«Риъоят нашудани қонун ба эътибори Тоҷикистон латма ворид мекунад»

[b]Тоҷикистон ба хотири ҳифзи обрӯю манзалати худ қонунро нақз нахоҳад кард.[/b]

Ин суханонро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 18 июл, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард,дар робита ба қазияи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ гуфт.

Оқои Зарифӣ дар робита ба иддаъоҳои раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар бораи ворид шудани латмаи сахт ба эътибори давлати ин кишвар ба дунболи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд, гуфт: “Агар мо барои обрӯю манзалати худ гуфта, аз қонун берун шавем, аз ин кор зарари бештар мебинем”.

Дар ҳафтаи гузашта, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки боздошти як хабарнигори расонаи хориҷӣ бидуни далоили муҳкам, ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон латма ворид кардааст.

Аммо оқои Зарифӣ гуфт: “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озод аст. Алайҳи ҳар касе, новобаста аз кӣ будан, узви кадом ҳизб будан, ё дар кадом вазифа кор кардан ва ё аз кадом миллату нажод буданаш, дар сурати содир шудани ҷиноят парвандаи ҷинойӣ боз мешавад”.

Ӯ таъкид кард, дар қиболи Ӯрунбой Усмонов парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва вай ба ҳангоми собит шудани гуноҳаш муҷозот хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд, ки дар сурати собит шудани бегуноҳии ин хабарнигор “шахсоне, ки ба ин кор манфиъатдоранд ё гуноҳкор ҳастанд, бояд ҷавоб бидиҳанд”.

Ҳамзамон, Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки ҷараёни бозрасӣ дар қиболи Ӯрунбой Усмонов ҳеч гуна бадрафторӣ нашуда ва акнун оқои Усмонов то оғози ҷаласаи додгоҳ дар манзили худ ба сар хоҳад бурд.

Ӯрунбой Усмонов шоми панҷшанбеи 14 июл, пас аз як моҳи боздошт ба манзилаш баргашт.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки идомаи таҳқиқоти парвандаи Ӯрунбой Усмонов метавонад бидуни инзивоъи вай аз ҷомеъа сурат бигирад ва ба ин далел вай таҳти шароити «берун нарафтан аз қаламрави кишвар» аз боздошт озод шуд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме, ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуда буд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Ниҳоди бозрасии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид доштанд, оқои Усмонов дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ аст, мушорикат кардааст. Ҳамчунин, ин хабарнигори Би-би-сӣ тибқи модаи 36, қисми панҷи қонуни ҷазо, дар мусоъидат дар фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ мазнун дониста шудааст.

Тӯли замони боздошти ин хабарнигори Би-би-сӣ чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияҳое хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудаанд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи Додситонии кулли Тоҷикистон санади озодии Ӯрунбой Усмонов аз боздошт таҳти шароити вижа бо дархости раиси ҷумҳури ин кишвар имзо шудааст.

Ҳарчанд як рӯз қабл аз озодии машрути оқои Усмонов Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Хабарнигорони бидуни марз дар баёнияҳои худ унвонии мақомоти Тоҷикистон, гуфта буданд, ки бо поёни таҳқиқоти муқаддамотии парвандаи Ӯрунбой Усмонов ва ирсоли он ба додситонӣ, «дигар ҳеҷ далеле барои нигоҳ доштани оқои Усмонов дар боздошт вуҷуд надорад».

Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов дар авохири ҳафтаи гузашта гуфт: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем».

Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд”.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110718_mm_zarifi_urunboy.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *