Аз дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба намояндагони АМВАОМТ дар Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки онҳо талош доранд, ки ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳӣ хонданибоб бошанд.
Тасмим ва пешниҳоди хонданибоб намудани ҳафтаномаҳо баъди нишасти матбуотии Давлатшо Гулҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, ки рӯзи 9 январ гузаронида шуд, ба сармуҳаррирони рўзномањои шаҳру навоҳӣ расонида шудааст.
Дар ин нишасти матбуотӣ Давлатшо Гулаҳмадзода пешниҳод кард, ки мунтазири обунаи маҷбурӣ нашавед ва кӯшиш кунед, ки бо нашри мақолаҳои ҷолиб, гузоришҳои таҳлилӣ ва хабарҳои саривақтӣ хонандагони худро пайдо намоед, ки пушти дукон мунтазири ҳафтаномаҳоятон бошанд.
“Имрӯз обуна коҳиш ёфтааст ва мардум хабару гузоришҳои хубро аз тариқи шабакаҳои интернет пайгирӣ мекунад, ба ҳамин хотир барои хонандаи худро ёфтан кушиш кунед”-гуфт Давлатшо Гулаҳмадзода.
Дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳафтаномаҳое ҳастанд, ки дар як моҳ ду маротиба ва гоҳо як бор нашр мешаванд, ки қарор, ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва элону суханрониҳоро интишор мекунад.
Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.