6. Тибқи моддаҳои 25, 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», моддаи 7 КГ, шаҳрванд ё ташкилот ҳуқуқ доранд, ки аз идораи воситаи ахбори омма рад кардани маълумоти чопшудаи бардурӯғи пасткунандаи шаъну шараф ва эътиборро талаб кунанд. Дар ҳолати саркашӣ намудан аз чопи раддия ё ҷавоб ба маълумоти чопшуда ё аз тарафи воситаи ахбори омма вайрон карда шудани мӯҳлати якмоҳа барои чопи чунин мавод пешбинишуда, шаҳрванд ё ташкилоти манфиатдор ҳуқуқ доранд дар тӯли як соли баъд аз рӯзи чоп шудани мавод аз болои идораи воситаи ахбори омма бо даъво ба суд муроҷиат карда, талаб кунанд, ки воситаи ахбор раддия ё ҷавобро чоп кунад.
Дар ҳолати иҷро накардани меъёри мазкур аризаи даъвогӣ бояд рад карда шавад, ё аризаи даъвогии аз тарафи суд қабулшуда баррасӣ карда нашавад (банди 2 моддаи 136, банди 1 моддаи 231 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Агар муайян гардад, ки мӯҳлати муқарраргашта барои пешниҳоди даъво бо сабабҳои узрнок гузаштааст, он гоҳ суд мӯҳлати мазкурро барқарор менамояд.
Тибқи банди 1 моддаи 91 КГ ба талаботи дигар дар бораи рад кардани маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибор мӯҳлати пешниҳод кардани даъво паҳн намегардад.
7. Дар парвандаҳои оид ба шаъну шараф ва эътибор шаҳрванд ва ташкилот ҳамчун тараф баромад мекунанд.
8. Даъвогарон оид ба парвандаҳо шаҳрвандон ва ташкилотҳое буда метавонанд, ки ба андешаашон дар бораи онҳо маълумоти бардурӯғи пасткунанда паҳн карда шудааст. Бо чунин даъво ба суд шахсони манфиатдор (меросхӯрон, хешу ақрабо, ҳаммуаллифон ва ғайраҳо) дар он ҳолат муроҷиат карда метавонанд, ки агар маълумоти пасткунанда нисбат ба шахси фавтида ё бедарак ҳозирнабудаи оилаи онҳо ё хешу ақрабои дигарашон паҳн карда шудааст. Аз номи ноболиғ ё шахсе, ки тибқи тартиботи муқарраргашта ғайри қобили амал эътироф шудааст (волидайн, падархондаҳо, парасторон) васӣ ё прокурор даъво мекунанд.
9. Дар чунин парвандаҳо шаҳрванд ё ташкилоте ҳамчун ҷавобгар баромад мекунанд, ки онҳо тибқи даъвои даъвогар маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибор паҳн кардаанд.
Агар дар таркиби даъво талаб дар бораи рад намудани маълумоти дар матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма (хабар дар радио, телевизион ва ғайра) паҳнкарда мавҷуд бошад, пас муаллиф ва мақоми марбутаи воситаи ахбори омма (идораи нашрия, нашриёт ва ғайра) ба ҳайси ҷавобгар баромад мекунанд, ки суд метавонад онҳоро ба рад кардани маълумоти бардурӯғ эътирофшудаи пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори даъвогар ӯҳдадор намояд. Ҳангоми чоп кардан ё бо тарзи дигари паҳн кардани чунин маълумот бе нишон додани номи муаллиф (масалан, дар сармақолаи идораи воситаи ахбор, бо имзои мустаор ё номбар нашудани номи муаллиф) дар парванда ҳамчун ҷавобгар мақоми марбутаи воситаи ахбори омма – шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад. Бо розигии муаллиф мақоми марбутаи нашрия метавонад номи вайро фош кунад. Дар ин ҳолат дар парванда муаллиф ҳамчун шарики мурофиавӣ ҷалб карда мешавад. Муаллифони маводи чопии ҳолатҳои ба ҳамин монанди ҳамчун шахси сеюми тарафи ҷавобгар ҷалбшуда ғайриқонунӣ мебошад.
Муаллифоне, ки сӯҳбатҳои гуногун, мусоҳибаҳо ва дигар хабарҳоро сабт кардаанд, агар онҳо мӯҳтавои чунин хабарҳоро таҳриф накарда бошанд, ҳамчун ҷавобгар ҷалб карда намешаванд. Онҳоро ҳамчун шоҳид пурсидан мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо ҷавобгар шахсе дониста мешавад, ки маълумоти мазкурро додааст.
