Роҳҳои пешгирӣ намудани диффаматсия дар матбуот (ба кӯмаки ҳуқуқшиноси ВАО)

203;ҳои пешгирӣ намудани диффаматсия дар матбуот (ба кӯмаки ҳуқуқшиноси ВАО)

Душанбе-2011

ББК – 76.0+76.01+67.99 (2 тољик) 01
Р-84

Таҳти таҳрири Н.Қаршибоев, раиси АМВАОМТ

Мураттибон:

А.Воҳидов, И.Иноятов, Н. Қаршибоев, Г.Красилникова

Муҳаррири масъул – А.Воҳидов

Мусаҳҳеҳ – Нодира Раҳмонбердиева

Роҳҳои пешгирӣ намудани диффаматсия дар матбуот, 76 саҳ.

Маҷмӯаи мазкур бо ташаббуси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо дастгирии намояндагии Интернюс Неуорк дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) ба табъ расид. Ройгон паҳн карда мешавад.

Дар маҷмӯа маводи мизи мудаввар дар мавзӯи «ВАО ва масъалаҳои ҳифзи шаъну шараф ва эътибор ва эътибори корӣ (ш.Душанбе, 8 июли соли 2011) гирд оварда шуда, ба он моддаҳои санадҳои қонунгузории батанзимдарорандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шудааст. Муаллифон Г.Красилникова ва И.Иноятов дар мақолаҳояшон меъёрҳои қонунгузории ҶТ-ро бо мақсади пеширӣ кардани диффаматсия дар ВАО ҷумҳурӣ дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ тафсир намудаанд. Дар баробари он, тавсияҳо бояд минбаъд ба масъалаи аз тарафи мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардани баррасии парвандаҳои оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибор, эътибори корӣ мусоидат намоянд.

Маҷмӯа ба роҳбарон ва муассисони ВАО, журналистон, ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО ва донишҷӯёни факултаҳои журналистика ва ҳуқуқ пешбинӣ гаштааст.

© АМВАОМТ, 2011

Муқаддима

Вақтҳои охир зиёд шудани воқеаҳои аз болои журналистон ба судҳо муроҷиат кардани ашхоси мансабдор ва маъруф, аз нашрияҳо талаб кардани маблағҳои гӯшношуниди товон, инчунин даъватҳои чандинкаратаи ҳукуматдорон оид ба қатъи фаъолияти рӯзномаҳо ҳангоми барпо гаштани мурофиаҳои судӣ шоҳиди афзун гаштани сатҳи таъқиботи журналистон ва ВАО Тоҷикистон мебошанд. Ба андешаи коршиносони соҳаи воситаҳои ахбор, вазъи баамаломада метавонад ба озодии ВАО дар мамлакат зарбаи ҷонкоҳ гашта, оқибат ба пурзӯр шудани худсенсории журналистон оварда расонад.

Танҳо дар давраи аз соли 2010 то соли 2011 ба муқобили ВАО 6 даъвои судӣ ба амал омада, маблағи умумии товони талабнамудаи онҳо 1 миллиону 845 ҳазор доллари ИМА мебошад, ки ин ҳолат мавҷудияти ВАО мустақилро зери хатар қарор медиҳад. То моҳи феврали соли 2011 даъвоҳои муқобили ду ВАО бо маблағи 67 ҳазор доллари ИМА қонеъ гардонда шуда, даъвоҳои боқимонда дар марҳилаи баррасӣ дар мақомоти судӣ боқӣ мондаанд. Дар баробари он, Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаҳоеро дарбар гирифтааст, ки барои диффаматсия ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд (моддаи 135 — Тӯҳмат; моддаи 136 — Таҳқир; моддаи 137 — Таҳқири оммавии президенти ҶТ; моддаи 330 — Таҳқири намояндаи ҳукумат). Ҳолатҳои таъқиби ҷиноятии журналистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танқид афзун гаштаанд. Ҳоло се нафар журналист барои фаъолияти касбиашон мавриди таъқиботи ҷиноятӣ қарор доранд.

Ба андешаи ҳуқуқшиносони ВАО, мақомоти ҳуқуқ-татбиқкунанда дар ҷараёни баррасӣ намудани даъвоҳо оид ба шаъну шараф ва эътибори корӣ бо иштироки журналистон ва идораҳои ВАО на ҳамеша меъёрҳои конститутсионӣ дар бораи озодии суханро ба эътибор мегиранд.

Мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда инчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кориро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба эътибор намегиранд. Хотиррасон намудан зарур аст, ки меъёрҳои мазкури байналмилалӣ ҳам баробари қонунҳои амалкунандаи мамлакат қувваи ҳуқуқӣ доранд. Бо вуҷуди он, таҷрибаи даҳ соли охир нишон медиҳад, ки даъвоҳои ба муқобили журналистон ва ВАО оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ равонагардида ба як нафъ «анъана» табдил ёфта истодааст. Даъвогарон аксар вақт ба талаби рад кардани маълумот қонеъ накарда ва даъвоҳояшонро асоснок накарда, товони зарари маънавӣ ва моддии ҳангуфт талаб мекунанд.

Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 04 июни соли 1992 «Дар бораи таҷрибаи истифодабарии қонунгузорӣ оид ба парвандаҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандон ва ташкилотҳо аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳам қайд намудан зарур аст. Қарори мазкур, бо сабаби рушд кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ кӯҳна шудааст ва аллакай арзишашро аз даст додааст, аз ҷумла барои судҳо низ, ҳатто дар унвони санад номувофиқатӣ мавҷуд аст, зеро ташкилотҳо наметавонанд шаъну шараф дошта бошанд, ба ташкилотҳо танҳо эътибори корӣ хос аст. Дар Қарори мазкури Пленуми Суди Олии ҶТ қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии кӯҳнашуда истифода гаштааст, бо ҳамин сабаб зарур аст, ки Қарори нави Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардад. Ҳоло зарурати пешбинӣ намудани чораҳои фаврӣ оид ба танзими минбаъдаи масъалаҳои ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ ба миён омадааст, зеро масъалаи мазкур барои ҷомеа, аз ҷумла барои рушд кардани ВАО-и озод ва гуногунандешӣ дар мамлакат, рӯзмарра мебошад.

Қонунгузории миллӣ бояд ба стандартҳои байналмилалии озодии сухан мувофиқат намояд. Барои даст ёфтан ба ҳадафҳои мазкур қонунгузориро бо назардошти таҷрибаи мусбии мамлакатҳои хориҷӣ оид ба парвандаҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мукаммал гардондан зарур аст.

Роҳҳои аз таъқиб барои тӯҳмат ва таҳқир эмин мондани журналистон

Ганна КРАСИЛНИКОВА, роҳбари хадамоти ҳуқуқии Фонди Байналмилалии ҳифзи озодии сухан «Адил соз», Қазоқистон

Мониторинги нақзи ҳуқуқҳои ВАО ва журналистон, ки аз ҷониби АМВАОМТ роҳандозӣ шудааст, нишон медиҳад, ки журналистон ва ВАО барои таҳқир ва тӯҳмат ҳарчи бештар мавриди таъқиботи ҷиноятӣ шуда, барои паҳн кардани маводи пастзанандаи шаъну шараф ва иттилои нодуруст дар суд мавриди баҳсҳои гражданӣ қарор мегиранд. Бо таассуф қайд кардан зарур аст, ки мавқеи ҳуқуқии ВАО ва журналистон дар чунин мурофиаҳо то ҳол суст аст, вале он ҳаргиз маънои бой доданро надорад. Феълан, дар мавриде, ки ВАО ва журналистон аз қонунгузории амалкунанда дар бораи ВАО Тоҷикистон ба таври кофӣ ошно нестанд ва онро пурра истифода намебаранд, судҳо ҳам ҷонибдори тарафи пурзӯр – мансабдорони сатҳҳои гуногун, тоҷирон шуда, қонунҳои амалкунандаро ба коми худ истифода мебаранд.

Бешубҳа, қарзи касбӣ ва шавқу рағбати ҳар як журналист ба инъикоси воқеаҳои ҷолибу муҳим дар мамлакат ва ҷомеа равона гардидааст. Аксари вақт воқеаҳо дорои хосияти танқидӣ, яъне манфӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ, ки соҳиби мансаби калон мебошанд зуд-зуд қаҳрамони чунин воқеаҳо мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз рӯйи чунин мавод баҳсҳои судӣ ба амал меоянд ва маъмулан чунин баҳсҳо ба зарари журналистон анҷом меёбанд. Сабабҳои ба амал омадани парвандаҳои судӣ гуногун — сатҳи пасти касбӣ ва ҳуқуқии журналистон, сарчашмаҳои беэътимоди ахбор, носаҳеҳӣ, худхоҳ будани қаҳрамонони маводҳои чопӣ нисбат ба шаъну шарафи худ ва ғайраҳо мебошанд.

Бо вуҷуди он, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқиеро дарбар дорад, ки тибқи онҳо ҳуқуқҳои ғайриамволии шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ – амсоли шаъну шараф, эътибори кориро таҳти ҳимоя қарор медиҳад. Ба журналистон донистан зарур аст, ки ҳимояи шаъну шараф дар Тоҷикистон ҳам бо тартиби ҷиноятӣ ва ҳам бо тартиби гражданӣ баррасӣ карда мешавад.

Дар қонунгузории ҶТ мафҳуми ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ мавҷуд нест. Вале мафҳумҳои мазкур дар қонунгузориҳои дигари миллӣ мавҷуданд.

Қонун қоидаҳои зеринро баён кардааст:

шараф — баҳои шахс дар назари атрофиён;

шаън – баҳои шахс ба худаш, муносибати вай ба худаш ҳамчун фарди ҷомеа;

эътибори корӣ – баҳои устувори мусбати эътибори кории одам ё шахси ҳуқуқӣ аз тарафи афкори ҷомеа.

1. Бо тартиби ҷиноятӣ парвандаҳои айбдоркунӣ ба тӯҳмат ва таҳқири шаҳрвандон ва таҳқири рӯйирости Президенти ҶТ баррасӣ карда мешаванд.

Барои тӯҳмат, аз он ҷумла тӯҳмати дар ВАО паҳнгашта қонун тибқи моддаи 135 КҶ ҶТ ҷазо пешбинӣ намудааст.

Тӯҳмат чист ва он дар чӣ ифода меёбад?

Тӯхмат – яъне дидаю дониста паҳн кардани тафсилоти бардурўғ, ки обрўю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад (моддаи 135 КҶ ҶТ).

Парвандаҳо дар бораи тӯҳматро судҳо тибқи шикояти ҷабрдида — «қаҳрамони маводи чопӣ» баррасӣ мекунанд. Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои тӯҳмат дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон аксар мавридҳо барои танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқибот қарор мегиранд, яъне дар амал иваз кардани мафҳумҳои танқид ва тӯҳмат ба амал меояд. Худи қаҳрамонони маводҳои чопӣ, дар айбномаҳояшон маъмулан, на ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, балки танҳо таассуроти худашонро аз чопи мавод асос нишон медиҳанд. Тибқи мӯҳтаво ва мантиқи қонун журналистро танҳо дар асоси андешаи ҷабрдида ҷазо додан мумкин нест. Қонун чорчӯба ва ҳудудҳои чунин айбномаҳоро муқаррар намудааст.

Аломатҳои тӯҳматро баррасӣ мекунем.

1. Тӯҳмат бояд дорои маълумоти дар воқеият мавҷуд набуда, яъне бардурӯғ ва пастзанандаи эътибори шахс бошад. Яъне ҳангоми санҷидани маълумоти (фактҳои) дар мавод ҷойдодашуда, суд бояд муайян кунад, ки маълумоти мазкур дар амал вуҷуд надошт. Суд инчунин бояд муқаррар намояд, ки маълумоти мазкур эътибори шахсро паст мезананд. Агар дар маводи интишоршуда бо вуҷуди паст задани эътибори ҷабрдида маълумоти дуруст чоп шуда бошад, он гоҳ журналист барои тӯҳмат гунаҳкор дониста намешавад, зеро дар мавод таркиби ҷиноят мавҷуд нест. Журналист дар навбати худ бояд дурустии маълумоташро исбот кунад ва бо ин мақсад далелҳое пешниҳод намояд, ки дар амал ба вуҷуд омадани воқеаро исбот кунанд.

2. Тӯҳмат бояд паҳн гашта бошад. Усулҳои паҳн кардани тӯҳмат метавонанд гуногун — даҳонӣ, хаттӣ, ба воситаи телефон, телеграф ва ғайраҳо бошанд. Паҳн кардан чунин маъно дорад: маълумоте, ки хабар дода мешавад бояд ба ғайр аз ҷабрдида аққалан боз ба як одами дигар маълум гардад. Намуди таснифи ин ҷиноят тӯҳмати дар воситаи ахбори умум ҷойдоштаро ба вуҷуд меорад. Табиист, ки тӯҳмат дар ВАО дастрас мебошад ва онро доираи васеи одамон мехонанд, аз ин рӯ ҷазо барои он ҳам нисбатан сахт аст.

3. Унсури фарқкунандаи тӯҳмат — бадқасдона будани он мебошад. Бадқасдона чунин маъно дорад, ки журналист пешакӣ медонист, ки хабари интишордодааш бардурӯғ аст ва ӯ хабари мазкурро дидаю дониста (бадқасдона) паҳн кардааст.

Дар таҷриба ҳам суд, ҳам ҷабрдида кӯшиш мекунанд, ки журналистро ба махсус ҷамъ овардани маълумоти «бад» дар бораи ҷабрдида айбдор кунанд, яъне вай бадқасдона амал карда, қаҳрамони маводашро фиреб додааст. Дар амал журналист ҳангоми ҷамъ овардани ягон маълумот, қарз ва вазифаи касбии худашро иҷро мекунад. Мақсади касбии вай фош кардани ҳодиса, воқеаи манфии ҷомеа ва ҷалб намудани ҷомеа барои бартараф кардани он мебошад. Чунин ҳолати журналистро на суд ва на ҷабрдида ҳамчун рафтори бадқасдона баҳо дода наметавонанд.

Мутобиқан, гуноҳи журналист танҳо дар он ҳолат аён мегардад, ки агар ҳамаи аломатҳои номбаршударо ҷабрдида дар суд исбот кунад. Агар яке аз аломатҳои мазкур мавҷуд набошад, он гоҳ ҷиноят ҳам мавҷуд нест ва сабаби ҷазо додани журналист ҳам вуҷуд надорад.

Ба журналистон зарур аст, ки меъёрҳои моддаи 135 КҶ ҶТ дар бораи тӯҳмати ба ҷиноятҳои махсусан сахт марбутро ба эътибор гиранд. Аксар вақт журналистон маълумотро дар бораи ҷиноятҳо дар марҳилаи ошкорсозӣ ва тафтишоти пешакӣ ба эътибор гирифта, сипас хабарро дар ҳамон намуде пешниҳод мекунанд, ки гӯё ҷиноят аллакай исбот шуда, шахси ҷинояти мазкурро содиркарда ҷинояткор аст. Дар ин ҳолат фаромӯш кардан лозим нест, ки ҳар шахсро танҳо бо қарори ҳукми қонунӣ гирифтаи суд ҷинояткор ҳисобидан мумкин аст, дар акси ҳол журналист метавонад обрӯи шахсро резонад ва барои тӯҳмат кардани вай ҷавобгар шавад.

Моддаи 136 КҶ ҶТ муқаррар намудааст, ки таҳқир паст задани обрӯ ва эътибори одам дар намуди беадабона мебошад. Ҷазои эҳтимолӣ барои чунин ҷиноят — ё ҷарима ё корҳои ислоҳотӣ мебошад.

Мафҳуми намуди беодобона дар қонун мавҷуд нест. Бо ҳамин сабаб онро ҳар кас бо тарзи худ ва хости ҷабрдида тафсир мекунад. Таҳқир ҳамеша дар шакли баҳо додан ифода меёбад.

Таҳти намуди беодобона аксар вақт суханони машрӯъ (дашном), имою ишораи беодобона, амалҳои таҳқиркунанда ва ғайраро дар назар доранд, ки онҳоро маъмулан дар ҳаёти ҷамъиятӣ истифода намебаранд. Аксар вақт ҷабрдидагон таҳти таҳқир айби содир кардани ягон ҳуқуқвайронкуниро мефаҳманд. Таҳқир метавонад хосияти воқеӣ дошта бошад. Далелҳои дар таркиби таҳқир мавҷудбуда метавонанд дуруст ва бардурӯғ бошанд. Бо вуҷуди он, ки таҳқир мавҷуд будани шакли беодобонаро дар назар дорад, вале ба андешаи мо, одамро бо роҳи баодобона ҳам таҳқир кардан мумкин аст. Масалан, журналист нафареро дар маводи худ дузд номид. Суд хоҳу нохоҳ аз журналист албатта мепурсад, ки вай бо кадом сабаб ба одам чунин баҳо додааст. Агар журналист ба суд далелҳое пешниҳод карда тавонад, ки шахси дузд номидаи вай бо ҳукми суд барои чунин амал ҷазо дидааст хуб аст. Агар чунин далел мавҷуд набошад, он гоҳ калимаи «дузд» аз тарафи суд ҳамчун таҳқир тафсир карда мешавад.

Ба эътибор гирифтан зарур аст, ки дар Тоҷикистон судҳо, ҷабрдидагон ва худи журналистон амалан барои муайян кардани мавҷудияти таҳқир дар маводи баҳсдор ба гузарондани таҳқиқотҳои ташхисӣ таваҷҷӯҳ надоранд. Мутобиқан, таҳқирдор будани ягон ибора ё калима дар суд аксар вақт аз рӯйи таассуроти ҷабрдида ё судя муайян карда мешавад. Бешубҳа, барои таҳқиқи чунин парвандаҳо мутахассиси забоншиносро ҷалб намудан зарур аст.

Хулосаи таҷрибаи судҳо нишон медиҳад, ки мавҷуд набудани «шакли беодобона» ва ба таври тахминӣ тафсир намудан ва истифодаи қонунгузориро коршиносон-забошиносони рус ҳамчун лексика ва ибораҳои инвектсионии (дашномдори) навъи аввал, яъне ба забони адабӣ тааллуқдошта тафсир кардаанд. Дар он 8 гурӯҳи калимаҳо ва ибораҳо муайян шудааст.

Гурӯҳи 1 калима ва ибораҳои китобиро дарбар гирифта, аз ибтидо маънои роҳзан, ҳиллагар, кӯлоҳбардор, фоҳиша, дузд, фашист, ҷосус, фосиқро ифода мекунанд. Ифодаҳои навъи Фалонӣ — ҳиллагар ба воқеа ё воқеаҳои ба рафтори Фалонӣ алоқамандро ифода мекунанд. Бо вуҷуди он, ки калимаҳои гурӯҳи мазкур аксар вақт калимаҳои баҳодиҳанда мебошанд, вале онҳо ифодакунандаи нақзи қонунгузории гражданӣ ё принсипҳои ахлоқӣ мебошанд. Дар ҳолати истифода кардани онҳо ҳолатҳои тӯҳмат ба амал омада метавонад (одамро бо чунин калима номбар карда, мо ӯро дар нақзи қонунгузорӣ ё меъёрҳои ахлоқи ҷамъиятӣ айбдор мекунем, эҳтимол даъвои мо воқеӣ набошад?).

Калимаҳоеро, ки ба гурӯҳи мазкур дахл доранд, ба маънои маҷозӣ ҳам истифода бурдан мумкин аст. Масалан, калимаи фоҳишаро барои ифода кардани хосияти таҳқиркунанда, ҳам бо маънои маҷозӣ – «хоин, одами бепринсип» истифода бурдан мумкин аст.

Ҳангоми истифодаи калимаҳо ба маънои маҷозӣ дар ҳолати ҳаллу фасл намудани масъалаҳо дар бораи таҳқир ё тӯҳмат вазъи истифодабарии нутқ, мӯҳтавои истифодаи калимаҳои маҷозӣ, дараҷаи асоснокии баҳои мушаххаси шахси ба вай нигарондашудаи сухан (масъалаи тӯҳмат)-ро ба эътибор гирифтан зарур аст (дар бораи асоснокии воқеии баҳодиҳӣ дар поёни мақола гуфтугӯ хоҳем кард).

Гурӯҳи 2 калимаҳое мебошанд, ки рангу бори саҳеҳи таҳқиркунанда дошта, мӯҳтавои истифодабарии онҳо ифодакунандаи хосияти оммавӣ мебошад: зидди яҳуд, дурӯя, ватанфурӯш, хоин, миллатпараст, руспараст (нигаред: душмани халқ). Нисбат ба калимаҳои дараҷаи 1 калимаҳои гурӯҳи 2 маънои маҷозӣ надоранд. Чунин калимаҳои бе асоси исботшуда ва беисбот нисбат ба ягон нафар нигарондашуда ҳамчун тӯҳмат баҳогузорӣ карда мешаванд.

Гурӯҳи 3 калимаҳое мебошанд, ки номи касбро ифода карда, ба маънои маҷозӣ истеъмол мешаванд: ҷаллод, қассоб, байтор.

Гурӯҳи 4 ифодаҳои рехтаи табиати ҳайвонидоштаро дарбар гирифта, ба воситаи номи ҳайвонот шахсро ҳангоми сӯҳбат баҳои манфӣ медиҳанд: гов, саг, модасаг, сагзода, хук, буқа, муши обӣ, каламуш, шағол, ҳайвон.

Гурӯҳи 5 феълҳоеро дар бар мегирад, ки ба воситаи онҳо таркибҳо (ғорат кардан, куштан, азият додан, таҳқир кардан, таҷовуз кардан, беодобӣ кардан, дурӯғ гуфтан, дуздидан) сохта мешаванд, ё баҳои манфӣ дода мешавад (панҷ панҷаро ба даҳон бурдан, дурӯягӣ кардан, дурӯғгӯйи кардан, аз они худ кардан):

Гурӯҳи 6 калимаҳоеро дар бар мегирад, ки маънои манфӣ дошта, баҳои эҳсосотии ягон шахро ифода мекунанд, ки дар он таҳқир мавҷуд аст: ҳаромзода, нобакор, фоҳиша, ҳез, ноҷинс ва ғайра.

Гурӯҳи 7 калима-эвфемизмҳо барои калимаҳои гурӯҳи 1-ро дарбар мегирад: хонуми сабукпо, сари дор истодан, ҷосуси хадамоти хориҷӣ. Ба назари аввал, эвфемизмҳо гӯё таҳқир надоранд, вале дар асл таҳқиркунанда мебошанд. Дар ҳолати истифода бурдани онҳо, агар барои баҳои манфии онҳо асос мавҷуд набошад, пас онҳо тӯҳмат дониста мешаванд.

Гурӯҳи 8 калимаҳое мебошанд, ки махсус барои таҳқир кардани шахс сохта шудаанд: яҳудкоммунистҳо, девонароҳзанҳо, дермократҳо, фоҳишадемократҳо, депутатҳои пиарист ва ғайраҳо.

Ба сафи калимаҳои инвективӣ калимаҳои дашномдор ҳам дохил мешаванд.

Дар моддаи 136 КҶ ҶТ барои таҳқир аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳам ҷазо пешбинӣ шудааст. Мо аллакай дар боло гуфтем, ки воситаҳои ахбори омма дастрасии васеъ ба иттилоотеро низ таъмин менамояд, ки дар он таҳқири ягон шахс мавҷуд аст ва табиист, ки барои он ҷазо барои ба таври оммавӣ паҳн кардани ахбор низ сахт аст.

Қонунгузории ҷиноятӣ ҳимоя кардани Президети ҶТ (моддаи 137) ва намояндагони ҳукумат (моддаи 330) аз таҳқирро низ пешбинӣ кардааст. Илова бар ин, қонуни ҳанӯз дар замони шӯравӣ қабулшудаи «Дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори Президенти РСС Тоҷикистон» то ҳол амал мекунад.

Шахсони мазкурро қонун ба таври махсус ҳимоя мекунад. Ҳарчанд президент ва намояндагони ҳукумат барои дар амал татбиқ намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон хизмат кунанд ҳам, бояд дар назди қонун баробари шахсони дигар бошанд, вале бо вуҷуди ин дар Кодекси ҷиноятӣ барои ҳимояи онҳо моддаҳои махсус ҷудо пешбинӣ шудааст. Амалан, вобаста ба мазмун ва мӯҳтавои моддаҳои мазкур шахсони мазкур нисбат ба шаҳрвандони дигари мамлакат бартарӣ доранд.

Мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсия муайян кардааст, ки тибқи он шаъну шараф ва эътибори президент дахлнопазир мебошад.

Намояндаи ҳукумат — шахси мансабдори мақомоти давлатӣ буда, тибқи қонун ба вай ваколатҳои амрдиҳӣ ба одамоне дода шудааст, ки тобеи хадамоти вай нестанд. Ба қатори намояндагони ҳукумат коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва риояи қонунро дохил намудан мумкин аст. Амру супоришҳои онҳоро дар чорчӯбаи қонун дигар шаҳрвандон вазифадоранд, ки иҷро кунанд. Вале боз гурӯҳи дигари намояндагони ҳукумат ҳам мавҷуд аст, ки ваколатҳояшон маҳдуд аст. Масалан, ходими гумрук ҳамчун намояндаи ҳукумат танҳо дар ҳудуди ҷойи кори худ ваколат дорад, зеро вай иҷрои қонунро дар гумрук таъмин месозад ва талаботашро дар гумрук бояд ҳамаи шаҳрвандон иҷро кунанд. Вале баъди анҷоми рӯзи корӣ ва аз маҳалли нуқтаи гумрук берун рафтан вай ба шаҳрванди муқаррарӣ табдил меёбад ва намояндаи ҳукумат ҳисоб намешавад.

Маънои оммавӣ — ҳузури одамони дигар мебошад.

Барои таҳқири намояндагони ҳукумат ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вобаста ба иҷрои вазифа тибқи моддаи 330 КҶ ҶТ ҷазо пешбинӣ гаштааст. Моддаи 137 КҶ ҶТ ҳимояи Президентро новобаста аз он, ки вай машғули иҷрои вазифаҳояш аст ё нест, кафолат додааст.

Бо вуҷуди он, ки тибқи эзоҳи қонун барои танқили оммавии сиёсати Президенти ҶТ ва фаъолияти хизматии намояндаи ҳукумат ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ нагашта бошад ҳам, вале эҳтиёткор будан шарт аст, зеро тавре таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, дар аксар мавридҳо танқиди шахси мансабдор ҳамчун таҳқир шарҳ дода мешавад.

Дар боло мо номгӯйи чанд моддаи ҷиноятиро шарҳ додем, ки тибқи онҳо журналистон бештар айбдор карда, ё ҷазо дода мешаванд. Бо вуҷуди он, қонунгузорӣ меъёрҳои дигаре ҳам дорад, ки журналистон онҳоро метавонанд барои ҳимояи худашон истифода баранд. Вобаста ба таҷрибаи ғуншуда, аз он ҷумла судӣ, ба журналистон зарур аст, ки баъзе тавсияҳо оид ба худмуҳофизатии ҳуқуқии зеринро донанд.

2. Мо аллакай дар боло қайд кардем, ки ҳифзи шаъну шараф ва эътибор (касбӣ) бо роҳи гражданӣ ҳам баррасӣ карда мешавад. Ҳифзи ҳуқуқи мазкурро моддаҳои 172 ва 174 Кодекси граждании ҶТ кафолат медиҳанд. Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» меъёри Кодекси гражданиро тақвият бахшида, журналистро вазифадор месозад, ки иттилооти воқеият надошта ва пастзанандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро паҳн накунад.

Дар Тоҷикистон дар тӯли ду-се соли охир тамоюли ба суд муроҷиат кардани шаҳрвандон бо даъвоҳои шаҳрвандӣ дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор ва эътибори корӣ ба таври чашмрас рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз рӯи чунин шикоятҳо мансабдорон мақоми аввалро ишғол мекунанд, минбаъд шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон.

Қонунгузории ҶТ дар бораи воситаҳои ахбори омма расмиёти тосудии батанзимдарории баҳс ва баҳси судиро пешбинӣ намудааст.

Моддаи 24 қонун дар бораи матбуот ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ додааст, ки баҳсро бо роҳи то суд ҳаллу фасл намоянд. Расмиёти ин амал содда аст. Шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ба идораи воситаи ахбори омма оид ба маводи чопшуда эродҳояшро хаттӣ пешниҳод карда, талаб менамояд, ки ҷавоб ё раддияи вайро чоп кунад. Идораи воситаи ахбор дар навбати худ аризаи воридшударо дар мӯҳлати то як моҳ баррасӣ менамояд. Агар воситаи ахбори омма ба эродҳои аризадиҳанда розӣ бошад, он гоҳ вазифадор аст, ки ҷавоб ё раддия чоп кунад. Агар идораи воситаи ахбор ба дурустии фактҳои дар маводи чопшуда эътимод дошта бошад, пас ҳуқуқ дорад чоп кардани ҷавоб ё раддияро рад кунад. Агар масъалаи баҳсталаб бо роҳи то суд ҳаллу фасл карда нашавад, он гоҳ шахси ҷабрдида ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

Дар баробари талабот оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ, маъмулан, талабот дар бораи аз гунаҳкор рӯёндани ҷуброни зиёни маънавӣ (моддаҳои 171, 1115 КГ ҶТ, моддаи 38 қонун дар бораи матбуот) пешбинӣ гаштааст. Донистани меъёрҳои асосии қонунгузории амалкунанда барои дар суд худро муҳофизат намудан ба журналист зарур мебошад.

Акнун мафҳумҳоро аниқ мекунем.

Журналистон бояд дар хотир дошта бошанд, ки дар қонунгузории ҷиноӣ ва гражданӣ ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ — шаъну шараф, эътибори корӣ ҳимоя карда мешаванд. Усули вайрон кардани ҳуқуқҳои мазкур паҳн кардани маълумот мебошад, аз он ҷумла аз тариқи воситаҳои ахбори омма. Паҳн кардани маълумот бояд ба воқеият рост наомада, хосияти пастзананда дошта бошад.

Маълумоти пастзананда чӣ маъно дорад?

Маълумоти пастзананда — маълумоте аст, ки ба ҳақиқат рост наомада, шаъну шарафи шаҳрвандро дар назари аҳли ҷомеа ё аъзои алоҳидаи он аз нигоҳи риояи қонунҳо ва асли ахлоқи ҷомеа паст карда нишон медиҳад.

Ба таври саҳеҳ дар хотир доштан зарур аст, ки маълумот чист?

Таҳти мафҳуми маълумот тасдиқи факт фаҳмида мешавад. Таҳти мафҳуми факт бошад ягон воқеи рӯйдодаи ҳақиқӣ, ҳодиса, яъне он чизе, ки дар ҳақиқат ба амал омадааст, ба амал меояд, мавҷуд аст фаҳмида мешавад.

Баҳои умумии рафтор, симои ахлоқӣ ва эътибори кории шахс (масалан, даъвои навъи «шаҳрванд N – ҷинояткор, ё бадахлоқ ва ғайра) ҳам маълумоти пастзананда ҳисоб карда мешавад. Вале маълумот агар андешаи баҳодиҳӣ дошта, дар заминаи фактҳои мушаххаси ба фаъолияти шахс алоқаманд сохта шуда бошад, он гоҳ пастзананда дониста намешавад. Чунин баҳодиҳӣ эътимоди ботинии ҳар як одам аст. Марзи байни пастзанӣ ва андешаи баҳодиҳӣ, ки барои он ҷазо муқаррар нашудааст, ниҳоят нозук аст. Барои судя меъёри қонун дастур барои фаъолият мебошад, аз ин рӯ вазифаи журналист аз он иборат аст, ки дар суд исбот намояд, ки аз ҳуқуқ барои озодии андеша ва баён истифода бурдааст, вале муаллифи даъворо паст назадааст. Бо ин мақсад дар хотир доштан зарур аст:

Андешаҳо, баҳодиҳие, ки асоси мушаххаси фактӣ надоранд, ҳақиқӣ ё бардурӯғ дониста намешаванд. Журналистро барои баёни андеша, мавқеи шаҳрвандӣ, танқид, андешаи баҳодиҳӣ ҷазо додан ғайриқонунӣ мебошад. Андешаи худ ё андешаи касбӣ доштан, мавқеи шаҳрвандӣ доштану тибқи эътимоди ботинии худ чизеро ё касеро баҳо додан ҳуқуқи қонунии ҳар як одам аст.

Шароитеро, ки ҳангоми онҳо ҷавобгарӣ ба амал меояд, ҷамъбаст мекунем. Дар ҳолати мавҷуд набудани ақаллан яке аз шартҳо ҷавобгарии гражданию ҷиноятӣ ба амал намеояд.

1. Маълумот паҳн карда шудааст. Паҳн кардани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ чунин маъно дорад, ки хабар дар матбуот чоп шуда, ба воситаи телевизион ва радио ё дар дигар воситаҳои ахбор шунавонда, инчунин ба таври шифоҳӣ, ақаллан ба як нафар паҳн карда шудааст. Ба шахсе, ки сухан дар бораи вай меравад, расондани хабари пастзананда паҳн кардани хабар дониста намешавад.

2. На андеша ва ақида, балки маҳз маълумот паҳн карда шудааст. Тибқи кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ ҷавобгарӣ замоне фаро мерасад, ки маълумоти бардурӯғ паҳн карда шуда бошад, на андеша, мулоҳизаи баҳодиҳӣ ва нуқтаи назар.

3. Маълумоти паҳнкарда нодуруст аст, яъне ба ҳақиқат рост намеояд. Дар ин маврид дар бораи паҳн кардани иттилоот дар бораи фактҳое сухан гуфтан зарур аст, ки онҳоро санҷидан мумкин аст, яъне дар воқеъ ба амал омадани онҳоро исбот кардан мумкин аст ё не. Журналист агар фактҳои хосияти манфӣ доштаро баён карда бошаду, вале онҳо дар ҳақиқат вуҷуд надошта бошанд, пас барои ин амал шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

4. Маълумоти бардурӯғи паҳнкардашуда шаъну шараф ва эътибори кориро паст мезананд.

Паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ ба таври маъмулӣ чунин фаҳмида мешавад, ки шахс шарманда карда шудааст. Агар маълумоти пастзананда бардурӯғ бошаду, вале одамро паст назанад (фарз кардем, бардурӯғ вай мукофот гирифт гуфта бошанд) барои ин амал журналистро ҷавобгар намекунанд.

Аз рӯйи мафҳумҳои дар боло нишондодашуда хулоса кардан мумкин аст, ки журналист вазифадор аст маълумоти бардурӯғ ва пастзанандаи шахс паҳн накунад ё исбот кунад, ки маълумоти пешниҳодкардааш ҳаққонӣ аст ва он боиси паст задани нафаре намегардад.

Таҷрибаи судӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки барои зиёни маънавӣ ҳарчи бештар маблағҳои ҳангуфт талаб карда мешаванд, ки онҳо амалан нашрияҳои хурдро муфлис карда, журналистон қудрати пардохт кардани чунин зиёни маънавиро надоранд.

Моддаи 171 КГ ҶТ ва қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 4 июни соли 1992 №8 ҷуброни зиёни маънавиро пешбинӣ менамоянд, вале дар онҳо маънои зиёни маънавӣ ва чиро зиёни маънавӣ номидан ба таври муфассал шарҳ дода нашудааст. Аз ҳамин ҷо чунин хулоса кардан мумкин аст, ки таҳти зиёни маънавӣ ранҷи маънавӣ ё ҷисмониеро мефаҳманд, ки шаҳрванд дар натиҷаи нақз ё маҳрум шудан аз ҳуқуқ ва боигариҳои шахсии ғайримолумулкӣ дидадааст.

Ба боигариҳое, ки ба одам аз рӯзи аввали таваллудаш тааллуқ доранд – ҳаёт, саломатӣ, шану шараф, озодӣ, дахлнопазирии шахс, ба ҳуқуқ бошад – ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзили зист ё моликият, ҳуқуқ ба сирри оилавӣ, сирри гуфтугӯҳои телефонӣ ва мукотиба, ҳуқуқ ба расм, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқ ба дастрас кардани иттилои дуруст ва ҳуқуқҳои дигар дохил мешаванд. Дар ҳолати нақз шудани ҳуқуқҳои номбаршуда ва талаб кардани ҷуброни зиёни маънавӣ даъвогар бояд ранҷу азоби кашидаашро исбот кунад, дараҷаи вазнинии чунин ранҷу азобро тасдиқ созад.

Ҳоло дар судҳо аксар вақт исбот талаб намекунанд ва бо ҳамин восита меъёрҳои Кодекси Гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд. Дар натиҷа дар бораи ҷуброни маблағи талабкардаи даъвогар ба таври тахминӣ ҳукм карда мешавад. Дар суд талаб кардан зарур аст, ки оқибатҳои зиёни маънавӣ исбот карда шаванд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ андозаи маблағи зиёни маънавиро ба таври объективӣ, мантиқӣ ва боадолатона муқаррар кардан мумкин аст (моддаи 1116 КГ ҶТ).

Дар таҷриба ҳангоми баррасӣ кардани парвандаҳои шаҳрвандӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ даъвогар ба суд бо маводи чопшуда ҳозир мешавад ва онро судя аксар вақт ҳамчун исботи охирини айби журналист арзёбӣ мекунад. Маъмулан даъвогар маводро пешниҳод карда ва дар бораи хафагии худ чанд сухан гуфта, минбаъд дар ҷараёни мурофиа хомӯш мешинад, журналист-ҷавобдиҳанда бошад бегуноҳии худро исбот карданӣ мешавад. Вале қонун даъвогарро вазифадор кардааст, ки нақз шудани ҳуқуқҳояшро, то кадом андоза зиёни маънавӣ расонда шудан ва барои чӣ ӯ маҳз ҳамон маблағ талаб карданро исбот намояд. Аз ин рӯ, журналист дар мурофиаи судӣ бояд талаб кунад, ки даъвогар:

— ба таври мушаххас кадом ранҷу азияти маънавӣ ва ҷисмониро вай эҳсос кардааст ва даъвои вай бо кадом далелҳо тасдиқ карда мешаванд (ҳар як ҳолат бояд исбот – ҳуҷҷат, маълумотнома ва ғайра дошта бошад).

— исбот намояд, ки вай маҳз дар натиҷаи чоп шудани мавод ранҷу азият кашидааст.

— исбот кунад, ки ҷуброни одилонаи маънавиро талаб дорад ва ба воситаи гирифтани даромади чандсолааш аз ҳисоби ВАО ва муаллиф бой шуданӣ нест.

Ҷавобгарон дар навбати худ бояд ба суд тавозун ва дигар ҳуҷҷатҳои исботкунандаи вазъи молиявии идораи воситаи ахбор ва вазъи моддии муаллифро (масалан маълумотнома дар бораи музди меҳнат) пешниҳод кунанд, то ин ки аз онҳо маълум карда шавад, ки ситондани маблағи калони ҷуброни зиёни маънавӣ ногузир ба муфлисшавии идораи воситаи ахбор оварда мерасонад, муаллиф бошад барои иҷро накардани қарори суд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Судҳо бояд ҳамаи шароити мазкурро ба эътибор гиранд ва маблағи ҷуброни зиёни маънавӣ набояд ба нобуд гаштани ВАО мусоидат кунад.

Вақтҳои охир даъвоҳо оид ба ҳимояи шаъну шарафи шахсони ҳуқуқӣ «анъана» шудааст.

