Рӯзи интихоботи парлумон – 1 марти соли 2015 хадамоти мониторинги Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) як қатор ҳолатҳои нақзи озодии ВАО ва журналистонро ба қайд гирифт.
Дар рӯзи интихобот як ҳолати нақзи ҳуқуқи журналистон барои дастрасии баробари иттилоот мушоҳида гардид. Рӯзи 1 март журналистони расонаҳои мустақил бо мақсади инъикоси лаҳзаи раъйдиҳии Президенти ҷумҳурӣ ба қитъаи интихоботии №15, ки дар бинои мактаби №53 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд, ташриф оварданд. Аммо ба намояндагони ВАО мустақил ворид шудан ба дохили бинои қитъаи интихоботӣ муяссар нагашт. Ходимони умури амният ва муҳофизони президент ба ғайр аз наворбардорони телевизионҳои давлатӣ ва ширкати телевизион ва радиои «Мир» бо баҳонаи дар рӯйихат набудани номҳояшон намояндагони ВАО мустақилро нагузоштанд, ки вориди қитъаи интихоботӣ шавнд.
Маҳдудсозии ҳуқуқи журналистон дар ноҳияи дигари пойтахт низ мушоҳида гардид. Хабарнигори радиои «Озодӣ» Абдулло Ашӯровро бо баҳонаи дар даст надоштани иҷозатномаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ вориди қитъаи интихоботии №47 шудан нагузоштанд. Ҳол он ки журналист ба қитъаҳои дигари интихоботӣ бидуни иҷозатнома, озодона ворид мегардид.
Рӯзи интихобот DDOS-ҳамла ба як қатор сомонаҳои иттилоотии Тоҷикистон низ мушоҳида шуд. Директори иҷроияи Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Зебо Тоҷибоева ин ҳолатро тасдиқ намуд. «Рӯзи истироҳат (1 март) боз як ҳадя овард — тамоми субҳ мо ба муқобили ҳамла ба сомонаамон мубориза бурда истодаем», — навиштааст дар саҳифаи Фесбукиаш вай.
Шаби 1 март операторони телефонҳои мобилии Тоҷикистон хизматрасонии cms-паёмҳоро хомӯш карданд. Тибқи хабари оҷонсиии иттилоотии «Азия-Плюс», ба ғайр аз як оператори «Билайн» операторони дигар — Tсell, Megafon, Babilon хизматрасонии мазкур бо сабабҳои фаннӣ дастрас набуд. Аз Tсell хабар доданд, ки то ҳол дастрас шудан ё нашудани хизматрасонӣ ба мизоҷон маълум нест.
Оҷонсии иттилоотии «Алия-Плюс» дар бораи дигар ҳолатҳои хомӯш кардани хизматрасонии смс-паёмҳо низ хабар додааст. «Ширкатҳо аллакай 10 октябри соли гузашта вақте овозаҳо дар бораи дар Душанбе барпо гаштани намоиш паҳн гашт, ҳамин тавр хизматрасонии мазкурро қатъ намуда буданд, — қайд намудааст оҷонсӣ. – Хизматрасонии смс-паёмҳо баъд аз лағв гаштани овозаҳо худи ҳамон рӯз дубора фаъол гардонда шуд».
Аз тарафи одамони номаълум шикастани аккаунтҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифода бурдани онҳо ба манфиатҳои муғризона ҳам рӯзи интихобот ва ҳам як рӯз баъд аз гузаштани интихобот низ идома дошт. Субҳи рӯзи 2 март аз номи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, котиби матбуотии ҲНИТ дар Фейсбук «изҳороти баъдиинтихоботӣ» интишор гашт, ки дар он дар бораи он сухан меравад, ки маъракаи интихоботӣ «дар муҳити оромона ва ҳамдигарфаҳмӣ» барпо гашт.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, котиби матбуотии ҲНИТ ва номзад ба вакилӣ аз округи якмандатии Қумсангир субҳи рӯзи 2 март ба TojNews хабар дод, ки дар бораи изҳороти мазкур огоҳ аст, вале онро аз номаш одамони дигар пахш кардаанд. Тавре вай гуфт, «ӯ аллакай тӯли ду ҳафтаи охир ба саҳифаи Фесбукиаш дастрасӣ надорад, аккаунти вайро шикастаанд. Кӯшишҳояш дар бораи барқарор сохтани аккаунт натиҷа надодаанд, зеро рақами телефон ва почтаи электрониашро дар саҳифаи Фесбук иваз кардаанд».
Тавре TojNews хабар дод, дар арафаи интихобот шикастани аккаунти намояндагони ҳизбҳои мухолиф ва намояндагони ҷомеаи маданӣ ҳолати ягонаи шикастани аккаунт дар Фейсбук нест. Чанде муддат қабл аз ин Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруф аз вилояти Суғд ҳам хабар дода буд, ки саҳифаи Фейсбукиашро шикастаанд, вале вай аккаунташро дубора фаъол карданӣ аст.
«Саҳифаи ходими мазҳабии тоҷики муқими Ирон Сайиюнуси Истаравшанӣ низ дар тӯли муддати муайян бо сабаби шикастан фаъол нест, вале аз номи вай ҳар навъ изҳорот пахш менамоянд», — хабар додаст оҷонсии иттилоотӣ.
Бо мақсади муқаррар намудани манзараи умумии риояи ҳуқуқҳои ВАО ва журналистон дар рӯзи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон АМВАОМТ дар байни 35 нафар роҳбарони расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва байналмилалӣ назарпурсӣ анҷом дод.
Аз 35 нафар журналистони дар назарпурсӣ ширкатдошта 26 (74,3%) қайд намуданд, ки ҳуқуқҳои касбии онҳо дар рӯзи интихобот аз тарафи намояндагони қитъаҳои интихоботӣ ё мақомоти ҳифзи тартибот поймол карда нашудааст. Аз шумули дар пурсиш ширкатдошта 5 (14,3%) қайд карданд, ки ҳуқуқҳои касбии онҳо поймол гаштааст, 3 (8,6%) нафар пурсидашудагон дар маъракаи инъикси интихобот иштирок надоштаанд, танҳо 1 (2,9%) нафар иштирокчии назарпурсӣ хоҳиши ба саволҳои мо посух гуфтан надошт.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