Агар маълумоти аз тарафи даъвогар мавриди баҳс қарордодашударо воситаи ахбори омма аз ахбори расмӣ, суханрониҳо дар маҷлисҳо ё суханрониҳои муаллифдори дар мавҷ пахшшуда, ё аз агентиҳои иттилоотӣ гирифта бошад, ки мавриди истифодаи моддаи 103 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, судҳо, дар баробари идораи воситаи ахбор, бояд дар парванда ҳамчун ҷавобгар иштирок кардан мақомот ё шахси сарчашмаи чунин иттилоъро ҷалб кунанд. Дар ин маврид ӯҳдадории исбот кардани дурустии маълумоти паҳншуда ба зиммаи мақомот ва шахси номбаршуда вогузор карда мешавад.
Корхона, муассиса, ташкилоте, ки шахси ҳуқуқӣ нестанд, оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибор дар суд парванда оғоз карда наметавонанд ё дар даъво ҳамчун ҷавобгар баромад карда наметавонанд. Манфиатҳои онҳоро мақоме намояндагӣ мекунад, ки шахси ҳуқуқӣ буда, онҳо тобеи шахси ҳуқуқӣ мебошанд.
Агар маълумоти бофтаи пасткунанда дар газетаи деворӣ ё бисёртеъдода чоп шуда бошад, он гоҳ дар парванда шахси ҳуқуқӣ — корхона, муассиса, ташкилот, мақомоте, ки газетаи деворӣ ё бисёртеъдода нашрияи он мебошад, муаллифони маводи чопшуда дониста шуда, ҳамчун ҷавобгар ҷалб карда мешаванд. Идораи газетаи бисёртеъдода, агар вай шахси ҳуқуқӣ бошад, дар парванда ҳамчун ҷавобгар ҷалб карда мешавад.
Аз рӯи даъвоҳои оид ба рад намудани маълумоти пасткунанда, ки дар тавсифномаҳои хизматӣ навишта шудаанд, шахсе ҷавобгар дониста мешавад, ки ба он имзо гузоштааст, инчунин корхона, муассиса, ташкилоте, ки аз номи он тавсифнома дода шудааст, ҷавобгар дониста мешаванд.
Шаҳрванд ё ташкилот ҳуқуқ доранд ба суд якбора аз болои якчанд воситаи ахбори омма ва дигар мақомот ва шахсони паҳнкардаи маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибор ва бардурӯғ (моддаи 102 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) даъво кунанд.
Агар баъд аз оғоз шудани парванда дар суд маълумоти иловагие паҳн карда шуда бошад, ки он ҳам ба баҳси дар суд баррасишаванда оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори шахс ё ташкилот дахл дошта, бо ҳамин сабаб ҳаҷми талабҳои даъвогар васеъ шуда бошад, суд паҳнкунандагони онҳоро ба сифати ҷавобгари парванда ҷалб менамояд. Дурустии маълумоти иловагӣ, агар муаллифони маълумоти ибтидоӣ ва ба таври иловагӣ паҳнкарда ҳамон як шахс ё ташкилот бошанд, дар ҳамон истеҳсолоти судӣ баррасӣ карда мешавад.
Дар ҳолати пешниҳод гаштани талабҳо ба ҷавобгарҳои нав, суд бо назардошти ҳолатҳои мушаххас ва бо нияти зуд ва дуруст баррасӣ намудани парванда, метавонад талабҳои мазкурро дар як истеҳсолот ба ҳам муттаҳид созад (моддаи 135 КМГ).
10. Дар ҳолатҳое, ки агар амалҳои шахси паҳнкардаи маълумоти пасткунандаи шахси дигар бофтаю хаёлӣ буда, дар таркиби онҳо аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаҳои 138 ва 139 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошанд, ҷабрдида ҳуқуқ дорад ба суд дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ариза пешниҳод кунад ё доир ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибор ба тартиби истеҳсолоти судии гражданӣ даъво кунад.
Дар ин ҳолат ҷабрдидаи парвандаи ҷиноятӣ метавонад аз суд хоҳиш кунад, ки ҳукми айбдоркунӣ барорад ва оид ба рад кардани маълумоти паҳнкардаи пасткунандаи шаъну шараф ва эътибор чораҳо андешад (масалан, таъиноти алоҳида барорад, пешниҳод, мактуб ирсол кунад ва ғайра).
Даъвоҳои гражданӣ дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор ва товони зиёни маънавӣ дар парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ карда намешаванд.
Суди парвандаи ҷиноятиро баррасикарда метавонад даъвои гражданӣ дар бораи рӯёндани зарари моддиро ҳаллу фасл кунад.
Бо тартиби ҷиноятӣ ҷазо додани шахси гунаҳкор эҳтимоли аз тарафи ҷабрдида ба суд пешниҳод кардани даъво дар бораи рад намудани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва эътиборро истисно намекунад.
Қарори аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ қабулнамудаи суд барои даъво пеш овардан монеа намешавад.
