[b]Радиои мустақили мавсум ба «Имрӯз» 4 сола шуд. Барои аввалин маротиба барномаи нахустини ин расона 9-уми августи соли 2007 рӯйи мавҷи 107,4 FM дар Душанбе пахш гардида буд. Тӯли чор соли фаъолият дар фазои иттиллотии кишвар ин расона тавонист ҳаводорони зиёдеро пайдо кунад. Дар арафаи таҷлили чорсолагии радиои мазкур хабарнигори «Озодагон» бо Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати «Ориёно-Медиа», ки муассиси радиои «Имрӯз» маҳсуб мегардад, мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод. Инак, фишурдаи онро пешниҳоди шумо мекунем.[/b]
[b]Озодагон: Аввалан шуморо ҳамчун сарвари радиои «Имрӯз» ба 4-солагии он табрик мегӯем. Ва ҳоло бигӯед, ки идеяи таъсиси як чунин расона кай пайдо шуд ва ҳадаф аслан чӣ буд?[/b]
[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Идеяи таъсиси шабакаи хусусӣ чор сол пеш пайдо шуд. Мақсад аз таъсиси он ба вуҷуд овардани як радиои иттилоотӣ буд. То он вақт ҳамаи радиостансияҳое, ки таъсис ёфта буданд, расонаҳои фароғатӣ-мусиқӣ буданд. Мо зарур ҳисобидем, ки як радиое таъсис диҳем, ки ҳар як 15-дақиқа пас барои мардум иттилоъ расонад. Чунки мо иттилоъро зарур меҳисобидем ва имрӯз ҳам дар ҳамин ақида ҳастем, ки иттилоъ қобили он аст, ки дар ҷомеъа дигаргуниро ба вуҷуд биёрад. Ҳар як фарде, ки мехоҳад имрӯз ҷомеааш гирифтори якрангӣ набошад, тасмим мегирад, ки ҳамин якрангиро барҳам занад ва мо ин тасмимро гирифтем.
[b]Озодагон: Дар саргаҳи таъсиси ин кор, яъне созмон додани радиои «Имрӯз» киҳо ба шумо буданд?[/b]
[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Дар созмон додани ин радиостансия асосан ягон нафаре набуд, ки бо ман паҳлӯ ба паҳлӯ ин идеяро ба вуҷуд оварда бошад. Баъдан нафароне, ки дар радиои мазкур кор мекарданд, барои ташаккулли ин радиостансия ва шаклан дигар кардан хизмат карданд. Ин идеяи як нафар буд, аммо шакл гирифтан ва соҳиби шунаванда шуданаш хизмати ҳайати дастаи 24 нафараи коргарон мебошад.
[b]Озодагон: Радиои «Имрӯз»-и соли 2011 аз радиои «Имрӯз»-и 2007 фарқи куллӣ дорад, тафовут ба назари шумо дар чист?[/b]
[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Радиостансия агар якнавохт бошад ва дар як ҷо истад, вай оянда надорад. Радиои «Имрӯз» ҳам ҳамин гуна аст, ҳар рӯз тағйир мепазирад ва ҳеч гоҳ радиостансияи имрӯзро ба дирӯзи он муқоиса карда намешавад. Бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки инро шунавандагони радиои «Имрӯз» ба хубӣ эҳсос карданд, ки радиои имрӯз аз дирӯз чӣ фарқ дорад. Албатта барномаҳои нав пайдо шуданд.
Радиои «Имрӯз» 9-уми августи соли 2007 таъсис ёфт ва имсол 4 сола шуд. Агар ман ҳоло гуям, ки радиои соли 2007 аз радиои «Имрӯз»-и соли 2011 ягон фарқ надорад, ин як фикри бемантиқ мебошад ва радиостансияе, ки давоми 4 сол тараққӣ накардаасту дигар нашудааст пас ӯ чӣ гуна метавонад, даъвои онро дошта бошад, ки воқеан дар фазои иттилоотӣ саҳм дорад. Албатта, тарзи пешниҳоди барномаҳо тағйир ёфтаанд, базаи мусиқӣ дигар шуд ва ҳайати эҷодӣ низ дигар гардид, яъне рӯз то рӯз дар тағйирёбӣ мебошад. Муҳим он аст, ки радиои «Имрӯз» бо як шеваи зиндагии мардум табдил ёфт ва мардум аз он барои таъмин намудани ниёзҳои иттилоотии худ истифода мекунанд.
