[b]Бино бар хабарҳо додситони кулли Тоҷикистон қарори озодии Ӯрунбой Усмоновро имзо кардааст.[/b]
Як манбаи наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дастури озодии хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ, Ӯрунбой Усмонов шароити махсуси қазияро дар назар дорад ва дар ҳоле гирифта мешавад, ки ҷаноби Усмонов як моҳ ба ин сӯ, сар аз 13-уми июни соли равон дар маҳбас ба сар мебарад.
Ҷаноби Хайруллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, озодии Урунбой Усмонов бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, сурат гирифтааст.
Мақомоти амниятии вилояти Суғд ҳангоми боздошт, хабарнигорро ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир муттаҳам мекарданд. Аммо дертар ин иттиҳом лағв гашта, Урунбой Усмонов ба он айбдор мешуд, ки дар бораи мулоқоташ бо намояндаи гурӯҳи мамнӯъ ба маъмурони амниятӣ иттилоъ надодааст. Ба ақидаи вакили ҳуқуқии хабарнигор, Файзиниссо Воҳидова, Усмонов ҳақ дорад, бино бар Қонуни матбуот ва васоити ахбори умум манобеи иттилоотиро худро пинҳон дорад.
Дар як моҳи ҳабси Усмонов созмонҳои байнулмилалии журналистӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, сафоратҳои хориҷӣ дар чандин изҳорот хостори озодии ӯ шуданд. Раҳбарияти Би-би-сӣ батакрор гуфтааст, ба иттиҳомоти алайҳи Усмонов бовар надорад ва даъват кардааст, ки хабарнигор бо назардошти вазъи сиҳатияш аз маҳбас раҳо шавад.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24265536.html