Агар ҳангоми баррасӣ намудани парвандаи гражданӣ дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор суд муқаррар намояд, ки амалҳои ҷавобгари паҳнкардаи маълумот дорои аломатҳои ҷиноятии пешбининамудаи моддаи 138 қисмҳои 2 ва 3 КҶ аст, суд дар баробари қабул кардани карор инчунин ҳуқуқ дорад аз болои ҷавобгар парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.
11. Ӯҳдадории оид ба исбот кардани дурустии маълумоти паҳншуда ба зиммаи ҷавобгар вогузор карда мешавад. Даъвогар ӯҳдадор аст танҳо факти аз тарафи шахсе, ки аз болояш даъво кардааст, паҳн кардани маълумоти пастзанандаи вайро исбот намояд. Дар ҳамин ҳолат вай ҳуқуқ дорад барои исбот намудани бардурӯғии маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибораш далелҳо пешниҳод кунад. Агар далелҳои дар парванда мавҷудбуда пурра набошанд, суд ҳуқуқ дорад ба тарафҳо пешниҳод намояд, ки далелҳои иловагӣ пешниҳод кунанд ё далелҳоро бо ташаббуси худаш талаб карда гирад (қисми 1 моддаи 15 КМГ).
12. Агар маълумоти пасткунандаи даъвогарро суд дуруст эътироф кунад, инчунин агар маълумоти паҳншуда пасткунанда набошанд, он гоҳ талаби рад кардани онҳо қонеъ гардонда намешавад.
Маълумоти паҳншудаи пасткунандаи шаъну шараф ва эътиборро суд дуруст эътироф карда наметавонад, агар минбаъд барои тасдиқи бардурӯғии маълумот далелҳои боэътимод пешниҳод гарданд.
Талаби шаҳрванд ё ташкилот дар бораи рад намудани маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибор қонеъ гардонда намешавад, агар паҳнкунандаи хабар дурустии маълумотро исбот карда тавонад.
13. Дар ҳолати қонеъ гардондани даъво суд ӯҳдадор аст, ки дар қисми хулосагии қарор усули рад кардани маълумоти пасткунандаи бардурӯғ эътирофшударо нишон диҳад (хабар дар рӯзнома, радио, иваз кардани ҳуҷҷати дорои маълумоти пастзананда ва ғайра), дар ҳолати ба миён омадани зарурат – матни чунин раддияро навишта, мӯҳлати чопи онро, ки бояд дар тӯли он иҷро шавад, муқаррар мекунад.
Тибқи мӯҳтавои қонун, суд ҳангоми муайян кардани тартиби раддияи маълумоти пасткунанда имкониятҳои васеъ дорад. Вай метавонад, масалан, ҷавогарро, ки дар матбуот маълумоти бардурӯғи пасткунанда паҳн намудааст, ӯҳдадор созад, агар чунин маълумот дар таркиби ҳуҷҷат мавҷуд бошад (масалан, дар тавсифномаи хизматӣ), ки корхона, муассиса, ташкилот додааст, ба маъмурияти онҳо супориш диҳад, ки ҳуҷҷатро иваз кунанд, шахси паҳнкардаи маълумоти бардурӯғро ӯҳдадор кунад, ки дар маҳалле, ки маълумоти пасткунандаи даъвогар хабар дода шудааст, ба таври оммавӣ узр пурсад ва ғайра.
14. Дар ҳолатҳое, ки ҳамроҳи даъво дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор даъвогар дар бораи рӯёндани товони зиёни моддии дар натиҷаи паҳн кардани маълумоти пасткунанда ба вай расида талаб пеш гузошта бошад, суд талаби вайро тибқи моддаи 440 КГ ҳаллу фасл менамояд. Ба талаб дар бораи рӯёндани товони зарари моддӣ мӯҳлати даъво пеш овардан, ки тибқи моддаи 78 КГ пешбинӣ шудааст, паҳн мегардад.
15. Суд ҳуқуқ дорад инчунин талаби шаҳрванд дар бораи рӯёндани зиёни маънавии (ғайримолумулкии) дар натиҷаи аз тарафи воситаи ахбори омма паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори вай расида, ё дигар зарари ғайримолумулкиро баррасӣ намояд. Андозаи товони зиёни маънавӣ (ғайримолумулкӣ) ҳангоми баровардани қарор дар намуди пулӣ, вобаста ба характер ва мӯҳтавои маводи чопии пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори шахси мазкур, эътибори вай, дараҷаи гуноҳи воситаи ахбори омма ё шахси мушаххаси чопкардаи маълумоти нодуруст ва аз муйян кардани дигар ҳолатҳои боэътимоди ба маводи чопӣ алоқаманд муқаррар карда мешавад.
