“Расонаҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври манфӣ муъаррифӣ мекунанд”

Як масъули давлати Тоҷикистон гуфт, бархе аз расонаҳои хориҷӣ огоҳона ба симои (имиҷ) байналимлалии ин кишвар латма ворид мекунанд.

Маҳмадшариф Бобошоев, мушовири калони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 19 сентябр, дар нишасте зери унвони «Мушкилоти муъаррифии имиҷи Тоҷикистон дар ВАУ-и байналмилалӣ» сӯҳбат мекард, гуфт: «Бархе расонаҳои хориҷӣ дидаю дониста факту рақам ва ҳаводиси Тоҷикистонро таҳриф карда ва Тоҷикистону мардуми онро аз ҷиҳати манфӣ муъаррифӣ мекунанд.»

Оқои Бобошоев ба унвони мисол аз матолиби нашрияҳо ва расонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар бораи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ёдовар шуд, ки ба таври огоҳона ва муғризона ба эътибор ё симои Тоҷикистон латма ворид карда ва «барои ин амали худ аз хоҷагони худ мукофот мегиранд.»

Вале мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳеч расона ё давлати хориҷӣ ном набурд.

Ӯ гуфт, ин нашрияҳо ва сойтҳои интернетӣ, аз ҷумла, сойти «сентразия.ру» матолиби ҷавобӣ ё посухи расмии давлати Тоҷикистонро ба матолиби интиқодӣ ё иғвоангез мунташир намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, раҳбари Маркази таҳлилии «Бозтоб» гуфт, мушкили хадашадор ё доғдор шудани симои байналмилалии Тоҷикистон умдатан аз авомили дохилӣ маншаъ мегирад.

Ба гуфтаи оқои Мирзо, мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ тавассути авомили дохилӣ, назири фасоди густарда, қочоқи маводди мухаддир, нақзи ҳуқуқи башар, низоми худкома ва иқтисоди варшикаста ба ҷаҳониён муъаррифӣ мешавад.

Ӯ гуфт, давлати Тоҷикистонро лозим аст барои беҳбуди симо ё имиҷи худ авомили дохилиро ислоҳ карда, ҳаводиси номатлуби фасоду қочоқи маводди мухаддирро муҳор кунад.

Ба эътиқоди Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои Васоити ахбори умуми Тоҷикистон, расонаҳои ин кишвар барои эҷоди симо ё имиҷи дохилӣ хидмат карда ва родию ва телевизиюни давлатӣ дар ин замина ба ҳадди иғроқ ҳам расидаанд.

Оқои Шарифзода ба мадҳу санои фаровони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизиюни ин кишвар ишора кард, ки «ин амал ба ҷои имиҷсозӣ мардумро аз ин шахсият хаста сохтааст.»

Ӯ гуфт, чунин ба назар мерасад, ки давлати Тоҷикистон худ ба беҳбуди симо ё имиҷаш алоқаманд набуда ва дар ин замина гоми мушаххасе набардоштааст.

Раиси Шӯрои ВАУ гуфт: «Масалан, давлати Тоҷикистон аз ҳаққи муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки гуфта мешавад беш аз 1 милюн нафар ҳастанд, дифоъ намекунад, пас чаро муҳоҷирон барои беҳбуди имиҷи ин кишвар талош кунад. Ҳатто ба онҳо иҷоза надоданд, ки барои пешниҳоди номзади президентӣ имзо ҷамъоварӣ кунанд.»

Дар ин ҳамоиш, ки ба ибтикори «Минбари халқ», нашрияи Ҳизби ҳокими халқи демукрот, созмони «Медиа Консалтинг» ва Сандуқи «Фредрих Эберт»-и Олмон баргузор шуд, роҳҳои беҳбуди симои байналмилалии Тоҷикистон матраҳ гардид.

Аз ҷумла, аз расонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон даъват шуд, то ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва арабӣ дар мавриди дастовардҳо ва мавзеъҳои таърихию ҷаҳонгардии Тоҷикистон матолиб мунташир кунанд.

Аммо Қироншоҳ Шарифзода гуфт, ки рисолати расонаҳою нашрияҳо пӯшиши воқеъбинона ва мунсифонаи ҳаводису рӯйдодҳои Тоҷикистон аст, на имиҷ ё симосозии ин кишвар.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР» гуфт, чанд соле қабл ба дастури Президент Раҳмон тадорукот барои таъсиси Маркази имиҷсозӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, аммо то ба ҳол чунин марказ таъсис нашудааст.

Оқои Мизроб пешниҳод кард, чун дар кишварҳои урупоӣ давлати Тоҷикистон низ аз расонаҳо ва нашрияҳои мустақил ҳимояти молӣ кунад, то ин расонаҳо тавонанд дар раванди симосозии Тоҷикистон саҳми фаъъол бигиранд.

Аз сӯйи дигар, дар ин ҳамоиш ба давлати Тоҷикистон тавсия шуд, барои тарбияти хабарнигорони ҳирфаии сатҳи байналмилалӣ ва беҳбуди симои ин кишвар дар кишварҳои хориҷӣ маболиғи лозимӣ тахсис диҳад.

Таъкид шуд, ки ба ин манзур Омрико ҳамасола 2 милёрд дулор ва Арабистони Саъудӣ 6 милёрд дулор масраф мекунанд.

Алишер Усмонов, милёрдери ӯзбаки муқими Русия дар симосозии Ӯзбакистон дар расонаҳои Русия мусоъидат мекунад.

Ҳамчунин, ба давлати Тоҷикистон пешниҳод шуд, ба манзури муқобала бо ҳамалоти лафзӣ дар сойтҳои интернетии кишварҳои хориҷӣ ба мисли “сентазия.ру” ё «фергана.ру» ба забони русӣ сойтҳои хабарии интернетӣ таъсис кунад.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130919_mm_media.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *