Рустами Ҷонӣ: Миёни расонаҳоро андоз мешиканад

Рустами Ҷонӣ, муассиси ягона рӯзномаи Тоҷикистон ва собиқ директори генералии “Ориёно Медиа” дар бораи шебу фарози рӯзномадорӣ, дар садади нашри 1000-умин шумораи “ИмрӯзNews” дар суҳбат бо TojNews нақл кард.   

— Вақте “ИмрӯзNews” ташкил шуд, дар ҷомеаи журналистии тоҷик таъсиси рӯзнома “девонагӣ” менамуд. Ҳатто як чизи қобили мулоҳиза дониста намешуд. Кам набуданд, онҳое, ки ҳадс мезаданд, ки ин кор шояд на беш аз як ё ду — моҳ идома кунад.

Аз ин 5 соли фаъолият чӣ хулоса бардоштед? Оё дар Тоҷикистон боз як рӯзномаи муваффақ кардан имкон дорад? Ё барои ташкили як рӯзномаи муваффақи дигар чи монеаҳо пеш меоянд?

— Вақте мо ин корро сар кардем, ки ин таҷриба вуҷуд надошт. Адами таҷриба чунин фикрро ба вуҷуд овард, ки ин кор ­ғайри имкон аст.

Насли мо насле аст, ки бояд ба пайроҳаҳои мушкил, нигоҳи дигаре дошта бошем. Зиёд мегуфтанд, ки ин миллат қодир нест, ки як рӯзнома дошта бошад. Мо гуфтем, ин миллат имкони нашр кардани даҳҳо рӯзномаро дорад, танҳо қолабҳои шахшударо бояд шикаст.

Дар ин роҳ як таҷрибаи монанд доштам. Вақте радиои «Имрӯз»-ро таъсис додем, дар оғоз рафиқони ман ҳам вақте фаҳмиданд, ки як радиои иттилоотӣ хоҳад буд, мегуфтанд, ки ту шунавандае пайдо намекунӣ. Таҷрибаи таъсиси радио ба ман кӯмак кард, ки ба муваффақ шудани як рӯзнома бовар дошта бошам.

Ҳама гӯё мунтазир буданд, ки билоохира нафаре бояд қадами аввал бигузорад ва рӯзномаро таъсис бидиҳад. Ба худ суол мегузоштам, ки чаро ҳамин нафаре, ки бояд ташаббус нишон бидиҳад, ман набошам?

Рӯзнома баъди ду моҳи нашр як марҳалаи ҷиддиро паси сар кард. Марҳалае буд, ки буҳрони идорӣ ва буҳроне дар миёни коллектив ба вуҷуд омада буд. Нашри рӯзнома мутаваққиф шуд, ба муҳлати чанд рӯзе.

— Бо сабабҳои молӣ?

— Аслан, сабаби молӣ набуд. Ҳамагӣ як моҳ гонорари чанд коргарро надода будем. Воқеан ҳам барои ҳамон рӯз мушкилоти молӣ вуҷуд надошт. Худи рӯзнома даромад меовард. Буҳрони идорӣ сар зад. Ба истеъфои Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири ИмрӯзNews анҷомид…

Аммо, ҷасорати бачаҳо, ҷасорати коллектив ба рӯзнома умри дубора бахшид.

— Яъне имкон буд, ки ҳамон шабу рӯз нашрия дигар ба чоп нарасад…

— Бале. Баъди буҳрону таваққуфи чандрӯза, бачаҳоро навмедӣ фаро гирифта буд. Он вақт ман омада будам, ки тамоми ин лоиҳаро боздорам. Қарзҳое, ки бо бачаҳо буданд, ҳисобӣ кунем. Аммо як маҷлиси ҳамагонӣ дар идора ҳамаро тағйир дод. Дар маҷлис ду шарт гузошта шуд. Яке аз шартҳо ҳамин буд, ки корро таваққуф кунем, бо ҳам ҳисобӣ кунем ва бо ҳамин умри “ИмрӯзNews” тамом. Омода будем, ки бар ивази қарз ба коргарон компютерҳоро ҳам диҳем. Шарти дигар ин буд, ки барои пардохти маош як моҳ муҳлат диҳанд. Гуфтем, ки агар коллектив ба ин шарт ризо бошанд, баъд аз ин дигар мушкили маош пеш нахоҳад омад. Ва мо корро идома медиҳем. Бачаҳо аз худ як ҷасорати ғайриинтизор нишон доданд. Гуфтанд, ки барои бақои рӯзнома мо омодаем, ки бемаош кор кунем. Ман шефтаи ин пуштибониву дастгирӣ шудам. Потенсиали асосии кормандон боқӣ монда буд. Онҳое, ки корҳои асосии нашрияро мекарданд, боқӣ монда буданд. Тасмими кор ҷиддитар шуд. Он замон шумораи кормандон 54 нафар буд, баъд теъдоди онҳоро коҳиш додем, — то 32 нафар.