16. Ҷавобгарии молумулкӣ барои паҳн кардани маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд ё ташкилотро дар назди ҷабрдида муаллиф ва моқомоти воситаи ахбори омма бо тартиби баробар ба зимма мегиранд, зеро зарар дар натиҷаи амали якҷояи онҳо расонда шудааст (моддаи 450 КГ).
Муҳаррир — мақомоти воситаи ахбори омма тарафи парванда дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор нест ва бо ҳамин сабаб наметавонад дар назди даъвогар оид ба чунин парванда ҷавобгарии молумулкӣ дошта бошад.
Дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои пешбининамудаи қонун муҳаррир ҳамчун коркуни мақоми воситаи ахбори умум, вай метавонад барои зарари моддии ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш расондааш дар назди ҳамон ташкилоте ҷавобгар бошад, ки дар он кор мекунад.
17. Дар он ҳолатҳое, ки талаб дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор, рӯёндани товони моддӣ ва маънавӣ дар як ариза навишта шуда бошанд, он гоҳ дар асоси талаботи умумӣ даъвогар боҷи давлатиро барои ҳар як талабаш алоҳида пардохт мекунад.
18. Аз шаҳрванд ё ташкилоти ба суд бо талаби беасос дар бораи рад кардани маълумоти паҳншуда муроҷиаткарда, ба фоидаи тарафи дигар хароҷоти дар суд вобаста ба парванда кардааш рӯёнда дода мешавад.
19. Дар ҳолати қонеъ гардондани даъвои якбора аз болои якчанд ҷавобгар пешниҳодшуда (идораи нашрия ва муаллиф ва ғайра), суд дар асоси моддаи 73 КМГ хароҷоти вобаста ба парвандаи судиро аз ҳар як ҷавобгар ба таври баробар мерӯёнад (аз он ҷумла маблағи баргардондани боҷи давлатӣ барои қонеъ гардондани даъво дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор ва ғайраро).
20. Барои иҷро кардани қарори суд варақаи иҷро дода мешавад.
Қарори суд бояд ба таври зарурӣ дар мӯҳлати муқарраргашта иҷро карда шавад.
Мутобиқи моддаи 7 КГ мавод ё хабари дигарро (дар радио, телевизион ва ғайра) дар бораи қарори суд, ки маълумоти паҳншудаи пасткунандаи шаъну шараф ва эътиборро бардурӯғ эътироф намудааст, ҳамон воситаи ахбори оммае ба табъ мерасонад, ки ба воситаи он маълумот паҳн карда шудааст.
21. Дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври нокифоя дар мӯҳлати муқарраргашта иҷро кардани қарор дар бораи рад кардани маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори даъвогар, суд бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад мутобиқи моддаи 426 КМГ ба вайронкунанда ҷарима муқаррар намояд, ки он ба фоидаи давлат рӯёнда мешавад. Ҷарима ба андозаи то 200 рубл муқаррар гашта, мӯҳлати нави иҷрои қарор таъин карда мешавад. Дар ҳолати дубора иҷро накардани қарор ҷавогарро дубора ҷарима мекунанд. Маблағи умумии ҷаримаҳо ҳангоми такроран ва вайронкуниҳои минбаъда набояд аз 1000 рубл зиёд шавад.
Пардохти ҷарима вайронкунандаро аз ӯҳдадории иҷро кардани қарор дар бораи рад намудани маълумоти паҳнкардаи пасткунандаи даъвогар озод намекунад.
22. Бо мақсади бартараф намудан ва пешгирӣ кардани фактҳои паст задани шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд ва ташкилотҳо ба судҳо зарур аст, ки масъалаи баровардани таъиноти алоҳида нисбат ба шахсҳои ташкилотҳои паҳнкардаи маълумоти пасткунандаи бардурӯғро баррасӣ намоянд.
МУРОҶИАТНОМАИ
иштирокунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо, журналистон ва ҳуқуқшиносони масоили воситаҳои ахбори омма, иштироккунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» бо мақсади дар мамлакат пойдор гаштани принсипҳои демократия ва волоияти қонун ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоем:
Таҷрибаи даҳ соли охир нишон медиҳад, ки нисбати рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо бо даъво дар хусуси ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ муроҷиат кардан ба як «анъана»-и ғайрирасмӣ мубаддал гардидааст. Махсусан дар солҳои охир пешниҳод намудани аризаҳои даъвогӣ нисбати воситаҳои ахбори омма ва намояндагони он оиди рӯёнидани аз садҳо ҳазор сомонӣ то миллион сомонӣ зиёд шуда истодаанд. Мутаасифона, қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон дар масъалаи тартиби пешниҳоди даъво оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, андозаи боҷи давлатӣ ҳангоми пешниҳоди чунин даъво, андозаи даъво муқаррароти аниқ пешбинӣ накардааст. Ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарар бояд талаботи оқилона ва одилона, ҳамчунин вазъи молиявии чавобгар ба эътибор гирифта шавад.
