӯ бошад гуфт, ки ба ин чизҳо одат кардааст. Хусусан, ӯро сарзаниш кардам, ки дар бахши журналистикаи тадқиқотӣ чаро Ҷовид Муқим неву як нафари дигарро сазовор донистааст. Наход, Ҷовид Муқим ки солҳо дар ин соҳа кор кардааст, журналистикаи тадқиқотиро баробари ин нафаре ки ман номашро якум бора мешунавам лоиқ надонад. Ин номро (барандаи Ҷоиза) дар журналистика намедонам. Чихел як нафаре, ки касе ӯро намешнисосад, ҷоизаи баландтарини жур-каро мегирад? Акбари Саттор ба ман ишора кард, ки гӯё дар баъзе масъалаҳо ба ӯ фишор оварда бошанд. Ман бо ҷойҳои гуфтаи Акбари Саттор занг задам, аммо онҳо гуфтанд, ки натанҳо мо фишор овардаем балки аз ин чиз умуман дарак надорем».
Акбари Саттор ба Ҳуринисо Ализода гуфтааст, ки ин навбат нахостем, ки шуморо ташвиш диҳем.
Пас, ин суол боқӣ мемонад, ки имсол барои муайян кардани барандагони баландтарин ҷоизаи журналистӣ дар Тоҷикистон ИЖТ дар баробари Суҳроби Зиё, узви Комиссия ва Ҳуринисо Ализода, узви Раёсати ИЖТ чанд нафар аз аъзои Комиссия ва Раёсатро ташвиш надода бошад?