Рӯзи сиёҳи нияти пок

Таъсиси телевизони муштараки форсизабононро метавон номуваффақтарин лоиҳаҳои ҳамдастии се кишвари ҳамзабон унвон кард. Ин тарҳ, ки нахустин бор моҳи сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе байни сарварони се кишвари форсизабон-Тоҷикистону Эрону Афғонистон матраҳ шуд, манзалату вазни сухану қарордоди раисони се ҷумҳурро бо дарҳамбарҳамиҳои пешомада ва наздики панҷ соли нокомӣ пойин бурд. Акнун дар ин майдони ҳамкории се ҷониб яке аз муваззафшудагони амалисозии ин тарҳ Алиасғари Шеърдӯст худро тани танҳо мебинад. Дар мизи мудавваре, ки бо тасмими намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе доир гашт, мушкилоти ба таъхир афтодани ифтитоҳи телевизиони муштараки форсизабонон «Наврӯз» баррасӣ шуда, гилагузориҳои зиёдеро ба бор оварда сифати ҳукуматҳои се кишварро ба намоиш гузошт…

[b]Қадами ҷиддии Эрону канораҷӯйии Афғонистон[/b]

Зарурати таъсиси телевизиони муштараки форсизабонон пешниҳоди қӯҳнаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз забони Маҳмуди Аҳмадинажод садо доду хуш қабул шуд. Аммо амалисозии ин тарҳ муаммои сарбастаро мемонад, ки кас намедонад нуги калоба дар дасти кист. Гуфта мешавад, ки дар қадамҳои аввали амалисозии ин тарҳ масъулияти пешбурди корро дар ин самт аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон сафири он дар Тоҷикистон Алиасғари ШЕЪРДӯСТ, намояндаи Тоҷикистон мушовири давлатии Президенти кишвар Сайидмурод ФАТТОЕВ ва масъулияти ҷониби дигарро муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Афғонистон Сайиднозири АҲМАДӣ бар дӯш гирифтаанд. Дар ҳамин лаҳзаҳои аввал Президенти кишвар аз сарони ду давлати ҳамзабон даъват ба амал овард, ки маркази ин телевизон шаҳри Душанбе бошад. Ҳамин буд, ки ҷониби Тоҷикистон муваззаф шуд, ки макони қароргоҳи телевизионро таъмин намояду давлати Эрон таъмини васоили техникии онро. Дар назар будааст, ки Афғонистон таъминоти моҳвораиро ба дӯш дошта бошад. Вале, ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст мақомоти марбутаи Эрон то ҷойи имкон вазифаҳои худро дар мисоли таъмини таҷҳизотҳо амалӣ ва ҳатто зиёдтар аз он гардонида истодааст, вале ҷониби Афғонистон аз лаҳзаи имзои қарордоди сарони давлатҳо то ин замон баъди гузаронидани ду ҷаласаи васеъ ҳам мавқеи худро рӯшан накардааст.

— Бояд барои таҳияи барномаҳо бо тавлидоти муштарак ва эҷоди дафтаре дар Кобул амалиётҳои лозим анҷом бигирад. Аммо ҳанӯз ҷониби Афғонистон намехоҳанд дар ин саҳна ворид бишаванд, — мегӯяд ӯ.

Ба изҳори сафир, таъкиди Аҳмадинажод ҳам буд, ки мо вақте мегӯем шабакаи муштараки форсизабонон, ғойиб будани Афғонистон дуруст нест. Алиасғари Шеърдӯст нахуст аз мақомоти баландпояи Афғонистон дар кундии амалишавии телевизион шиква карда, гуфт, ки ахиран хостори мулоқот шуданаш сари ин масъала бо Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки чанде бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, бенатиҷа будааст.

[b]Асадулло Раҳмон нота мехоҳад[/b]

Мутобиқи қарордоди ҷонибҳо Кумитаҳои садову симои ҳар се кишвар ӯҳдадор шудаанд, ки амалисозии ин тарҳро бароҳ монанд. Вале ба гуфтаи Алиасғари Шеърдӯст он ҳамкориеро ҳам, ки дар назар буд бо Кумитаи радио телевизиони Тоҷикистон бошад, надидаанд.

