Хабаргузории байналмилалии «Россия сегодня» як гурӯҳи кормандони намояндагияш дар Душанберо аз кор ҷавоб дод.
Тавре яке аз кормандони ин намояндагӣ ба faraj.tj хабар дод, феълан кормандони бахши русии хабаргузорӣ кор карда истодаанд.
-Роҳбарият тасмим гирифт, ки кормандони бахши тоҷикияшро аз кор озод намояд, чун тайи як сол ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи намояндагии «Россия сегодня” дар Тоҷикистон созиш накарданд ва бо далели сабти ном нашуданаш дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натавонист расман корашро оғоз кунад, -афзуд манбаъ.
Ба гуфти сарчашма роҳбарият ба баъзе аз хабарнигорони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки корашонро дар Маскав идома диҳанд: «Пас аз сабти ном намудан 4 корманди дигар метавонад фаъолият намояд».
Ин расонаи давлатии Русия дар пайи як қарори раисиҷумҳур Владимир Путин охирҳои соли 2013 дар заминаи хабаргузории ҳукуматии «РИА Новости” ва радиои «Голос России” таъсис ёфта, феълан яке аз маъруфтарин ВАО-и Русия дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.
http://faraj.tj/news/11752-rossiya-segodnya-korgaroni-dar-to1207ikiston-budaashro-kam-kard.html