[b]Озодагон: Радиои «Имрӯз» он ҳадафҳое, ки дошт имрӯз ба он ҳадафҳо расид?[/b]
[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Вақте ки шахс мегӯяд, ки ман ба ҳадафи ниҳоиям расидам, фикр мекунам, эстафетаи ӯ тамом мешавад. Новобаста ба оне ки ӯ роҳбари як идора аст, ё эҷодкор. Ҳамчунин дастгоҳи иттиллотӣ низ ҳеч гоҳ наметавонад аз оғоз то ба анҷом як ҳадафи ягона дошта бошад. Ҳар рӯз ҳадафҳо тағйир меёбанд, мақсадҳои нав пайдо мешаванд. Радиои «Имрӯз» ҳамин гуна аст, ҳадафҳои он вобаста ба ниёзҳои ҷомеъа тавлид мешаванд.
[b]Озодагон: Чаро формати ахбор (шеваи пахши он) тағйир ёфт?[/b]
[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Албатта, ҳама шоҳиди он будем, ки радиои «Имрӯз» мавриди фишору тазъиқ қарор гирифт. Ҳоло ҳама мехоҳанд, ин тағйирёбии форматро марбут ба он донанд, ки радиои «Имрӯз» аз интиқод даст кашид бошад. Не, радиои «Имрӯз» ҳанӯз ҳам ҳамон самтеро, ки интихоб карда буд, бо он меравад. Аслан гӯем, самти мо он қадар ахборӣ нест, мо хабарҳои муфассалтар пешниҳод мекунем. Хабарҳое, ки миёни гузориш ва хабари кӯтоҳ ҳастанд, таҳия мекунем ва дар мӯҳтавои ин хабарҳо мо матнро ба самъи мардум мерасонем. Мо ба хулосае омадем, ки барои мардум танҳо таъмини фактҳо (далел) кифоя мекунад. Чунки дар таҷрибаи пешин мо ҳадафи омӯзандагӣ доштем, ҳанӯз мардум омода набуд, ки ҳар як 15 дақиқа гузоришу хабар бишнавад. Лекин мо ин корро кардем, ин формат ҳануз маълум набуд, ки аз ҷиҳати молӣ ниёзҳои ширкатро таъмин мекунанд ё не, бинобар ҳамин марҳилаҳои дигар падид омад, яъне мо ба хабарҳои кӯтоҳ гузаштем. Аз имсол радиои «Имрӯз» боз тағйироти мавзӯъӣ мебинад. Имрӯз таҷрибаҳо нишон доданд, ки акнун мардум тамоман ба шакли нави радиои иттилоотӣ ниёз дорад ва шунавандаҳо дар рӯзҳои наздиктарин шоҳиди он мешаванд, ки он тағйиротҳои чӣ аст?
[b]Озодагон: Сабаби чанд бор мутаваққиф шудани фаъолияти радио дар чӣ буд? [/b]
[b]Рустами Ҷонӣ:[/b] Аввалан, дар оғоз касе аз мақомот омода набуд, ки ҳарфи ростро шунавад, ҳамчунин дастгоҳи иттилоотие набуд, ки рост гӯяд. Ин рост гуфтан ба зарари бисёр шахсони алоҳида буд. Албатта, ин шахсони алоҳида чун душмани ростгуӣ намехостанд, ки чеҳраи онҳо боз шавад ва ин ростгӯиҳо ба бисёриҳо намефорид. Имрӯз баъзе мақомоте ҳастанд, ки ба матбуоти озод бо як назар ва рӯҳияи ташвишомез баҳо медиҳанд. Ҳанӯз ҳам дар мафкураи онҳо матбуоти озод омили бенизомӣ дар ҷомеъа аст. Ин дар заминаи он ақидаҳое гуфта мешавад, ки гуё маҳз ҳаракатҳо ва фаъолиятҳои журналистика дар солҳои 90-и асри гузашта заминаҳои ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Ман инро бо камоли масъулият андешаи бемантиқ медонам. Ҳеч гоҳ журналист омили ба вуҷуд омадани ин ҷанг набуд, аммо бархе аз сиёсатмадорон ҷои он ки ин айбро дар фаъолитҳои худ ҷустуҷӯ кунанд, кӯшиш мекунанд, ки ин айбро ба гардани як гурӯҳ ва табақае, ки зарфияту тавоноиаш камтар аст, бор кунанд.
Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоев
Источник: http://ozodagon.com/suhbati-ruz/1737—lr-