— Дар ҳақиқат табақае аз бинои шабакаи «Баҳористон» ба мо доданд, ки барояшон қобили истифода набуд. Баъзе васоили сохтмон ҳам дар он маҳал рехта шуда буд. Аввал гуфтанд, ки мо худамон таъмир мекунем. Муддате мунтазир мондем. Чун дидем, ки амале накарданд, худи тарфи Ҷумҳурии исломии Эрон шӯрӯъ ба таъмири ин бино кард. Системаи барқаш аз замони шӯравӣ буд. Ҳамаи кораш кулия тармим шуд. Мо агар дар як замини холӣ корро шурӯъ мекардем, осонтар ва бароямон хеле камхарҷтар мебуд. Вале чун онҷоро бароямон вогузор карда буданд, мо ночор будем, ки онҷоро омода ба кор бикунем», — гуфт сафир.

Баръакси ҳолате, ки раиси Кумитаи радио телевизион Асадулло Раҳмон чанде пеш дар мусоҳибае Эронро муттаҳами адами ҳамкорӣ кардааст, ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст раиси Кумита ҳатто ба зангҳои телефонияш ҷавоб намедодааст.

— Мо як моҳ талош кардем, ки бо эшон як ҷаласа бигзорем. Ба мо гуфтанд, ки бояд ёдошти расмӣ бидиҳед. Аслан дар кори барномасозӣ набояд чунин бошад. Нотаи расмӣ мо фақат барои мулоқоти мақомоте медиҳем, ки як бор меҳоҳанд биёянд инҷо. Мо ҳар рӯз бояд чунин ҷаласот дошта бошем. Дар ин миён алъон шонздаҳ ҳайати расмӣ аз Эрон, Олмон, Ҳоланд омаданд инҷо, ҳолатро боздид карданд. Ҳамин алъон, ки ман бо шумо сӯҳбат мекунам, як ҳайати муҳиме аз Олмон инҷо аст. Як ҳайати муҳиме аз Эрон ҳам омадаанд. Дӯстонамон ҳастанд, ки на харҷ бикунанд, мизбонӣ бикунанд, балки меомаданд, ки мо намояндаи телевизиони Тоҷикистон ҳастем, шумо ки омадед инҷову ин корҳоро анҷом медиҳед, хушомадед, вале афсӯс. Ман узрхоҳӣ мекунам, се-чор нафаре наҳор дар хонаи ман буданд. Олмониҳо дӯст медоранд, ки як хонаи тоҷикистонӣ бубинад. Ман онҳоро даъват кардам ба хонаи худ.

Аслан дӯст намедоштам, ки инҷо гилояе матраҳ бишавад, аммо ҳақиқатан дилозурда шудам. Ман дар ин майдон танҳо ва шахси ман танҳо ҳастам. Афғонистон худашро берун кашида канор. Тоҷикистон, ки мо инҷо меҳмонашон ҳастем, телевизион дуруст мекунем, ҳайате, ки омаданд, ҳоло ду муовини радио телевизиони Эрон дар инҷо ҳастанд, як ронадаашонро нафиристоданд фурудгоҳ, ки бигӯяд «оғо омадед, хуш омадед». Як бор оғои Асадулло Раҳмон дар сӯҳбат бо ман нашуд, ки ту ки инҷо масъулияти ин корро ба ӯҳда дорӣ, ҳолат чӣ ҷурӣ аст? Мо хеле вақтҳо то соати 12 шаб дар он макони телевизион будем. Бачаҳои «Баҳористон шоҳиданд», меоянд баъзе вақтҳо мебинаду мегӯяд: «Худо қувват!», Як бор Асадулло Раҳмон наомаданд, ки чунин гӯянд. Боз ине, ки мегӯянд ҷониби Эрон ҳеҷ коре накардаст, ман мегӯям, ки ҷаноби Асадулло Раҳмон, шумо чӣ коре кардаед? Мо ки омадем кор бикунем инҷо. Ман намехоҳам гилоя бикунам. Агар Асадулло Раҳмон ин масъаларо матраҳ накарда буд, ман матраҳ намекардам. Ҳоло ки муовинашон инҷост, мепурсам, ки ба чуз ду табақа аз як сохтмони фарсуда барои ин телевизион чӣ коре карданд? Чаро инҷо наомаданд то мо рӯ ба рӯ сӯҳбат дошта бошем? Ман аз Вазорати корҳои хориҷӣ дархост мекунам, ки сӯҳбати моро бо Асадулло Раҳмон ҳамоҳанг созад, — бо шикваи зиёд дархост кард сафир.

Муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Ҳабибулло НОЗИРӣ, ки дар нишаст бо сафири Эрон ширкат дошт, дар посухи суханони сафир гуфт:

— Ростӣ, ман ба пуррагӣ огоҳ нестам. Ман пеш аз омадан омӯхтам, дар ин бора гуфта мешавад, ки биноро бояд Тоҷикистон омода кунад, таҷҳизотро Эрон ва моҳвораро Афғонистон. Дар ҳамин ҳудуд ман маълумот дорам, маълумоти зиёде надорам. Он чӣ ки Алиасғари Шеърдӯст гуфтанд, ман нав огоҳӣ ёфтам, пешниҳоди ҷаноби Шеърдӯстро ба раиси Кумитаи радио телевизион ва шахсони масъули мақомот мерасонам, мо ба ҳам меоем, дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем.

[b]Хомӯшии шубҳаноки Фаттоев[/b]

Ба изҳори Алиасғари Шеърдӯст мушовири Президенти кишвар Сайидмурод Фатттоев ҳам, ки масъули ҷониби Тоҷикистон дар амалисозии ин тарҳ аст, хомӯшӣ ихтиёр кардааст.

— Ман ду се бор бо Сайидмурод Фаттоев сари ин мавзӯъ мулоқот кардам. Чанд матлабро аз онҳо хостам. Яке ин буд, ки ин маҳали телевизион кӯчак асту ё онро такмил бикунем, то мо битавонем таҳририяву студиёро дар онҷо мустақар бикунем ё маҳалле бидиҳед, ки мо бихарем. Мутаассифона аввалин матлаб, ки масъалаи ҷой буд, ҳанӯз ҳал нашудааст. Дигар дархостамон ин буд, ки як ҷаласоте бо масъулини радио телевизион дошта бошем, то барномасозон бояд бишинаду нақшаҳояшонро ҳамоҳанг бикунанд.Эшон қабул карданду гуфтанд, ки дастур медиҳанд, то ин иттифоқ биуфтад. Матлаби севум он буд, ки як таърихеро муайян бикунанд, ки дар ин рӯз телевизиони Наврӯз бояд ифтитоҳ бишавад. Мутаассифона аз Фаттоев ҷавобе нагирифтем, — изҳор дошт сафир.

Ба гуфтаи сафири Ирон муҳимияти мушаххас шудани саннаи ифтитоҳи телевизион, ки мутобиқи қарордод бо ду ширкати ду ширкати хориҷӣ онҳо 45 рӯз қабл аз замони шурӯъи кор бояд инҷо оянду 20 рӯз таҷҳизотро насб кунанд, 25-рӯз таҷриба баранд ва як моҳи аввал қарордод аст, ки болои сари дастгоҳҳо бошанд.

Дар ин баробар Алиасғари Шеърдӯст масъалаи воридоти таҷҳизотро низ мувоҷеҳ ба мушкилот хонд. ӯ гуфт, ки барои ворид кардани таҷҳизотҳои зарурӣ аз Олмон бо сафири Тоҷикистон дар Берлин ва раиси ширкати «Сомон-Эйр» сӯҳбат доштааст, вале мутаассифона натиҷае набахшидааст.

— Ба ҳар ҳол, ҳоло мо мехоҳем рӯзи мушахаси пахши телевизионро маълум кунанд, то барномасозиҳои аввалияро анҷом бидиҳем, — мегӯяд сафир.