Ба хотири риояи принсипи озодии сухан ва устувории суботи ҷамъиятӣ дар мамлакат мақомоти судиро зарур аст, ки ҳангоми баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбати журналистон ва ВАО адолати судиро дар мадди аввал қарор дода, ба муфлис гаштани воситаҳои ахбор ва минбаъд баста шудани онҳо роҳ надиҳанд.
Бар замми ин, то имрўз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода нашуда, таҷрибаи судӣ ҷамъбаст карда нашудааст. Муқаррароти
Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз тарафи судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҳимояи шаъну шараф, эътибори кории шаҳрвандон ва ташкилотҳо» аз таърихи 4 июни соли 1992 аллакай кўҳна шуда, мухолифи Кодекси гражданӣ ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз нав таҳия карда шавад. Қабули чунин қарор ба судҳо имкон медиҳад, ки дар таҷрибаи баррасии парвандаҳо меъёрҳои ҳуқуқиро дуруст татбиқ намоянд.
8 июли соли 2011, ш. Душанбе
ТАВСИЯҲОИ
иштирокунандагони «мизи мудаввар» дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ»
Журналистон ва ҳуқуқшиносони масоили воситаҳои ахбори омма дар натиҷаи дар «мизи мудаввар» баррасӣ намудани мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» ба хулосае расиданд, ки афзоиш ёфтани қабули қарорҳои судӣ оид ба масъалаи мазкур боиси маҳдуд гаштани озодии ВАО мегарданд. Бо мақсади дар мамлакат пойдор гаштани принсипҳои демократия ва волоияти қонун дар ҷомеа онҳо тавсияҳои зеринро таҳия намуданд:
Ба Парламон ва Ҳукумати ҶТ:
— ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шавад;
— бо роҳи баррасӣ намудани парвандаҳои марбути диффаматсия дар чорчӯбаи истеҳсолоти судии гражданӣ, масоили тӯҳмат ва таҳқир ҷиноят ҳисоб карда нашаванд;
— дар қонунгузорӣ дар бораи ВАО ва Кодекси граждании (КГ) ҶТ меъёрҳоеро пешбинӣ намудан зарур аст, ки тибқи онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони онҳо дар парвандаҳои оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳамчун даъвогар танҳо ҳуқуқи талаб намудани раддия дар бораи иттилои носаҳеҳ дошта, вале ҷуброни зарари моддиро талаб накунанд;
— қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо роҳи тасҳеҳи Қонуни нави матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мукаммал гардонда шавад.
Ба мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ:
— ҳангоми баррасии парвандаҳо оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбати рўзноманигорон ва идораи воситаи ахбори омма муқаррароти Конститутсияи ҶТ (моддаи 30) оид ба озодии сухан ба асос гирифта шавад;
— меъёрҳои санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, ба тасвиб расонидааст, минҷумла, моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар миқёси минтақавӣ Конвенсияи ИДМ «Оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон», татбиқ карда шаванд;
— масъалаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани ҷуброни зиёни маънавӣ мутобиқи талаботи қонун анҷом дода шавад, зеро рӯёндани зиёни маънавӣ аз ҳисоби воситаи ахбори омма озодии суханро маҳдуд сохта, дар натиҷа боиси қатъ гаштани фаъолияти ВАО мегардад;
— бо мақсади пешгирӣ намудани мӯҳлати тӯлонии баҳсҳои судӣ, пеш аз ба истеҳсолоти судӣ қабул кардани аризаи даъвогӣ оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, тибқи банди 4 модди 174 Кодекси гражданӣ, нашр шудан ё нашудани ҷавоб ё раддияи даъвогар муқаррар карда шавад;
— Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҳимояи шаъну шараф, эътибори кории шаҳрвандон ва ташкилотҳо» аз таърихи 4 июни соли 1992 бо назардошти татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва тағйир ёфтани қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи судии баррасии парвандаҳо бо чунин даъвоҳо, дар таҳрири нав қабул карда шавад;
— курсҳои тайёр кардани судяҳои тахассуси баррасӣ кардани баҳсҳои иттилоотӣ ва парвандаҳо нисбати журналистон ва ВАО таъсис дода шаванд.
Ба ВАО, журналистон ва созмонҳои воситаҳои ахбори омма:
— барои журналистон оид ба амиқ омӯхтани меъёрҳои байналмилалии қонунгузории ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ барномаҳои таълимӣ татбиқ намоянд;
— риояи ҳатмии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро дар ҷараёни фаъолияти иттилоотонии худ таъмин намоянд.