Қонун ба шахси ҳуқуқӣ иҷозат медиҳад, ки ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунад. Вале табиати ҳуқуқии он аз зиёни маънавии ба шаҳрванд расондашуда фарқ дорад. Зиёни маънавие, ки шаҳрванд мебинад – ин ранҷу азоби маънавӣ мебошад. Шахси ҳуқуқӣ бошад мақоми ҳуқуқии ғайришахсӣ дошта, ба монанди одам азобу ранҷ намекашад. Дар қонунгузорӣ инчунин меъёре мавҷуд нест, ки бинобар ранҷу азоби маънавӣ ва ҷисмонии кашидани корманд, шахсони мансабдор ё муассисони шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ зарари маънавӣ дидааст.

Амалан, ба шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати паст задани эътибори кории он зиёни маънавӣ расондан мумкин аст. Дар чунин ҳолат ташкилот бояд факти тағйир ёфтани муносибати аҳли ҷомеа (мизоҷон, шарикон ва ғайра) ба он ва зарари воқеии дар натиҷаи нақзи ҳуқуқи ғайримолумулкӣ расидаро исбот кунад. Яъне шахси ҳуқуқӣ нисбат ба шаҳрванд наметавонад андозаи товони зиёни маънавиро муқаррар намояд, балки танҳо метавонад андозаи зарари баъди чоп шудани мавод расидаро (ҳисоби саҳеҳи молиявӣ) исбот кунад. Мутобиқан, журналист ҳуқуқ дорад, ки ба суд пешниҳод намудани чунин далелҳоро талаб кунад.

Шарҳи боло, албатта, масоили ҳуқуқии тартиби касбии журналистон ва баррасии парвандаҳои судиро пурра фаро намегирад, бо вуҷуди он асоси ҳуқуқие аст, ки онро журналист бояд донад.

4. Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кориашон муроҷиат кардан ба судро кафолат додааст ва аксар аз ин ҳуқуқ истифода мебаранд. Таҳлили даъвоҳои ба суд расидаи дар мониторинги АМВАОМТ сабтшуда нишон медиҳанд, ки як қисми даъвоҳо беасос ва беадолатона мебошанд, вале бо вуҷуди он суд вазифадор аст, ки ҳар як даъворо қабул ва баррасӣ намояд. Ҳадафи чунин даъвоҳо ҳар чӣ ки набошад, журналист бояд барои дар суд ҳимоя кардани худ омода бошад. Фаромӯш кардан лозим нест, ки журналист ҳам дар марҳилаи то суд, ҳам дар марҳилаи суд бояд ба ҳимоя кардани худ аз айбҳои ба вай пешниҳодшуда омода бошад. Акнун чанд тавсияи соддаеро пешниҳод мекунем, ки ба журналистон кӯмак мерасонанд:

— бо худ ҳуҷҷати журналистӣ дошта бошед, агар зарур шавад супориши идораи воситаи ахборро ҳам бо худ гиред. Ин чиз барои он зарур аст, ки журналист вақти ҷамъ овардани мавод барои мақолааш ҳуқуқашро барои ҷустуҷӯ кардани иттилоотро пурра татбиқ карда тавонад;

— шаҳодатномаи хизматии нодуруст мураттабшуда ё мӯҳлаташ гузашта метавонад боиси он гардад, ки сарчашма аз додани ахбор саркашӣ кунад ва ин ҳолат боиси барҳадар сарф шудани вақти пурқиммат гардад;

— кор кардан бо сарчашмаҳои асосӣ ва дигар манбаъҳои алтернативӣ. Кор бо манбаъҳо имконият медиҳад, ки иттилои саҳеҳ ба даст оред (ҳуҷҷатҳои расмӣ, маводи маълумотӣ, ҷавобҳо ба пурсишҳо, бойгониҳои кино ва расмҳо ва ғайра). Агар манбаи аввалин шаҳрванд бошад, пас ба эътибор гирифтан зарур аст, ки ба журналист иттилое пешниҳод гаштааст, ки танҳо барои истифодабарии шахсӣ пешбинӣ шудааст ва он дар асоси маълумот ва фактҳо сохта нашудааст. Тасдиқи чунин маводро талаб кардан зарур аст. Сарчашмаҳои алтернативӣ, масалан, Интернет, барои васеъ шудани ҷустуҷӯйи иттилои ба журналист зарур кӯмак мерасонанд;

— сарчашмаҳои иттилоъро такроран санҷидан зарур аст. Иттилоъ тибқи табиати худ вобаста ба сарчашма хосияти таҳриф шудан дорад. Журналистон дар навбати худ баъзан бо сабаби беэҳтиётӣ, шитобкорӣ ё эътимод ба ягон сарчашма иттилои пешниҳодшударо саҳеҳ мепиндоранд. Маҳз чунин муносибат аз тарафи журналистон метавонад сабаби ба амал омадани даъво дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ гардад. Илова бар ин, ҳуқуқи бори дигар санҷидани иттилоъ ва ӯҳдадорӣ оид ба паҳн накардани маълумоти пастзананда дар қонуни матбуот низ оварда шудааст. Такроран санҷидани маълумоти фактдор имконият медиҳад, ки даъвои имконпазир аз болои журналист пешгирӣ карда шавад;

— фактҳоро аз андеша, мулоҳиза, баҳо фарқ кардан зарур аст. Мақолаи «ҳангомадор» ҳамеша сабаби аз болои журналист ба суд даъво пеш овардани қаҳрамонони мақола мегарданд. Аз ин рӯ, маводро ба чоп омода карда, журналист бояд барои исбот кардани саҳеҳии фактҳои дар он овардашуда омода бошад. Фаромӯш накунед, ки масъулият барои маълумоти носаҳеҳи пастзананда танҳо нисбат ба фактҳои паҳнкардашуда шурӯъ мешавад. Барои андешаҳо, баҳо, нуқтаи назар суд намекунанд ва ҳуқуқи ифода кардани онҳоро Конститутсия ба ҳар як шаҳрванд кафолат додааст;

— аз диктофон истифода бурдан. Журналист ҳамеша наметавонад иттилои аз дасти аввал гирифтаашро пурра нависад, бо ҳамин сабаб онро ба таври мухтасар менависад. Қайдҳояшро кушода, журналист метавонад камбудиҳои гуногунро дар он пайдо кунад, барои такроран санҷидани иттилоъ бошад имконият надорад. Чунин ҳолат метавонад, масалан, вақте ба амал ояд, ки журналист ба ноҳияҳои дурдаст, чарогоҳҳо ва ғайра сафар мекунад. Сабти диктофонӣ ба журналист барои таҳлил намудани иттилои дастраскарда, такроран санҷидани ҷойҳои шубҳаноки он имконият медиҳад. Дар суд ҳамеша ба сабти диктофонӣ ҳамчун ба сарчашмаи сабтшудаи иттилоот такя кардан мумкин аст;

— бойгонӣ доштан. Дар ҳолати ба амал омадани вазъи баҳсталаб оид ба маводи навакак чопшуда мавҷуд будани бойгонӣ ба журналист кӯмак мерасонад, ки ҳар ҳуҷҷати дилхоҳро бардошта, ҷараёни ҷамъ овардани иттилоъро дар ҳар марҳилаи дилхоҳи омодасозии мавод пайгирӣ намояд;

— ба ҳуқуқшиносон барои машварат муроҷиат кардан. Донишҳои журналист пурра донистани ҳуқуқро дар назар надорад. Қонунгузорӣ доманвасеъ аст, баъзан он ба таври нофаҳмо навишта шудааст. Аз ин рӯ, масалан, барои фаҳмидани ҳуқуқи мурофиавӣ кӯмаки ҳуқуқшинос зарур аст.

Дар ин мақола мо ба таври мухтасар намудҳои нақзи ҳуқуқҳо, мафҳумҳои асосии онҳо ва баъзе тавсияҳо ба журналистонро ифода кардем. Умедворем, ки шумо онҳоро ба хотир мегиред ва кӯшиш менамоед, ки ҳолатҳоеро пешгирӣ мекунед, ки барои онҳо дар назди қонун ҷавоб додан зарур мешавад.

Дар хотима ибораеро хотиррасон мекунем, ки бояд онро фаромӯш накунед: надонистани қонун шуморо аз масъулият озод намекунад.

Декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) — қадами муҳим дар ташаккули озодии сухан

Иноятов И., адвокат, коршиноси соҳаи ВАО

Воситаҳои ахбори омма қувваи пешбарандаи итилоотӣ ва тарғиботии ҷомеа буда, нақши онҳо дар раванди инкишоф ва пешравии ҷомеаи гражданӣ хеле калон аст. Озодии сухан яке аз стандартҳои муҳими ҳуқуқии байналхалқӣ буда, он озодии ақида ва андеша, ҳуқуқи озодона сухан гуфтан, гуногунандешӣ ва нораво будани таъқиб барои танқидро кафолат медиҳад. Дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар шахс ба озодии сухан, манъ будани сензура ва таъқиб барои танқид кафолат дода шудааст. Дар моддаи 19 Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқхои гражданӣ ва сиёсии шаҳрвандон ҳуқуқи озодона баён кардани ақида пешбинӣ гардидааст.

Масъалаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффоматсия) мавзӯи муҳими ҳуқуқӣ буда, бевосита ба раванди инкишофи озодии сухан алоқаманд аст. Ман фикр мекунам, ки яке аз қадамҳои муҳими ташаккули озодии сухан ин декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат мебошад. Ба масъалаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) зарур аст, ки аз нуқтаи назари алоқамандии ин масъала бо озодии сухан ва фаъолияти журналистӣ назар афканем. Декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) ҳеч гоҳ мазмуни пурра аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ дур карданро барои таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) надорад. Мазмуни ҳақиқии декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) дар он ифода меёбад, ки барои таҳқир ва тӯҳмат бояд, ки танҳо ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ пешбинӣ шуда бошад ва ҷавобгарии ҳуқуқии ҷиноятӣ барои таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) истисно карда шавад. Худи мафҳуми «диффаматсия» низ аз калимаи лотинӣ буда, мазмуни «пастзананда»-ро дорад (зимнан дар ин мавзӯъ «маълумоти бардуруғи пастзананда». Хуб, декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) ба воситаҳои ахбори омма чӣ медиҳад ?

Якум, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, имконияти пурра амалӣ гардидани меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионии озодии сухан хеле меафзояд. Дар сурати аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани моддаҳои дахлдор оиди таҳқир ва тӯҳмат ва муқаррар намудани танҳо ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ, таъсиррасонии ҳуқуқии — ҷиноӣ ба воситаҳои ахбори омма аз байн меравад, шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад, ки баҳсҳо оиди диффоматсия дар доираи мурофиаи ҳуқуқии гражданӣ мувофиқи принсипҳои баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳисавӣ будани мурофиаи судӣ дида баромада шаванд.

Дуюм, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат усулҳои аз тарафи шахсони алоҳида маҳдуд кардани озодии сухан аз байн меравад ва ҳолатҳои фишор овардан ба рӯзноманигорон, маҳдуд кардани фаъолияти касбии рӯзноманигорон хеле кам мешаванд. Шахсони алоҳидаи мансабдор наметавонанд, ки бо истифода аз моддаҳои ҷиноии таҳқир ва тӯҳмат ба раванди инкишофи озодии сухан таъсир расонанд. Ҳамчунон, шахсони алоҳидаи мансабдор наметавонанд камбудиҳои касбиву кории худро пинҳон намоянд, наметавонанд садди роҳи танқид шаванд.

Сеюм, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат ҳолатҳои «таъсирасонӣ» ба воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо хеле кам мешавад. Таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, ки журналистон дар асоси меъёрҳои «озодии сухан» амал намуда, шахсони алоҳидаро зери танқид қарор медиҳанд. Шахсони мансабдор бошанд танқидро ҳамчун таҳқир қабул намуда, талаби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани журналистонро мекунанд. Ва дар баъзе мавридҳо моддаҳои қонунгузории ҷиноӣ ба шахсони алоҳида ҳимояи махсусро кафолат медиҳанд ва эшон дар асоси ин муқаррарот ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани рӯзноманигоронро талаб менамоянд, ки ин ҳолат, ба андешаи мо, ба раванди озодии сухан таъсири манфӣ мерасонад.

Чаҳорум, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат маводҳои танқидию таҳлилӣ дар воситаҳои ахбори омма зиёд мешаванд, гуногунандешии ҷамъиятӣ афзун мегардад ва ин боиси он шуда метавонад, ки барои мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои ҳарактери коррупсионидошта мусоидат намояд. Дар ин маврид, зарур аст қайд намоям, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 аз 07 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ дар воситаҳои ахбори омма» саривақтӣ буда, барои амалӣ гардидани меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионии озодии сухан мусоидат менамоянд.

Панҷум, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, баҳсҳои диффаматсия танҳо дар мурофиаи кушоди судии — гражданӣ баррасӣ гардида, имконияти ба амал баровардани адолати судӣ хеле инкишоф меёбад. Дар ин ҷой бо маврид аст аз парвандаҳои ҷиноятии нисбати рӯзноманигорон Мухтор Боқизода, Ҷумъа Толибов, Саида Қурбонова, Фарангис Набиева, Муҳайё Нозимова ва дигарон ёдрас намоем. Хурсандиовар он аст, ки имрӯз дар кишварамон парвандаҳои ҷиноятӣ оиди таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) нисбати намояндагони васоити ахбори омма ниҳоят кам мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо вобаста ба диффаматсия, ҷабрдидагон бештар бо даъвои гражданӣ ба суд муроҷиат менамоянд ва ҳолатҳои бо ариза муроҷиат намудан оиди оғози парвандаи ҷиноятӣ хеле кам аст. Ин ҳолат, худ шаҳодати он аст, ки аллакай дар ҷомеаи мо тафакури декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) воқеан ба миён омадааст.

Шашум, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, ҳолатҳои аз озодӣ маҳрум кардани журналистон барои диффаматсия аз байн меравад. Ба андешаи ман, ҳамчунон, зарур аст, ки дар давраи гузариш ва муҳокимаи ин масъала, ба судҳои кишвар тавсия дода шавад, ки аз баровардани ҳукмҳои маҳрум сохтан аз озодӣ барои таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) нисбати журналистон худдорӣ намоянд. Бар замми ин, Суди Олиро зарур аст, ки таҷрибаи баррасии парвандаҳоро оиди ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва парвандаҳои ҷиноятии оиди таҳқир ва тӯҳматро бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳад. Муқаррароти Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судҳо баррасӣ кардани парвандаҳо оиди ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ бо иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳо» тахти № 8 аз 04.06.1992 ба талаботи қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯй набуда, вале дар амалия мавриди истифода қарор гирифта истодааст.

Ҳафтум, дар натиҷаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, мартабаи байналхалқии Тоҷикистон боз ҳам баландтар мегардад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои ҳуқуқбунёд, ки мақсади онҳо бунёди ҷомеаи гражданӣ мебошад, ба ин мавзӯъ аҳамияти муҳим дода, ҳатто қисме аз ин давлатҳо дар ин самт ба пешравиҳои ҷиддӣ ноил гардидаанд. Чунончи, қисми зиёди давлатҳои Аврупо, инчунин Украина, Молдова, Гурҷистон, Озарбойҷон аллакай аз қонунгузории худ ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҳқир ва тӯҳмат хориҷ намуда, дар ин кишварҳо диффаматсия ҳамчун баҳси гражданӣ танҳо дар мурофиаи судии гражданӣ баррасӣ карда мешавад.

Ҳаштум, чи тавре, ки аз мазмуни моддаи 19 Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсии шаҳрвандон бармеояд, озодии сухан дар баробари имкониятҳои васеъ, инчунин масъулиятҳоро низ пешбинӣ менамояд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки дар баробари декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, зарур аст, ки меъёрҳои ҳуқуқии граждании ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шаванд ва зарур аст, ки намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқии граждании моддӣ барои паст задани шаъну шараф, таҳқир ва тӯҳмат пурзӯртар карда шаванд, аз ҷумла дар конунгузории амалкунандаи гражданӣ барои диффаматсия ҷаримаҳои молумулкӣ, масъулияти моддӣ пешбинӣ карда шаванд. Ман фикр мекунам, ки барои диффаматсия ҷавобгарии молумулкии журналист аз ҷазои ҷиноятӣ дида хело ҳам авлотар ва таъсирбахштар аст, зеро, ки дар мавриди пардохт кардани маблағи пулӣ журналист масъулияти калони моддиро дарк карда метавонад.

Албатта, декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат наметавонад, ки ҳамаи мушкилоти воситаҳои ахбори оммаро ҳал намояд, вале он метавонад қадами муҳим дар ташаккули озодии сухан гардида, барои ба миён омадани воситаҳои ахбори вокеан ҳам мустақил мусоидат намояд. Бешубҳа, шояд баъзеҳо чунин андеша доранд, ки ҷомеаи мо ҳанӯз ба чунин навовариҳои ҳуқуқӣ тайёр нест, аммо ман фикр мекунам, ки ин масъалаи як ва ё дурӯза нест, аз ин рӯ зарур аст, ки маъракаи омӯзиш ва таҳлили масъалаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) оғоз карда шавад, таҳқиқотҳои ҳуқуқӣ, оморӣ гузаронида шаванд, таҷрибаи амалӣ таҳлил карда шавад.

Мо итминони комил дорем, ки меъёрҳои ҳуқуқии озодии сухан нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқии таҳқир ва тӯҳмат (диффаматсия) бояд, ки бартарият дошта бошанд. Ҳуқуқ ба озодии сухан бояд, ки пурмасъулиятона ба амал бароварда шавад ва тавозуни зарурии озодии сухан ва масъулияти амалӣ гардонидани он нигоҳ дошта шавад.

ҚАРОРИ №8 ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4 июни соли 1992, ш. Душанбе

Дар бораи таҷрибаи истифодабари қонунгузорӣ оид ба парвандаҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандон ва ташкилотҳо аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории амалкунанда ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ аз сӯиқасд ба шаъну шараф ва эътиборро кафолат додааст.

Тибқи моддаи 7 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ё ташкилот ҳуқуқ доранд ба воситаи суд рад намудани маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътиборашонро талаб кунанд, агар паҳнкунандаи чунин маълумот дурустии онҳоро исбот накунад.

Омӯзиш ва хулосаи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи рад кардани маълумоти паҳнкардашудае, ки шаъну шараф ва эътиборро паст мекунанд, нишон дод, ки дар таҷрибаи судҳо оид ба баррасӣ кардани парвандаҳои ҷудогонаи навъи мазкур ҳангоми истифодаи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ камбудиҳо ҷой доранд.

Аз он ҷумла, ҳангоми муайян кардани масъалаҳои зерин ба хато роҳ дода мешавад: баҳсҳои тобеъи судҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибор; одамони иштирокчии парвандаҳои гурӯҳи мазкур; усулҳои рад кардани маълумоти пасткунанда; андозаи маблағи товони зиёни маънавӣ (ғайримолумулкӣ); вокуниш ба маълумоти паҳншудаи пасткунанда; ситондани боҷи давлатӣ ва хароҷоти дигари судӣ ва ғайраҳо.

Бо мақсади истифодабарии дурусти қонунгузорӣ Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Суд диққаташро ба он равона созад, ки тибқи мӯҳтавои моддаи 7 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳое тобеъи он мебошанд, ки онҳо аз рӯи аризаҳои даъвогии шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар бораи рад кардани маълумоти паҳншуда оғоз шуда, ба андешаи даъвогарон маълумоти мазкур шаъну шараф ва эътиборашонро паст мекунанд. Чунин парвандаҳо, агар ҳатто маълумоти ба таври объективона паҳншуда шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд ва ташкилоти аризаи даъвогӣ пешниҳодкардаро паст накунад ҳам, тобеъи суд мебошанд.

Бо ҳамин сабаб ҳангоми баррасӣ намудани чунин парвандаҳо ба судҳо зарур аст, ки паҳн шудани маълумотро ба таври пурра муайян кунанд. Дар бораи раддияе, ки даъвогар талаб намудааст: оё онҳо шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд ва ташкилотро паст мекунанд, оё маълумоти мазкур дуруст мебошанд.

2. Дар матбуот чоп кардан, ба воситаи радио, телевизион хабар додан паҳн кардани маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд ё ташкилот эътироф карда мешавад. Бо истифодаи дигар воситаҳои ахбори омма – баёнот, дар тавсифномаҳои судӣ, тавсияномаҳо, мактубҳо, суханрониҳои оммавӣ, изҳороти ба шахсони мансабдор нигарондашуда, ё хабарҳои дигар, аз ҷумла дар шакли шифоҳӣ ба чанд нафар одам ё ақаллан як нафар одам низ паҳн кардани маълумот эътироф мешавад. Танҳо ба одаме, ки хабар ба вай тааллуқ дорад, хабар додан паҳн кардани маълумот эътироф намешавад.

3. Маълумоте пасткунанда мебошад, ки шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд ё ташкилоти алоҳидаро дар назди афкори ҷамъиятӣ аз назари риояи қонунҳо, принсипҳои ахлоқии ҷамъият (масалан, дар бораи содир намудани амали беинсофона, рафтори ношоиста дар коллективи меҳнатӣ, дар оила; маълумоти пасткунандаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ, эътибор ва ғайра) паст нишон медиҳанд. Дар баробари он, даъвоҳо оид ба рад кардани маълумоти дуруст, танқиди камбудиҳои кор, рафтор дар маҳалли ҷамъиятӣ, коллектив, ҳаёт асоснок эътироф карда намешаванд.

4. Судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки чунин аризаҳои даъвогиро қабул накунанд, суд бошад наметавонад бо ишора ба он, ки масъалаи чоп шудани маълумоти пасткунанда дар маҷлиси коллективи меҳнатӣ муҳокима шудааст ва маълумоти чопшуда дуруст дониста шудааст, истеҳсолоти парвандаро қатъ кунад.

5. Талабот дар бораи рад кардани маълумоте, ки барои аз болои он шикоят кардан қонун тартиби муайянро пешбинӣ намудааст, дар суд баррасӣ карда намешаванд. Аз он ҷумла, маълумоте, ки дар қарорҳо ва ҳалномаҳои судӣ, қарорҳои мақомоти тафтишотӣ, қарорҳои судҳои рафиқона, дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ, даъвое, ки ба сабабҳои дар фармон навишташуда оиди аз кор озод кардани шаҳрванд дахл надорад (масалан, дар бораи ислоҳ намудани қайдҳои дар суратмаҷлис навишташудаи суханронии вай) ва ғайра низ дар суд баррасӣ карда намешаванд.

Баҳсҳои вобаста ба баҳо додани асарҳои илмӣ ё ба қарор дар бораи ғайри қобили амал будани корманд, рад кардани сабабҳои дар фармон навишташудаи аз кор озод кардан тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 7 КГ баррасӣ карда намешаванд. Вале, агар баҳо ё қарор бо далелҳое асоснок карда шуда бошад, ки дар байни онҳо маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори муаллиф, ё корманд мавҷуд бошад, пас вай ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 7 КГ рад намудани чунин маълумотро талаб кунад. Дар баробари ин худи баҳои асари илмӣ ё мӯҳтавои қарор дар бораи ғайри қобили амал будани кормандро суд баррасӣ намекунад, танҳо масъалаи маълумоте ҳаллу фасл карда мешавад, ки рад намудани онҳо талаб карда шудааст. Агар фармон дар бораи аз кор озод кардан дорои маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва эътибори шаҳрванд бошад ва ҳангоми баррасӣ намудани баҳси меҳнатӣ суд ба дурустии онҳо ишора накарда бошад, пас шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад рад кардани чунин маълумотро тибқи моддаи 7 КГ талаб кунад.

(Давоми маводи китобро бо пахш кардани нишонии зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:http://www.taj.nansmit.tj/publish/?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *