«Растагорӣ» — маҷмӯаи нахустини Шодӣ Раҷабзод

Китоби аввалини рӯзноманигор ва нависанда Шодӣ Раҷабзод бо номи «Растагорӣ» ба табъ расидааст.

Китоби мазкур аз 210 саҳифа иборат буда, дар матбааи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Пешгуфтори китоби мазкур ба қалами олими маъруф, адабиётшинос, профессор Абдунабӣ Сатторзода тааллуқ дорад.

Дар пешгуфтори китоби мазкур профессор Абдунабӣ Сатторзода чунин нигоштааст: «Дар бист-бисту панҷ соли охир дар ҷомеаи тоҷик, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд омад… Шодӣ Раҷабзод ба сифати як нависанда ва рӯзноманигор кӯшиш намудааст, ки ин дигаргуниҳоро дар мисоли зиндагии деҳот ва деҳотиён дар ҳикоя, новелла, мақола ва очеркҳояш бо тамоми пастиву баландиҳо, печутоб ва мушкилиҳояш ҳақиқатнигорона бозтоб диҳад. Ӯ анҷоми кореро ба зимма гирифтааст, ки аксарияти мутлақи адибони муосири тоҷик, чи собиқадору чи навқалам, ё аз он канора мегиранд ва ё даст зада бошанд ҳам, ғолибан ба он яктарафа ва рӯякӣ муносибат кардаанд».

Мақолаҳои Шодӣ Раҷабзод дар мавзӯъҳои гуногун дар нашрияхои «Самак» ва «Фараж» пайваста нашр мешаванд.

Айни ҳол ӯ дар нашрияи «Омӯзгор» ба ҳайси мудири шӯъбаи ҳафтанома фаъолият дорад.

 

http://faraj.tj/news/12062-rastagor1251-ma1207m1263ai-nahustini-shod1251-ra1207abzod.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *