Дар шохиси озоди матбуот дар соли 2016, ки ахиран созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” интишор дод.
Тоҷикистон дар ҷойи 150 қарор гирифт. Дар гузориши ин созмон, ки таҳлили вазъи озодии баён ва матбуоти озодро дар 180 кишвари олам баррасӣ мекунад, гуфта мешавад, ки соли 2016 ҳолатҳои зиёди ҳамла ба журналистон, зери суол бурдани мустақилияти гузоришгарон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷойи аввал ин созмон се кишвари Аврупои Шимолӣ: Финландия, Ҳолланд ва Норвежро қарор додааст, ки сатҳи озодии матбуот баланд аст. Се зинаи поён ба Туркманистон (ҷойи 178), Кореяи Шимолӣ (ҷойи 179) ва Эритерия (ҷойи 180) тааллуқ гирифтааст.
Дар шохиси кишварҳои матбуоташон озод Қирғизистон дар ҷойи 85 қарор дорад, Тоҷикистон дар мақоми 150, Қазоқистон 160 ва Узбакистон дар ҷойи 166 қарор гирифтааст. Русия дар ин шохис дар ин шохис дар зинаи 148 ва Украина дар ҷойи 107 мебошад.
“Гузоришгарони бидуни марз” бонги хатар мезанад, ки созмонҳои динӣ ва давлатӣ бо мошинҳои таблиғотии худ беш аз ҳар вақти дигар болои журналистон фишор меоранд. Барои мисол ин созмон аз кишварҳое чун Туркия, Миср, Лаҳистон ва Тоҷикистон ном бурдааст, ки фаъолиятҳои расонаҳои хабариро маҳдуд кардаанд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/reytingi-ozodii-matbuot-tochikiston-dar-choyi-150-um-karor-girift