Ровии маъруфи телевизион Талабшо Муқимов муддати чанд моҳест, ки аз кор дар телевизиони «Сафина» даст кашидааст.
Тибқи баъзе маълумот, ӯ барои таҳияву баргузории якчанд барномаҳои телевизионии худ ҳозир нашуда, уҳдадориҳояшро иҷро накардааст ва баъдан ӯро аз кор озод кардаанд.
Дар робита ба ин масъала худи Муқимов изҳор намуд, ки воқеъан муддати чанд моҳест, ки дар телевизиони «Сафина» кор намекунад, вале ӯро аз кор сабукудӯш накарда, бо хоҳиши худаш рафтааст.
«Ман дар телевизиони «Сафина» ғайрирасмӣ фаъолият дорам ва айни замон он ҷо лоиҳаҳои навро рӯйи кор меоварам. Тайи се моҳ аст, ки филми нав наворбардорӣ мекунам, аз ин рӯ, ҳамарӯза барои ба кор ҳозир шудан имкон надорам, ман худам аз телевизион рафтам. Ин ҷо сари филми 4-сериягии «Бедил» сухан меравад, бинобар ин аз кор даст кашидам, то ки онро хушсифат наворбардорӣ кунам», — иброз дошт собиқ ровии телевизион, ки акнун ба сифати коргардон дар филми худ фаъолият дорад.
Ба савол дар бораи ба телевизиони «Сафина» баргаштан пас аз анҷоми наворбардории филм Муқимов чунин посух дод: «Ман то соли нав наворбардории филмро ба итмом расониданиам. Алҳол ҳама серияҳояшро наворбардорӣ карда, акнун ба монтажи он шурӯъ мекунем. Корҳои наворбардории филм, ки ба охир расид, баъд давомашро мебинем».
http://news.tj/tj/news/rovii-maruf-talabsho-mu-imov-tv-safina-ro-tark-kard