ш. Душанбе, 8 июли соли 2011
Замимаҳо
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Иқтибосҳо)
Моддаи 135. Тўҳмат
1) Тўҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани тафсилоти бардурўғ, ки обрўю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад,-
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Тўҳмате, ки дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет инъикос ёфтааст,-
бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
3) Тўҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин, алоқаманд аст, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 136. Таҳқир
1) Таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрў ва эътибори шахси дигар;
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Таҳқире, ки:
а) дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет инъикос ёфтааст;
б) вобаста бо иҷрои қарзи ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷабрдида, —
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў
1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў,
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад, —
бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ
1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ў, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, —
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст, —
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ
1) Ошкор намудани таҳсилот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани таҳсилот оид ба гирифтории шахс ба бемории инфекцияи ВИЧ ифода меёбад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот телеграфӣ ё дигар мухобирот
1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобироти шаҳрвандон,-
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани таҳсилот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани таҳсилот пешбинӣ шудаанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳру кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил
1) Ғайриқонунӣ ба даромадан бар хилофи хоҳиши шахсӣ дар он истиқоматкунанда манзил ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан, —
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
в) бо ғайриқонунӣ васл намудани воситаҳои гўшандозӣ ё дигар воситаҳои махсус дар манзили истиқоматӣ содир шудааст,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Дар зери мафҳуми манзил дар ҳамин ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс хонаи истиқоматии фардӣ бо биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ба он дохилшаванда, бинои истиқоматӣ новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ мувофиқ аст, ҳамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилшаванда, вале барои истиқомати муваққатӣ таъин гардидааст, фаҳмида мешавад.
Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд
Аз ҷониби шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ў дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани таҳсилоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат нопурра, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад, —
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ, ҳуқуқи муҷовир ва ҳуқуқи дорандагони патент
1) Бо номи худ интишор кардани асари илмӣ, адабӣ, мусиқӣ ё бадеии шахси дигар, инчунин барномаи шахси дигар барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ё маҳзани таҳсилот ё тарзи дигари азхудсозии муаллифӣ ба чунин асар, азхудкунии муаллифии ихтироот,ҳамчунин маҷбур намудан ба ҳаммуалифӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳоти меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои муҷовир, инчунин ғайриқонунӣ истифода бурдани ихтироот, модели фоидаовар ё намунаҳои истеҳсолоти саноатӣ, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ё маҳзани таҳсилот, бидуни розигии муаллиф ё изҳоркунанда фош намудани моҳияти ихтироот, модели фоидаовар ё намунаи истеҳсолоти саноатӣ то нашри расмии таҳсилот дар бораи онҳо, агар ин кирдор дидаю дониста ё аз беэҳтиётӣ ба миқдори калон зарар расонида бошад,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шудааст, —
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон зараре фаҳмида мешавад, ки агар он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёд бошад.
Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон
1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) бо зўроварӣ;
б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ
Тайёр кардан, паҳн кардан ё рекламаи ғайриқонунии мавод ё предметҳои порнографӣ, ҳамчунин фурўши ғайриқонунии маводи интишорӣ, кино ё сабти видео, акс ё дигар чизҳои дорои хусусияти порнографӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад .
Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет;
д) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ
1. Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад, —
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, — (қҷт аз 17.05.04 №35)
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 396. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона
1. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона,-
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет ё аз ҷониби шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, —
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Рўйхати шахсоне, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июни соли 1999 (Иқтибосҳо)
Моддаи 170. Неъматҳои ғайримоддӣ
1. Ҳаёт ва саломатӣ, эътибори шахсӣ, шаъну шараф, масунияти шахсӣ, номусу номи нек, эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқи ҷойивазкунӣ ва интихоби озоди истиқомату маҳалли зист, ҳуқуқи доштани номдорӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, дигар ҳуқуқҳои шахсии ғайримоддӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддӣ, ки ба шаҳрванд аз рӯзи таваллуд ё бо ҳукми қонун тааллуқ доранд, бегона карда ё ба тариқи дигар гузашт карда намешаванд. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ва неъматҳои дигари ғайримоддии шахси фавтидаро шахси дигар, аз ҷумла ворисони соҳибҳуқуқ татбиқ ва ҳифз карда метавонанд.
2. Неъматҳои ғайримоддӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи онҳо, инчунин дар ҳолатҳо ва ба он андозае муҳофизат карда мешаванд, ки истифодаи усулҳои муҳофизати ҳуқуқи гражданӣ (моддаи 12) аз моҳияти ҳуқуқи ғайримоддии вайронгардида ва хусусияти оқибатҳои ин вайронкуӣ бармеояд.
Моддаи 171. Ҷуброни зиёни маънавӣ
Агар ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои вайронкунандаи ҳуқуқи шахсии ғайримоддии ӯ ё ба неъматҳои дигари ғайримоддии шаҳрванд таҳдидкунанда зиёни маънавӣ (азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ё рӯҳӣ) расонида шуда бошад, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун суд метавонад шахси ҳуқуқвайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро ҷуброн намояд.
Ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳро ба назар мегирад. Суд ҳамчунин бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рӯҳии марбут ба хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирад.
Моддаи 172. Ҳифзи ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ
1. Шахсе, ки ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкиаш вайрон шудааст, ба ғайр аз тартиби дар моддаи 12 ҳамин Кодекс пешбинигардида мувофиқи қоидаҳои ҳамин Кодекс инчунин ба ҷуброни зиёни маънавӣ ҳуқуқ дорад.
2. Ҳуқуқи шахси ғайри молу мулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ муҳофизат менамояд.
3. Ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкӣ сарфи назар аз гуноҳи шахси вайроннамудаи ҳуқуқ ҳифз карда мешавад. Шахсе, ки ҳифзи ҳуқуқро талаб кардааст, бояд далели вайрон гардидани ҳуқуқи шахсии ғайри молу мулкиашро исбот кунад.
4. Шахсе, ки ҳуқуқи ғайри молу мулкиаш вайрон гардидааст, метавонад бо хости худ рафъи оқибати онро аз шахси гунаҳкор талаб намояд ё аз ҳисоби гунаҳкор мустақилона амалҳои заруриро анҷом диҳад ва ё иҷрои онҳоро ба шахси сеюм супорад.
Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ
1. Агар шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад, шаҳрванд ҳақ дорад аз тариқи суд раддияи чунин маълумотро талаб кунад.
Бо талаби шахси манфиатдор ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоташ низ имконпазир аст.
2. Агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори умум паҳн гардида бошанд, онҳо бояд дар ҳамон воситаҳои ахбори умум бемузд рад карда шаванд.
Агар маълумоти мазкур дар ҳуҷҷати ташкилот дарҷ гардида бошад, чунин ҳуҷҷат бояд иваз ё бозхонда шавад.
Тартиби раддияро дар ҳолатҳои дигар суд муқаррар менамояд.
3. Шаҳрванде, ки воситаҳои ахбори умум дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаашро нашр кардаанд, ҳақ дорад дар ҳамон воситаҳои ахбори умум ҷавоби худро нашр кунад.
4. Талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як моҳ нашр накарда ва ё барҳам дода бошад.
5. Агар қарори суд иҷро нашуда бошад, суд ҳақ дорад гунаҳкорро ҷарима бандад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои мурофиавӣ ба нафъи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад. Пардохти ҷарима гунаҳкорро аз ӯҳдадории иҷрои амали дар қарори суд пешбинигардида озод намекунад.
6. Шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш паҳн гардидааст, ҳақ дорад дар баробари раддияи чунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд.
7. Агар муайян намудани шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезанад, имконнопазир бошад, шахсе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат намояд.
8. Қоидаҳои ҳамин модда дар хусуси ҳифзи эътибори кории шаҳрванд мутобиқан дар мавриди ҳифзи эътибори кории шахси ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд.
Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ
1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад, бе ризоияти ворисонаш истифода намояд.
2. Нашр намудан, нусха бардоштан ва паҳн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад, ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад, чунин ризоият талаб карда намешавад.
Моддаи 177. Ҳуқуқи дахлнопазирии манзил
Шаҳрванд ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро доро аст, яъне ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, кӯшишҳои бидуни хоҳиши ӯ зӯран ба манзилаш ворид шудани касро пешгирӣ намояд.
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 31 декабри соли 2008 (Иқтибосҳо)
БОБИ 20. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи алоқа ва истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ
Моддаи 347. Риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои алоқа, сарфи назар аз шакли моликият,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 348. Риоя накардани қоидаҳои насб, банақшагирӣ, ҷойгир кардан, сохтан, таҷдид ва истифодаи шабакаҳо, хатҳо ва иншооти алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои насб, банақшагирӣ, ҷойгир кардан, сохтан, таҷдид ва истифодаи шабакаҳо, хатҳо ва иншооти алоқа,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 349. Риоя накардани тартиби ҷобаҷокунии воситаҳои техникии алоқа
Барои риоя накардани тартиби ҷобаҷокунии воситаҳои техникии алоқа, —
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 350. Риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр ва қоидаҳо ҳангоми истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа
Барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр, қоидаҳо ва талаботи дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи тартиби истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 351. Амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа бе сертификатсияи таҷҳизот
Барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа бе сертификатсияи таҷҳизот, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҷазои боздоштани фаъолият ба мўҳлати то се моҳ таъйин карда мешавад.