— Фонди маош чӣ қадар буд?

— Дар як моҳ аз 70-80 ҳазор сомонӣ бештар буд. Ин бидуни андозе, ки мо месупурдем. Бояд иқрор шавам, ки он вақт дар бораи кор дар газета умуман тасаввурот надоштам, чун то он вақт дар радиову телевизион кор мекардам. Ин надонистанҳо боис ба иштибоҳҳо низ шуд.

— Ҳоло гуфтед, ки фонди маоши якмоҳа беш аз 80 ҳазор буд, бо дигар расонаҳои чопии кишвар қобили қиёс нест.

Зиёд мегӯянд, ки Рустами Ҷонӣ бо дастгирии як гурӯҳии молии бузурги кишвар ин тарҳро роҳандозӣ кардааст. Маҳз пӯштибонии молии онҳост, ки бақои рӯзномаро таъмин мекунанд. Ҳоло чӣ мегӯед?

— Таъкид мекунам, ки то ҳол қарзи рӯзнома дар фаъолияти моҳҳои аввалашро пардохт карда истодаам…

Аз як ҳолат ёдовар мешавам, вақте мурофиаи додгоҳии “ИмрӯзNews” бо шикояти ширкати «Тоҷирон» оғоз шуд, ҳимоятгари ҳуқуқии ҷониби «Тоҷирон» ҳуқуқшиноси ба ҳамаи мо шинос Иноят Иноятов буд. Он ҷо як варақаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ аст, ки муассиси рӯзнома кист? Дар ҳамон ҷаласа ба таври расмӣ нишон додам, ки муассис, шахси ҳуқуқии рӯзнома кӣ аст. Он ҷо хонданд: Ҷониев Рустамҷон Саидбурҳонович…

Он вақт гуфтам, ки омодаам, муҳосиботи рӯзномаро ба ихтиёрашон гузорам ва ё нишон бидиҳам, ки кадом гурӯҳ моро дастгирӣ мекунад, ё не.

Воқеан, баъзе зарфитяҳои дастгириву сарпарастии ширкатҳо, ки барои реклом дар радио буд, дар газета истифода мекардем. Дар рӯзҳои аввал саҳифаи иловагии реклом нашр мекардем.

Агар касе дастгирӣ кунад, як сол дастгирӣ мекунад, на чор сол. Баъди рафтани ман аз раҳбарии «Ориёно Медиа» ошкор шуд, ки «ИмрӯзNews» ба кӣ тааллуқ дорад.

Шумо худ таҷрибаи корро дар «ИмрӯзNews» доштед, кай шоҳиди дахолати муассис ба сиёсати рекдаксионӣ будед? Рустами Ҷонӣ субҳ огоҳ мегардид, ки чӣ дар нашрия чоп шудааст.

Сиёсати редаксионие ба роҳ мондем, ки директори генералӣ дар корҳои эҷодӣ нақше надошт. Шӯрои муҳаррирон фаъолият мекард. Онҳо муайян мекарданд, ки кадом мавод нашр шавад, кадомаш не.

Ба ёд меорам, нашри суҳбат бо котиби Шӯрои ҷамъиятиро. Ман дар ҷаласаи шӯрои муҳаррирон зидди нашри ин матлаб будам. Чор нафар нашр мекунем, гуфтанд. Пешниҳод кардам, ки то субҳ тоқат кунед, ки бори дигар бо он нафар суҳбат кунед. Шӯро овоз дод, нашр шуд.

Мехоҳам, ки ҳеч кас ҳақи эҷодкоронро нагирад. Ҳамеша мустақил бошанд.

Бе матбуоти озод дар ҷамъияти мо одамхурӣ мешавад. Агар мехоҳем, ки миллату давлат пеш равад, матбуоти озод бояд бошад.

Як чизро зикр кунам, ки бо фаъолияти “ИмрӯзNews” ҳатто дар ҳафтаномаҳо тағйирот омад. Баъзе ҳафтаномаҳо ҳафтанома шуданд, дигар дар ҳафтаномаҳо, ки рӯзи чоршанбе нашр мешаванд, хабари рӯзи ҷумъаи гузаштаро намехонем.

— Имрӯз системаи паҳнкунии нашрияҳоро надорем, ки сари вақт паҳн кунанд. Ҳар рӯз бозор намешавад, ки нашрияро ба дасти кампиракҳои рӯзномафурӯш расонем. Яке аз мушкилиҳои рӯзномаро дар системаи паҳнкунӣ медонистанд. Шумо, ки таҷрибаи беш аз чорсола доред, роҳи ҳали ин мушкил дар чист?

— Манфиати молӣ ин чизро ба вуҷуд оварда метавонад. Рӯзномаи мо бояд ба фурӯшанда пул орад. Рӯзе, ки рӯзномаву нашрия пул оварад, ширкатҳое, ки рӯзномаро ба дасти хонанда мерасонанд, худ пайдо мешаванд.

— Ҳазорумин шумораи «ИмрӯзNews» нашр мешавад. Кадомин навишта, мақола бештар ба хотири Шумо нақш бастааст?

—  Бо шавқи зиёд навиштаҳои Барзу ва суҳбатҳои ӯро мехондам. Масалан, бо Баҳманёр, Толиб Шаҳидӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Зиё Абдулло суҳбатҳо карда буд.

Ман ба шахсияти нависанд Баҳманёр тавассути суҳбати Барзу шинос шудам.

Лоиҳаи мусоҳибаҳои Барзу дар “ИмрӯзNews” лоищаи муваффақ буд. Ин тарҳ таърихи аҷиби пайдоиш ҳам дорад. Бо сармуҳаррири вақт суҳбат кардем, ки гӯшае ташкил кунем. Суҳбату мусоҳибаҳоро дар ин гӯша бояд касе нависад, касе анҷом бидиҳад, ки тамоман аз олами дигар бошад. Муаллифи тарҳ аз ҷомеаи журналистӣ набошад. Интихоб сари Барзу афтид.

Ин идеяро ба ӯ гуфтем. Вай аввал бо тааҷҷуб суол кард, ки маро ба куҷо тела медиҳед? Баъди ин ки Барзу ба муҳит ва ин тарҳ ворид шуд, то ҳол мегӯяд, ки маро ба чизе омӯхта кардед, кардед, ки то ҳанӯз аз он халос намешавам.

Аз навиштаҳои тамоми бачаҳо ҳисси ифтихорам боло мегирад. Боре собиқадорони расонаҳои муътабарро барои мулоқот бо бачаҳо даъват кардему онҳо дар назди бачаҳои навкори мо чизи нав гуфта наметавонистанд…

— Суоли маъмулӣ ва интиҳоӣ. Ҳоло рӯзнома худкифо аст ва хароҷоташро пӯшонда метавонад?

— Бале, се сол шуд, пулашро худаш меорад. Худаш маош медиҳад. Ягона чизи нохубаш – ба кисаи Рустами Ҷонӣ ягон тин намеорад (механдад) …

Ба назарам матбуот, бахусус сматбуоти мустақил ба дастгирӣ ниёз дорад. Масалан, наметавонам нодида бигирам, ки дар Тоҷикистон барои бунёди биноҳо ва чандин самту корҳои дигар имтиёзҳо дода шудааст. Ин ба он хотир аст, ки аҳолӣ ба манзил ниёз дораду бояд бо он таъмин карда шаванд. Аммо вақте нархи хонаҳоро мебинем, на дар доираи инсоф меғунҷад, на ба ягон ҳисоб дуруст меояд.

Дар баробари ин ширкатҳо, бояд ба фаъолияти интеллектуалӣ низ, аз қабили расонаҳои электрониву чопӣ ва нашри китобҳо имтиёз дода шавад. Онҳоро бояд аз андозҳои миёншикан, масалан андоз аз арзиши иловашуда раҳо кард. Ин чизе аст, ки барои расонаҳо миёншикан аст. Миёни нашрияҳоро чизе нашиканад, андоз мешиканад.

http://www.tojnews.org/tj/news/rustami-choni-miyoni-rasonakhoro-andoz-meshikanad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *