Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарияш ба хабарнигорони вилояти Хатлон гуфт, ки аз таҳдидҳои ҷавонони тоҷике, ки дар Сурия менҷанганд натарсед ва бар зиди онҳо мақолаҳои зиёд нависед.
Давлатшо Гулаҳмадзода, дар ҳоле ба журналистон дар мавриди мақолаҳои навиштаашон бар зидди ҷавонони тоҷики дар Сурия буда ташаккур кард, ки Аҳмади Иброҳим, сармуҳарири ҳафтаномаи мустақили “Пайк” дар мавриди як зангӣ телефонии як гурӯҳи ҷавонони Кӯлоб, ки дар Сурия бар зиди режими Башор Асад меҷанганд хабар дод.
Аҳмади Иброҳим дар нишасти раиси вилоят, ки мақомоти қудрати ҳузур доштанд, аз таҳдидҳои ҷавононе, ки дар Сурия ҳастанд изҳори ташвиш кард, Давлатшо Гулаҳмадзода гуфт, ки онҳо коре карда наметавонад ва хабарнигорон ба навиштаҳои худатон идома диҳед.
Ҳафтаномаи “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб ягона ҳафтаномаи мустақил дар Хатлон аст, ки дар ҳар шуморааш ҷавононеро, ки дар Сурия ҳастанд танқид мекунад, ки он ҷавонон рӯзи 6 январ ба Аҳмади Иброҳим занг зада гуфтаанд, ки дигар ҷавонони дар Суриябударо танқид накунад, ки ӯро мекушанд.
Тибќи хабари пракратураи вилояти Хатлон, 24 ҷавон аз вилояти Хатлон дар Сурия меҷанганд, ки нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Хабарнигори мониторинги АМВАОМТ.