Имрӯз, 3 июн хабарнигорони васоити ахбори омма дар вилояти Суғд якҷоя бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилоят рейди муштарак ташкил намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин рейд пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ, интизоми ҳаракат дар роҳҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии пиёдагардон мебошад.
Дар РВКД-и вилояти Суғд хабарнигорон ба гуруҳҳо тақсимбандӣ карда шуда, бо кормандони шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва навоҳии Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен аз тарзи корбарии нозирони роҳ, муомилаи онҳо бо ронандагон, қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиётиро назорат ва бо сокинон сӯҳбат анҷом доданд.
Хабарнигори Faraj.tj якҷоя бо кормандони шӯъбаи БДА-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назди бозори «Сомон» рейд гузарониданд. Дар давоми бештар аз 1 соат чандин коидавайрокуниҳои ронандагону пиёдагардон ба қайд гирифта шуд.
Ҷамшед Ахмедов, командири взводи ШБДА-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, капитани милитсия гуфт, ки дар рейди мазкур якчанд қоидавайронкуниҳои дағал ошкор карда шуда, маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.
«Аз ҷумла, бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт, аз ташхиси техникӣ нагузаштан ва риоя накардани аломатҳои роҳ аз ҷониби пиёдагардон ба қайд гирифта шуд», — гуфт Ахмедов.
http://faraj.tj/news/9498-reydi-mushtaraki-zhurnaliston-bo-bda.html