Моддаи 352. Риоя накардани қоидаҳои коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтан (насб кардан), ба даст овардан, истифода бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад бе иҷозати дахлдор
1. Барои риоя накардани қоидаҳои коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтан (насб кардан), ба даст овардан, истифода бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад бе иҷозати дахлдор, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 353. Тайёр ё истифода намудани воситаҳои электротехникӣ, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ё меъёрҳои сатҳи ҷоизи радиёихтилоот мувофиқат намекунанд
Барои тайёр ё истифода намудани воситаҳои электротехникӣ, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ё меъёрҳои сатҳи ҷоизи радиёихтилоот мувофиқат намекунанд, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 354. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати иншооти алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати иншооти алоқа, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 355. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати хатти алоқа
Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати хатти алоқа, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 356. Риоя накардани қоидаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 357. Худсарона пайваст кардани таҷҳизоти интиҳоӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ
Барои худсарона пайваст кардани таҷҳизоти интиҳоӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 358. Интиқол ва фурўши воситаҳои алоқа
Барои интиқол ва фурўши воситаҳои алоқа, ки ба стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 359. Расонидани зарар ба шабакаҳои алоқа
Барои расонидани зарар ба шабакаҳои алоқа (ҳавоӣ, ноқилӣ) ҳангоми иҷрои кор, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 360. Пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар бораи объекти алоқа ё хизматрасонии соҳаи алоқа
Барои пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар бораи объекти алоқа ё хизматрасонии соҳаи алоқа, —
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 361. Аз тарафи фармоишгар истифода бурдани объекти алоқа бе иҷозати мақомоти ваколатдор
Барои аз тарафи фармоишгар истифода бурдани объекти алоқа пас аз сохтмони нав, таҷдид ва таъмири асосӣ, бе иҷозати мақомоти ваколатдор, —
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 362. Расонидани зарар ба телефон-автоматҳо (таксофонҳо)
Барои расонидани зарар ба телефон-автоматҳо (таксофонҳо), —
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 363. Худсарона пайваст шудан ба шабакаи телефонӣ
Барои худсарона пайваст шудан ба шабакаи телефонӣ, —
ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 364. Саркашӣ намудани корхонаҳои соҳаи нақлиёт аз бастани шартнома дар бораи ҳамлу нақли муросилоти почта дар самтҳои доимии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ
Барои саркашӣ намудани корхонаҳои соҳаи нақлиёт аз бастани шартнома дар бораи ҳамлу нақли муросилоти почта дар самтҳои доимии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, —
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 365. Иҷро накардани амрнома ё қарори мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзими соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ
Барои иҷро накардани амрнома ё қарори мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзими соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 366. Беиҷозат истифода намудани басомад (каналҳо) ё риоя накардани қоидаҳои истифодаи алоқаи радиоӣ (басомадҳо)
Барои беиҷозат истифода намудани басомад (каналҳо) ё риоя накардани қоидаҳои истифодаи алоқаи радиоӣ (басомадҳо), —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 367. Риоя накардани қоидаҳои фурўш, ба истифодаи муваққатӣ ё доимӣ додани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад
Барои риоя накардани қоидаҳои фурўш, ба истифодаи муваққатӣ ё доимӣ додани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 368. Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии шахсони салоҳиятдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи алоқа ва иттилоот
Барои монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии шахсони салоҳиятдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи алоқа ва иттилоот, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
БОБИ 21. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма
Моддаи 369. Риоя накардани тартиби истифодаи каналҳои телевизион ва радиошунавонӣ
1. Барои риоя накардани тартиби истифодаи шабакаи пахши барномаҳо, ба шахсони дигар додани шабакаи пахши барномаҳо (воситаҳои техникӣ, студия), ки иҷозатнома надоранд, ҳамчунин халал расонидан ба дигар ташкилотҳои пахшкунандаи барномаҳо, —
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 370. Риоя накардани тартиби истифодаи барномаҳо ва маводи ташкилотҳои ғайр
1. Барои ба барномаҳои телевизион ва радио дохил кардани маводи ташкилотҳои ғайр ва истеҳсолкунандагони берунаи маводи аудиовизуалӣ, ки иҷозатнома надоранд ва ҳамчунин худсарона пахш кардани барномаю гуфторҳои телевизион ва радиои хориҷӣ, —
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сиюпанҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —
ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 371. Риоя накардани қоидаҳои насб, сохтмони студияҳо ва истифодаи воситаҳои телевизиону радиошунавонӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои насб, сохтмони студияҳо ва истифодаи воситаҳои телевизиону радиошунавонӣ, хориҷ шудани нишондодҳои сифатӣ (параметрҳо) аз меъёрҳо, стандартҳо, сертификатҳо, меъёрҳои байналмилалӣ, қоидаҳои истифодаи каналҳои телевизиону радиошунавонӣ, танаффусу таваққуфи техникӣ, ки дар нақшаи пахши барнома пешбинӣ нашудааст ва бе маълумоти мавҷпахшкунӣ ба эфир баромадан, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 372. Иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва