[b]Имрӯз, 17 майи соли 2011 аввалин семинари омӯзишӣ аз силсилаи семинарҳои ихтисосӣ барои журналистони ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои ВАО хабар доданд.[/b]
Узви Шӯро Рустами Ҷонӣ дар сӯҳбати кушоду ошкоро бо намояндагони радиоҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, ҳалли қазияҳо то додгоҳ мебошад.
Намояндагони радиоҳои «Ватан», «Имрӯз», «Азия плюс» ва телевизиони «СМТ» ба суолҳои сершумори худ перомуни риоя ва эътирофи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон посух пайдо карданд.
Тавре Раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов иттилоъ дод, дар назар аст, ки тӯли соли 2011 15 семинар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ваҳдат, Рашт гузаронида шавад. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо бештар ба маълумоти рӯзноманигорони минтақавӣ расонидани ҳадафҳои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба сифати тренер дар ин семинарҳо аъзои Шӯрои ВАО баромад мекунанд.
Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.