Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, 90 дарсади матбуоти даврии кишвар ба буҳрон мувоҷеҳ шудааст. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 4 декабр аснои суханронӣ дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО зикр намуд.
Ба қавли оқои Қаршибоев, теъдоди нашри аксари ҷаридаҳо аз 30 то 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Раиси Шӯрои ВАО таъсири буҳрони молӣ, мушкил дар паҳн кардани нашрияҳо ва камранг будани бозори реклама дар Тоҷикистонро далелҳои аслии ин мушкил хонд.
Созмони ҷамъиятии “Медиа консалтинг” ахиран дар пайи як назарсанҷӣ эълон кард, буҳрони молӣ ва худсонсурӣ ба бозори матбуот дар Тоҷикистон зарба зада, нашрияҳо 50 дарсади хонандаҳони фаъоли худро аз даст додаанд.
http://www.ozodagon.tj/24368-raisi-shroi-vao-90-darsadi-matbuoti-davr-ba-buron-muvoe-shudaast.html