Бояд гуфт, ки аз аз оғози қарордоди ин тарҳ борҳост, ки саннаи ифтитоҳи телевизион маълуму баъд номаълум қафо партофта мешавад. Бори ахир қарор буд, ки он дар арафаи рӯзҳои Наврӯз ифтитоҳ шавад ва шояд «Наврӯз» ном гирифтани телевизиони муштарк ҳам бар ин асос буд. Акнун ба асоси тасмигириҳои аввалия раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Аҳмадинажод ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидори Наврӯзии худ дар Теҳрон тавофуқ ва таъкид кардаанд, ки ифтитоҳи озмоишии ин шабака дар моҳои наздик, пеш аз оғози 20-умин солгарди ҷашни истиқлол сурат бигирад.

[b]Хостаҳои ҳукумат болост ё ҷомеа?[/b]

Ба андешаи иштирокчии мизи мудаввар коршинос Саймиддин Дӯстов таъсиси телевизиони муштарак афсонаи халқи тоҷикро ба хотир меорад. Ба андешаи ӯ, ин ҳамон қиссаи ба шавҳар додани духтари Лаку Пак аст, ки намедонад ҳоло духтарашон дар синфи ҳафт-ҳашт мехонаду синаш ба шавҳар нарасидааст.

— Орзуи фарҳангиёни се кишвар, ки зарурати мавҷудияти як телевизиони муштаракаро эҳсос мекарданд, чун ба дасти ҳукуматҳои ин давлатҳо расид, шарманда шуд. Соли панҷум аст, ки дар ин бора мақомдорон сухан мегӯянду ба натиҷае нарасидаанд. Ба назри инҷониб сабаби асосӣ сифат ва хостаҳои ин ҳукуматҳост. Ман ба он боварам, ки ҳар пружа, ки мисли ин телевизион ба он аз нигоҳи ҳукуматҳо ҳамчун ба абзори сиёсӣ назар афканда мешавад ва ба он аз ҳамин зовия баҳо медиҳанд, номуваффақ хоҳад буд. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон хостаҳои худро дорад, Ҷумҳурии исломии Эрон хостаҳои худро, ҳукумати Карзай хостаҳои худро, вале мусаллам аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ҳам ҳама хостаҳои худро доранд. Беҳтар мебуд, ки ин ҳукуматҳо ба хостаҳои ҷомеаҳои ин кишварҳо такя мекарданд ва бо ҷалби фарҳангиён ин тарҳро амалӣ мекарданд, — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, гумон аст, ки «ин телевизион баъди ба истифода дода шудан ҳам диққати ҳазоронро ҷалб кунаду боиси таваҷҷӯҳ бошад, зеро ин телевизион телевизиони ҳукуматҳои ин давлатҳо хоҳад буду хостаҳои ин ҳукуматҳо на ҳама вақт баёнгари манфиатҳои миллианд. Ин тарҳ бояд тарҳи ҷамъиятӣ бишавад, вагарна ҳич асаре дар муҳити итилоотӣ нахоҳад дошт».

[b]Роҳи қафо гаштан нест…[/b]

Бовуҷуди, Алиасғари Шеърдӯст ба он бовар аст, ки чун ин кор дар сатҳи сарварони давлат матраҳ гардидааст, амалӣ шуданист.

ӯ он андешаеро ҳам, ки шояд дар барномасозиву пахши намоиш барои мардуми Афғонистон мушкили забонӣ пеш ояд, сода шуморида мегӯяд, ки метавон ҳамон барномаҳоро дар баробари забони форсии дарӣ бо забони пашту низ таҳия кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Назари дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бояд ҳукуматҳо дар амалисозии ин тарҳ ба ширкатҳои хусусӣ такя кунанд, зеро дар ягон длавлат телевизионҳои ҳукуматӣ муваффақ набуданду намешаванд.

Дар ҳама ҳолат, амалисозии тарҳи телевизиони муштарак муҳиму ҷиддисту дар ҳолати хаёли хом шудани он ҳадси ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамфарҳангӣ зери суол мемонад.

«Нигоҳ»

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14694

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *