Ронандае, ки журналистро пахш кард, 3,3 сол ҳукм гирифт

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Бахтиёр Халифаеви 31-соларо дар ҳалокати журналист Галим Фастхутдинов гунаҳкор донист. Журналист 30 январи соли 2018, вақте пиёдароҳро бо ранги сабзи чароғак убур мекард, аз ҷониби ин ронанда пахш карда шуд.

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаев дар суд иқрор шудааст, ки кӯчаро бо суръати баланд ва ранги сурхи чароғак убур кардааст. Суд барои ин амалаш ӯро ба муддати 3,3 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора АИ «АП» аз қавли хоҳари журналист – Ҳалима хабар дод.

«Халифаев қисман ба гуноҳи худ иқрор шуд. Ӯ иқрор шуд, ки бо суръати баланд ва ранги сурхи чароғак ҳаракат кардааст. Барои сафед кардани худ илова кард, ки дар рӯзи садама ҳаво боронӣ будааст ва натавонистааст нақлиётро идора кунад», — гуфтааст хоҳари Галим Фастхутдинов.

Ҳалима дар идома гуфтааст, ки бо ҳукми суд розӣ нест ва ният дорад, ки баъди амалӣ шудани он, ба суди шаҳрии Душанбе шикоят барад.

30-юми январи соли 2018, тахминан соати 17:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас” Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбад, аз самти кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Фастхуддинов Галимҷон Минярович, соли таваллудаш 1973, рӯзноманигори ТВ “Спутник”, сокини кӯчаи Борбадро пахш кард. Дар натиҷа пиёдагард, Фастҳуддинов Г.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан, дар роҳ ба ҳалокат расид.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16357-ronandae-ki-zhurnalistro-pakhsh-kard-3-3-sol-ukm-girift.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *