Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баъди дахолати шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дастрасӣ ба Вайберро барқарор кардааст.
Рустами Эмомалӣ се моҳ пеш барои тамос бо сокинон дар Вайбер канали махсус кушода буд ва Хадамоти алоқа бо бастани Вайбер шаҳрдори Душанберо низ аз имкони тамос бо мардум маҳрум кард.
Хадамоти алоқа маҳз дар пайи дахолати раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷбур шуд, ки баъди ҳамагӣ ду рӯз тасмимаш дар мавриди қисман маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи Вайберро бознигарӣ карда, ин мессенҷери маъруфро пурра барқарор кунад.
Комиссияи давлатие, ки барои санҷиши иқдомҳои ахири Бег Сабур ва Хадамоти алоқа, аз ҷумла тафтиши қонунияти қатъи рақамҳои НҶН ташкил шуда буд, низ ба Хадамоти алоқа машварат додааст, ки то анҷоми ин тафтиш дигар чунин ташаббусҳои носанҷида ва бехудона накунад.
Як манбаи мӯътамад ба хабарнигорон гуфтааст: «Як омил, албатта, вокуниши шадидан манфии корбарон ба бастани Вайбер ва ба масхара кашидани ин қарори Бег Сабур буд, албатта. Чунки бастани Вайбер ва мессенҷерҳои дигар дар асри 21 ба сари худ як хандахариш аст ва ҳукуматро зери тозиёнаи танқид қарор дод. Аз тарафи дигар, Бег Сабур вақте ба бастани Вайбер иқдом кард, як чизро фаромӯш кард, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣтоза дар моҳи октябр дар Вайбер як рақами махсус кушода буд, то шаҳрвандон битавонанд шикоятҳои худро озодона ба шаҳрдорӣбирасонанд. Бастани Вайбер ин канали тамос бо мардумро низ аз байн бурд, ки агар малеҳтар карда бигӯем, худаш як хатои сиёсӣаз ҷониби Хадамоти алоқа буд.”
Мақомоти шаҳрдорӣ ва Хадамоти алоқа то ҳол ин хабари баъди дахолати Рустами Эмомалӣ барқарор шудани шабакаи Вайбер дар Тоҷикистонро расман шарҳ надодаанд.
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 27 ноябр дар як ҷаласа аз ширкатҳои мобил талаб карда буд, ки «барои амнияти давлат” телефонҳои НҶН-ро бубанданд. Дар ҳамон ҷаласа Бег Сабур ҳамчунин ба ширкатҳои мобил дастур дод, то роҳҳои бастани мессенҷерҳои маъруфе, чун Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO-ро низ биомӯзанд.
Хадамоти алоқа дар нимаи аввали моҳи декабр ширкатҳои «Вавилон”, «Истэра”, «Мегафон” ва «Интерком”-ро маҷбур кард, ки рақамҳои дар хориҷ қарордоштаи НҶН-ро банданд. Ин ниҳод рӯзи 18 декабр қароре баровард, ки бар асоси он, 10 ширкат комилан аз иҷозатнома барои телефонҳои НҶН маҳрум карда шуданд.
Коршиносони соҳаи мухобирот бастани НҶН ва мессенҷерҳо аз ҷониби Бег Сабурро ба боди масхара мекашанд ва мегӯянд, ки ин Бег Сабур дар ин ҷангаш бо пешрафтҳои фанноварӣ ба ҷанги Дон Кихот бо осиёб мемонад. Ба ақидаи коршиносон, масдуд кардани як, ду, се ва ҳатто даҳу сад мессенҷер дар ин асри пешрафтҳои фаннӣ натиҷае намедиҳад, чунки ба ҷои онҳо мессенҷерҳои нав ба наве рӯи кор хоҳанд омад.
Ҳамин тавр, ба «амнияти давлат” рабт доштани ин масъаларо низ мутахассисон зери суол мебаранд ва мегӯянд, сабаб дар асл кам шудани даромади Хадамоти алоқа аз ҳисоби монополияи зангҳои байналмилалист. Баъди таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии Хадамоти алоқа ва тавассути он анҷом шудани зангҳо ба хориҷ, арзиши гуфтугӯҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба шиддат боло рафт ва аз як сомонӣ барои як дақиқа гузашт. Дар натиҷа, мардум аз зангҳои мустақими телефонӣ даст кашида, ба НҶН ва мессенҷҷерҳое, чун Viber, WhatsApp, Telegram ва IMO, ки имкони сӯҳбати ройгонро фароҳам меоранд, рӯ оварданд.
Ахиран Авазхон Зайниддинов, сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқа дар бораи сабабҳои бастани рақамҳои NGH гуфт, NGH алоқаи пастсифат буд ва … ба саломатии мардум зарар дошт.
http://tajikistantimes.tj/tajikistan/rustami-emomal-hatoi-siyosii-beg-saburro-islo-kard/