Расона ва пӯшиши ҳаводиси табиъӣ: Чиро мақомот монеъ мешаванд?

Бино ба гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ниҳодҳои зирабти давлати Тоҷикистон дар бештари маворид дар пӯшиши ҳаводиси табиъӣ ба хабарнигорон монеъ шуда ва аз додани иттилоъи лозим дар ин замина худдорӣ мекунанд.

Ӯғулой Мухторова, корманди ин созмон, ки рӯзи ҷумъаи 13 июн дар як ҳамоиш гузориши “Вазъи дастрасӣ ба иттилоъот ба ҳангоми ҳаводиси табиъӣ”-ро муъаррифӣ мекард, ба унвони мисол аз ҳодисаи ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ёдовар шуд.

Дар пайи ҷорӣ шудани сел ба рустои Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод дар моҳи апрели соли ҷорӣ 13 тан аз сокинон ҷон бохтаанд ва ба иқтисоди минтақа хисороти сангин ворид шуда буд.

Хонуми Мухторова бо истинод ба баёнияҳои Маҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори родиюи “Озодӣ” дар минтақаи Кӯлоб, Баҳриддин Сангинматов, хабарнигори маҳаллӣ, ва Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллии “Осиё-Плас” гуфт, ки ба хабарнигорон имкони дидор аз минтақаи осебдида ва суҳбат бо осебдидагон дода нашудааст.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали вуқӯъи ҳодиса хабарнигорон тавонистаанд аз Рамазон Неъматов, намояндаи кумитеи авзоъи фавқулъоддаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб иттилоъи аввалия дарёфт кунанд, аммо дар рӯзҳои баъдӣ масъули ин ниҳод аз суҳбат бо хабарнигорон канораҷӯйӣ кардааст.

Хабарнигорон зимни шикоят ба Анҷумани миллии рсонаҳои мустақил, маъруф ба Нансмит, гуфтаанд, ки дар наздикии маҳалли буду боши муваққати осебдидагони ҳодисаи табиъӣ ба раҳбарии Абдулваҳҳоб Искандаров, раиси идораи пулиси минтақаи Кӯлоб, Ҳабибулло Сафаров, муъовини ӯ ва Тоҷиддин Саидов, муъовини раиси бахши вазорати кишвар дар ноҳияи Шӯрообод посгоҳе ташкил шудааст.

Дар ин посгоҳ хабарнигороне, ки қасди мулоқот бо осебдидагонро доштанд, боздошт шуда, таҷҳизоти фаннӣ, назири дурбину дастгоҳи забти овози онҳо базӯр гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, афроди пулис хабарнигоронро таҳқир карда ва “Шумо Тоҷикистонро Укройн карда наметавонед!” гуфтаанд.

Ин гуна маҳдудият ҳодисаи тозае набуда, дар ҷараёни оташсӯзӣ дар бозори шаҳри Кӯлоб дар шаби 11 ба 12 январи соли ҷорӣ низ нерӯҳои пулис ба раҳбарии Абдулваҳҳоб Искандаров, раиси идораи пулиси минтақаи Кӯлоб, аз пӯшиши ин ҳодиса тавассути хабарнигорон монеъ шудааст.

Маҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори родиюи “Озодӣ” дар минтақаи Кӯлоб, гуфтааст, ки ба ӯ имкони суҳбат ба осебдидагон дода нашудааст.

Ҳангоми қатли Умар Қаюмов, сардори боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб низ аз додани иттилоъ ба хабарнигорон худдорӣ шуда ва пулис гуфтааст: “Равед ҷузъиёти ҳодисаро аз мурда бипурсед.”

Дар ҳаводиси солҳои қаблӣ низ хабарнигорон ба чунин мушкилоте мувоҷеҳ шуда буданд. Ҳатто ба кормандони нашрияи “ИмрӯзNews” ва родию “Имрӯз” иҷозаи тавзеъи кумаки башардӯстона ба осебдидагони ноҳияи Хуросон дода нашудааст. Гуфтаанд, ки “кумакро дар қароргоҳ гузоред, мо худамон тавзеъ мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 6-и Қонуни “Сирри давлатӣ”, ҳаводиси ҷорӣ шудани сел, оташсӯзӣ ё тазоҳурот дар феҳристи итилоъоти сиррӣ ё маҳрамонаи давлатӣ дарҷ нашудаанд.

Мунтақидон мегӯянд, ки мақомоти давлатӣ бо монеъ шудан аз кори хабарнигорон дар замони вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ ба ҷомеъа «хидмати хирсона» мекунанд. Зеро дар сурате ки ҳаводиси табиъӣ ба таври сареъу ва дақиқ дар расонаҳо пӯшиш наёбад, осебдидагон аз кумакҳои зарурӣ ва таваҷҷуҳи ҷомеъа ба мушкилоташон маҳрум мемонанд.

Дар натиҷа, кумак ва таваҷҷуҳе, ки мумкин аст ҷони чанд нафарро дар шароити вуҷуӯъи ҳаводиси табиъӣ наҷот бидиҳад, ба хотири мамонеъати ҷоҳилонаи маъмурони амниятию пулис ва мансабдорони дигари маҳаллӣ ба осебдидагон саривақт намерасад.

Аз сӯйи дигар, бар асоси Қонуни “Матбӯъот ва дигар расонаҳо” хабарнигорон метавонанд бо корти хабарнигорӣ дар маҳалли ҳаводиси табиъӣ ё тазоҳурот ҳозир шуда, наворбардорӣ, аккосӣ ва гузориш таҳия кунанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва вазорату идороти давлатӣ, ки дар муъаррифии ин гузориш ширкат доштанд, ба навбаи худ хабарнигоронро ба надоштани саводи кофии ҳуқуқӣ ва нақзи қавонини Тоҷикистон ба ҳангоми пӯшиши ҳаводиси табиъӣ муттаҳам карданд.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бархе аз хабарнигорону расонаҳои мустақил наметавонанд дар чорчӯби муқаррароти расмӣ барои дарёфти иттилоъ дархост пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин, Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитеи дин ва танзими маросими Тоҷикистон иддиъои нашрияи “Asia-Plus”-ро рад кард, ки гуфта мешавад ин кумите аз пазируфтани дархости нашрия ба забони русӣ имтиноъ ҷустааст.

Ба гуфтаи оқои Муқим, хабарнигори ин нашрия хостори мусоҳиба бо Абдураҳмон Холиқов, раиси Кумитеи дин ва танзими маросими Тоҷикистон шуда, вале ӯ дар сафари хидматӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба натиҷаи як назарсанҷии Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар миёни 63 хабарнигор ва коршинос, вазоратҳои умури дохила, беҳдошт, маъориф, Додситонии кулл, нерӯҳои марзбонӣ, Ожонси мубориза бо фасод, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ва дастгоҳи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳодҳое хонда шудаанд, ки дарёфти иттилоъ аз онон душвор аст.

Дар ин ҳамоиш пешниҳод шуд, ки дар сурати набудани фурсат барои таҳияи сареъи посухи катбӣ ё хаттӣ ба дархости хабарнигор ё нашрия ин иттилоъ аз тариқи пусти электрунӣ ё имейл ирсол шавад. Дар ин замина ба таҷрубаи шаҳрдории Душанбе ишора шуд, ки дар солҳои ахир аз ин тариқ ба дархостҳо посух медиҳад.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/06/140613_mm_press_meeting.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *